Асосӣ: Маркази матбуот КОНФРОНСИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "БАХШИ ХУСУСӢ: ВАЗЪ ВА ДУРНАМОИ РУШД"
+++ Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия +++ Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия +++ Таъиноти кадрӣ +++ ТАНОСУБИ ҚУВВАҲО ДАР АФҒОНИСТОН: СУЛҲХОҲОН ВА ҶАНГҶӮЁН +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанги деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи маҷмааи варзиши Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими «Корвони наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили ҷашни Наврӯз +++ Манфиати абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ: «ҳамкорӣ ё рақобат» +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз171
mod_vvisit_counterДирӯз357
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2642
mod_vvisit_counterДар ин моҳ13096
mod_vvisit_counterҲамагӣ1595797
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Апрели
19
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

КОНФРОНСИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "БАХШИ ХУСУСӢ: ВАЗЪ ВА ДУРНАМОИ РУШД"

20.08.2018

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи низоми доимоамалкунандаи муҳокимаю машваратҳои васеи самаранок доир ба масъалаҳои стратегии рушди кишвар 20 августи соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи "Бахши хусусӣ: вазъ ва дурнамои рушд"-ро баргузор намуд. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, иштирокчиёни нишасти илмию амалиро хайрамақдам гуфт ва зимни суханронӣ зикр кард, ки рушди бахши хусусӣ барои баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардум ва пешрафту рушди устувор аҳамияти калон дорад.

Рушду инкишофи ояндаи дарозмуддат ва устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мубоҳисаҳои коршиносӣ доир ба самтҳои калидии рушду пешрафт дар бахши хусусӣ ва пешниҳоди шароити мусоид барои мубоҳисаи асоснок ва мубодилаи афкор доир ба ҷанбаҳои калидии рушду пешрафти соҳибкорӣ масъалаҳои калидие мебошанд, ки дар нишасти имрӯза мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор хоҳанд гирифт. Аз ин рӯ, баргузории ҳамоиши имрӯза ва баррасии мавзӯи "Бахши хусусӣ: вазъ ва дурнамо" хеле муҳиму мубрам мебошад ва умед дорем, ки нишасти имрӯза барои тавсеаи минбаъдаи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бахши хусусӣ дар кишварамон мусоидат хоҳад кард.

Ҳамин тавр, бахши аввали Конфронс таҳти унвони "Гузориши умумии вазъи рушди бахши хусусӣ ва фазои соҳибкорӣ" ба кори худ шурӯъ намуд. Дар назди ҳозирин муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муминова дар мавзӯи "Самтгирии стратегии рушди бахши хусусӣ дар кишвар", корманди Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Абдуғаффор Рауфӣ дар мавзӯи "Ташаккул ва рушди бахши хусусӣ дар кишвар", мушовири калони иқтисодии Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳра Маҷонова дар мавзӯи "Содагардонии расмиёти танзими фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", муовини директори Муассисаи давлатии рушди соҳибкорӣ дар кишоварзӣ Ҳусейн Каримов дар мавзӯи "Масъалаҳои тиҷораткунонии соҳаи кишоварзӣ", муовини сардори Раёсати низоми иҷозатдиҳии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Яздонзода дар мавзӯи "Ислоҳот дар соҳаи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ", сармутахассиси МДФДС назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодмон Саъдиев дар мавзӯи "Раванди дастгирии молиявии фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҷудо намудани қарзҳои имтиёзноки давлатӣ" суханронӣ намуданд. Сипас ҳозирин пиромуни маърӯзаҳои ироашуда фикру андешаҳои судманд иброз намуданд.

Бахши дуюми Конфронс таҳти унвони "Масъалаҳои мушахасси дастгирии рушди бахши хусусӣ ва фазои соҳибкорӣ" кори худро идома дод. Ҳозирин маърӯзаҳои мутахассиси пешбари КВД "Тоҷинвест"-и назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонулло Ҳасановро дар мавзӯи "Ҷалби сармоягузорон ва соҳибкорон ба рушди соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ", сардори Раёсати такмили қонунгузории андоз ва санадҳои меъёрири андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотамбек Ҳотамовро дар мавзӯи "Имтиёзҳои андозӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ дар доираи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ", муовини сардори Раёсати Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзомулло Абдуллоевро дар мавзӯи "Фаъолияти мақомоти гумрук дар пешбурди механизмҳои руди соҳибкорӣ ва самтҳои он" бо мароқ шуниданд ва атрофи онҳо ибрози назар намуданд.

Ҳамин тавр, дар доираи бахшҳои ҳамоиш мавзӯъ ва ҷанбаҳои зерини рушди устувори бахши хусусӣ: вазъ ва дурнамои он мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтанд:

• вазъ, тамоюл ва чолишҳо дар фаъолияти соҳибкорӣ,

• масъалаҳои маъмурикунонии рушди фаъолияти соҳибкорӣ,

• ҷанбаҳои соҳавию минтақавӣ дар соҳаи соҳибкории хурду миёна,

• тамоюлҳо дар сиёсати пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ,

• механизмҳои дастгирии рушду пешрафти соҳибкорӣ,

• ислоҳототи иқтисодӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ,

• дастрасӣ ба замину маблағ ва иншоот барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ,

• коррупсия ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ.

Конфронсро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муминова ҷамъбасту натиҷагирӣ кард ва ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Маркази матбуоти МТС-и назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон