Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот МУЛОҚОТ ВА ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БАЙНИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ ГЛОБАЛӢ ВА СТРАТЕГИИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН
+++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм +++ ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон +++ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» иштирок намуданд +++ Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия +++ Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия +++ Таъиноти кадрӣ +++ ТАНОСУБИ ҚУВВАҲО ДАР АФҒОНИСТОН: СУЛҲХОҲОН ВА ҶАНГҶӮЁН +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз223
mod_vvisit_counterДирӯз903
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1990
mod_vvisit_counterДар ин моҳ23354
mod_vvisit_counterҲамагӣ1625968
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Mайи
22
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МУЛОҚОТ ВА ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БАЙНИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ ГЛОБАЛӢ ВА СТРАТЕГИИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН

27.08.2018

Имрӯз, 27 августи соли 2018, дар доираи сафари ҳайати расмии Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқоти роҳбарони Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон бо роҳбарият ва ҳайати кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маросими имзои Ёддошти тафоҳум аз ҷониби роҳбарони ҳар ду Марказ баргузор гардид. Қабл аз мулоқот байни ҳайати роҳбарони Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Покистон ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон музокироти расмӣ доир гардид. Дар ин музокирот дар бораи тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи байни ин ниҳоди муҳими давлатӣ сухан рафт ва таъкид карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ду кишвари муҳими минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд ва ин ду давлатро муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангиву маънавӣ аз замонҳои қадим ба ҳам мепайвандад. Аз ин рӯ, имзои Ёддошти тафоҳум байини ин ду Марказ муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистонро ба сатҳи баланд мебардорад, ки ба манфиати ду давлати дӯсту ҳамсоя мебошад.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ҳамоишро ифтитоҳ намуда, меҳмонони олиқадри покистониро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфт ва ҳайати меҳмононро ба ҳозирин шинос намуд ва қайд кард, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси яке аз ниҳодҳои таҳлилӣ ва машваратии кишвар бо мақсади амалишавии стратегияҳои давлатӣ ва такмили механизми сиёсати дохилию хориҷӣ ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам фаъолият менамояд ва дар бораи самтҳои асосии корҳои илмию тадқиқотӣ мухтасаран иттилоъ дод. Сипас сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ Абдураҳмон Қурбонов, сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ Тоҳирхон Баротов, сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ Ҷаҳонафрӯз Даринг, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодӣ Ғафур Расулов, муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ Саидхоҷа Акбаров, муовини сардори Раёсати таҳлдил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ Имомназар Ҳақназар, муовини сардори Раёсати таъминоти иттилооотӣ Зубайдулло Давлатов, муовини сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ Нарзулло Сангинов дар бораи самтҳо ва натиҷаҳои фаъолияти илмию пажӯҳишии раёсатҳои худ мухтасаран маълумот ироа намуданд.

Баъдан маросими имзои Ёддошти тафоҳум (Меморандум) байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид. Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ва аз ҷониби Покистон Президенти Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Сайид Холид Амир Ҷаъфарӣ дар зери Ёддошти тафоҳум ба таври тантанавӣ имзо гузоштанд.

Баъдан Президенти Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон, генерал-майори мутаъфӣ, ҷаноби Сайид Холид Амир Ҷаъфарӣ, сардабири рӯзномаи "Daily Herald Tribune" ва узви калони Раёсати мушовараи Маркази омӯзиши глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Ғулом Акбар, директори иҷроияи Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон, подполковники мустаъфӣ Холид Темур Акрам дар бораи самтҳои асосии фаъолияти ин ниҳоди давлатии худ маълумот доданд. Онҳо таъкид карданд, ки Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон аз бузургтарин ниҳодҳои иллмию пажӯҳишӣ маҳсуб ёфта, барои роҳбарони олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон маводу гузоришҳои таҳлилӣ дар бораи вазъи сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии минтақаи Осиёи Марказӣ пешниҳод менамояд. Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Исломии Покистон метавонад бо Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда дар соҳаи амнияти минтақавӣ, хатари терроризм ва экстремизм, иқтисодиёту соҳибкорӣ ва туризм тадқиқоти муштарак анҷом диҳад.

Сипас дар байни ҳайати расмии Ҷумҳурии Покистон байни кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор ва саволу ҷавоб ҷараён гирифт. Дар охир директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холикназар ҳамоишро натиҷагирӣ ва ҷамъбаст намуд. Дар байни ду ҳайат супоридани туҳфаҳои хотиравӣ сурат гирифт.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон