Асосӣ: Навигариҳо АЗ ДИЁНАТ ТО ХИЁНАТ
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз572
mod_vvisit_counterДирӯз2074
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта8024
mod_vvisit_counterДар ин моҳ22515
mod_vvisit_counterҲамагӣ1387573
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Ноябри
16
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АЗ ДИЁНАТ ТО ХИЁНАТ

14.08.2018

«Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиори диниву мазҳабӣ сурат мегиранд, ба дини мубини ислом иртиботе надоранд, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд. Мубориза бо терроризм ва экстремизм муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд».

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 январи соли 2016

Тоҷикистони тозабунёдро баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, ҳизбу гурӯҳҳои гуногуни манфиатҷӯ тавонистанд, ки бо талошҳои ғаразонаи худ ба гирдоби мушкилоти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ, хатарҳои ҷиддии аз байн рафтани давлати тоҷикон гирифтор намоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввали роҳбарии давлатро ба душ гирифтанаш, тамоми кӯшишу заҳмати худро тариқи нишастҳои мусолиҳатомез барои сарҷаъмӣ ва барқарории сулҳу суботи сартосарии кишвар сафарбар намуд.

Баъди ба имзо расонидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон мақсаду кӯшишҳо таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ба он равона гардида буд, ки ба иззати нафси роҳбарони ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби Наҳзати Исломӣ, афроди мухолифи роҳгумзада, фурӯхташуда, ҷиноят содиркада нарасанд, аз амали кинаю низоъангези онҳо ёдовар нашаванд, дарду алам захмҳои падарону модарони аз лиҳози рӯҳию равонӣ азият кашидаро бори дигар бедор накунанд, фитнаю кудуратро аз нав зинда накарда, аҳду паймон нашикананд ва худро байни ҷомеаи ҷаҳонӣ шармсор насозанд.

Инчунин, дар ин раванди сулҳ олимону коршиносони сиёсӣ, рӯзноманигорону мунаққидони кишвар низ иқдомҳои одилонаи Сарвари давлатро танҳо ба хотири расидан ба ин мувофиқа, якдигарфаҳмӣ, нашикастани талаботи аҳдномаро риоя кардан, камбудию хиёнаткориҳои содиркардаи Ҳизби Наҳзати Исломӣ чашм пӯшиданд ва нахостанд, ки бори дигар ба ҳаёти осоиштаи халқи азияткашидаи худ фитнаи нав ё алангаи оташ ангезанд.

Ҳуҷатҳои зиёди тасдиқкунандае аз фаъолияти ин Ҳизби Наҳзати Исломӣ мавҷуданд, ки бо дастгирии хоҷагону маблағгузорони хориҷиашон Ҷумҳурии Исломии Эрон, кишварҳои Араб ва ғайра ба сари мардуми тоҷик на танҳо ҷанги шаҳрвандӣ куштору харобиҳои гарон, балки мухолифатҳои гуногуни мазҳабиро низ ба бор овардаанд. Аз ин хотир, банда низ шоҳиди зиндаи ин роҳи тайкарда буда, ходисаҳои рухдодаро бо чашми худ дидаам, аммо барои риояи инсонгарӣ, муттаҳиди ҳама қишри ҷомеа, якпорчагии кишвар дар қатори дигарон сабру таҳамулро пеша карда будам.

Агар паҳлуҳои таърихи фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломӣ пурра шарҳу тавзеҳ дода шавад, ҳар як фарди ҷомеаро бетараф гузошта наметавонад. Ҳар як шаҳрванд аз диди назар мушоҳидаи ба амал омадани ин бесарусомониҳо хиёнату аҳдшиканиҳои кардаашон гуфаниҳои зиёде доранд. Дар ин самти тақдирсози ояндаи давлату миллат бетарафиро пеша кардан, хиёнат ба таърих ва ояндаи дурахшони халқи тоҷик буда, бахшиданашавандааст. Мушкил аст, ки аз кадом хиёнаткориҳояшон ёдовар шавем.

Як бахши хиёнаткориҳои ТТЭ ҲНИ

Агар ба гузаштаи роҳи тайкардаи фаъолияти ин ҳизби террористии ифротгаро ва роҳбарони он назаре андозем, ҳар як фарди ҷомеа тасдиқ менамояд, ки чунин мусибатҳои гушношунидро ба монанди талоши мухолифатандозӣ, ангехтани кинаю адоват, ба бор овардани садҳо куштор, тороҷи моликияти ҷамъиятиву давлати аз худ кардани муассисаю корхонаҳои давлатӣ ба миқдори миллионҳо доллар, овардани зарари гарон ба иқтисодиёти кишвар, мусибати гарони рӯҳию равонӣ ба ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон, ангехтани ихтилофи мазҳабӣ, маҷбуран бор кардан ақидаҳои хурофотпарастии бегона ба сари ҳар як оилаи тоҷик, маҳз аз ҷониби роҳбарони Ҳизби Наҳзати Исломӣ ба амал омадааст.

Таҳлилҳо дар самти чигунагии фаъолияту хиёнати ҲНИ нишон медиҳанд, ки чӣ тавр вазъи номусоидро аъзои он дар давраи гузариш ба зиндагии осоиштаи мардум ба бор овардаанд. Имрӯзҳо бо дастгирии хоҷагони худ, дар дохилу хориҷи кишвар барномаҳои худро пардапӯшона амалӣ карда истодаанд.

Тариқи шахсиятсозӣ роҳбаронашонро дар истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ саҳмгузор меҳисобанд. Мардуми озодандеши кишвар бояд донанд, ки Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ бо намояндагони тамоми гурӯҳҳои мухолифи кишвар, яъне Иттиҳоди мухолифини тоҷик баста шуда буд, на бо Ҳизби Наҳзати Исломӣ, ки нақши алоҳидае дар бастани ин аҳду паймони таърихи дошта бошанд.

Худ қазоват кунед, чунин, барномаю иқдоми пешгирифтаи онҳо ба кадом ҳақиқати роҳи тайкарда рост меояд, ин мавзӯъ шарҳи бештари таҳлили олимону сиёсатмадоронро талаб менамояд.

Дар қишварҳои ҷаҳон, ҳодисаҳо ва муносибатҳои гуногуни ба ҳам зид, муқовиматомезу моҷароангез ба зиндагии осоиштаи мардум таъсири ҷиддӣ расонида истодааст.Чунин вазъи хатарзо заруратеро ба миён овардааст, ки мақсаду маром ва талошҳои хусуматомези гурӯҳҳои мухолифи ҲНИ ва ҷонибдорони онҳо кушоду равшан таҳлилу санҷида шуда, ошкоро ба мардуми кишвар шарҳ дода шаванд.

Омилҳои гуногуни айнию зеҳнии мавҷуда, ки пайравони ТТЭ ҲНИ аз онҳо ҳамчун такягоҳ ва фишанги амалкардҳои худ истифода мекарданд.

Таърихи фаъолияти ҲНИ ва пайравонаш сароғози моҷароҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳисобида мешавад. Барои шиносоии пурра пайдо кардани хонанда, баъзе паҳлуҳои он каме шарҳ дода мешавад.

Якум, солҳои бозсозӣ дар соҳаи идеологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти хатарзо ба вуқуъ пайваст, ки рӯҳияи сиёсии мардумро ба нобоварӣ ва гароишҳоро нисбат ба сохтори мақомоти роҳбарикунандаи ҳокимияти давлатӣ вусъат бахшида, заминаи мусоиде барои фаъолияти гурӯҳҳои тундрави ифротгаро фароҳам овард.

Дар байни идеологияи коммунистӣ ва ба он мухолиф, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсию ҷамъиятӣ таъсис ёфта ба фаъолият шуруъ намуданд, ки ба ном дар қолаби “демократӣ” муборизаи ошкорои оштинопазиро оғоз намуданд. Дар ин давра даҳҳо ташкилоти гуногуни ҳизбӣ, созмонҳои ҷамъиятию фарҳангии ақалиятҳои миллӣ ташкил шуда, ба фаъолияти бесарусомона шурӯъ намуданд, ки манбаъи низоъи ҷомеа гардида, вазъи сиёсиро пайваста бесубот гардонида, сабабгори тарк намудани теъдоди зиёди мутахассисони варзидаи миллату халқиятҳои дар кишвар истиқомат дошта гардид.

Роҳбарони ҲНИ маблағҳои аз давлатҳои исломӣ ҷалб кардаашонро истифода карда, маккорона сарварии ҳизбу ҳаракатҳои номбурдаро ба дасти худ гирифта, дар зери ниқоби ғояҳои демократӣ сиёсати ҷудоиандозӣ, миллатгароӣ ва бунёдгароиро барнома ва оиномаи худ гардонида, миллати ягонаи орому осоиштаро ба гурӯҳу табақаҳои гуногун ҷудо намуда, ба муқовимати шаддиди минтақавӣ ҷанги шаҳрвандӣ бо истифодаи силоҳ сафарбар намуданд.

Роҳбарони ҲНИТ дар қолаби ғояҳои поки динӣ мубини ислом, татбиқи барномаҳои авомфиребона моҷароҷӯёнаи аз хориҷи мамлакат нусхабардору ворид кардаашонро ба роҳ монда, тафаккури мардуми орому осоиштаро заҳролуд карда, ба издиҳому майдонишиниҳои давомнок сафарбар намуданд. Дар натиҷа онҳо бо истифодаи чунин усул дар як мудати кӯтоҳ тавонистанд, оммаи мардуми роҳгумзадаро тобеи ғояҳои Ҳизби Наҳзати Исломӣ муттаҳид гардонида, ба тарғибу ташвиқи бунёди “ҷумҳурии исломӣ”, дар пояи падидаҳои ифротгаро сафарбар намоянд. Тавре шоир гуфтааст.

Дар дил чу каҷист, рӯй бар хок чӣ суд?

Чун корд ба дил расид, тарёк чӣ суд?

Ту зоҳири худ ба ҷома пок сохтаӣ,

Дилҳои палиду ҷомаи пок чӣ суд,

Дуюм, дар оғози давраи бозсозӣ аксари бошандагони кишвар ва минтақаи он бо ҳиссиёти баланди шаҳрвандӣ раванди бозсозию демократияро пазируфта буданд, умеду орзуи зиёде доштанд, ки дар ин замина тараққиёти минбаъдаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангиро бо таҳрезиҳои диди нав такмилу густариш медиҳанд. Дар ин ҷараёни тағйирёби вазъи муташанниҷ мебоист шуури сиёсӣ, фарҳанги миллии одамон низ ба зинаи нави инкишофи худ такмилу сайқал меёфт. Вале дар амал натиҷаҳои он ғайричашмдошти умеду орзуҳои мардум бо дасисаи роҳбарони Ҳизби Наҳзати Исломӣ шакли дигар гирифта он нақшаи таҳрезишуда, ҷомаи амал напушид.

Сеюм, яке аз хиёнати асосии роҳбарияти ҲНИТ ба вуқуъ пайвастани моҷароҳои сиёсӣ, оғози муноқишаҳои дохилию минтақавии ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад, ки харобиҳои гарони ҷонию молӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро ба вуҷуд оварда, ба тафаккури сиёсӣ, рӯҳияи ақидатии мардуми кишвар таъсири ислоҳталабро боқӣ гузошт.

Ин раванди бесарусомонӣ аз соли 1990 то соли 2000 идома ёфта, ба тафаккури ақидатии мардум таъсири манфии худро расонида тавонист. Муҳити ҷойдошта муносибати одамонро барои фаъолияти самаранок, риояи қонунҳои танзимкунанда, талошҳо баҳри рушди ҳаёти солими сиёсии ҷомеа, бунёдкориву созандагӣ, хеле коста гардонид. Чунин муҳити ноустувор сабабгори тороҷ гардидани моликияти давлатию ҷамъиятӣ, рӯ ба таназзул овардани рушди тамоми соҳаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ каммаҳсул гардидани тамоми маҳсулоти соҳаҳои гуногуни саноатӣ, аз он ҷумла соҳаи кишоварзӣ гардид, ки то имрӯз роҳи ҳалли пурраи ислоҳи худро пайдо накардааст.

Чорум, дастаҳои силоҳбадасти Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ солҳои зиёд шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Рӯдакӣ, Файзобод ноҳияҳои минтақаи Рашт ва ноҳияҳои ВМКБ-ро, зери таъсири режими идеологияи ифротгарои худ нигоҳ доштанд. Ба ҳаёти мардуми ин минтақаҳо барои қабул намудани талаботу манфиатҳои худ тамоми шакли таъқиру фишоровариро раво донистанд.

Фаро расидани чунин, муҳити номусоид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва тафаккури ақидатии бошандагони ин ноҳияҳо таассуроти зиёди зараровари падидаҳои номатлубро асос гузошт. Амалӣ намудани талаботи ақидатии режими онҳо аз инҳо иборат буданд: сафарбарии маҷбурӣ ба сафи Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва дастаҳои силоҳбадасти худ, сафарбарӣ барои таълимоти динӣ гирифтан, ба созмонҳои террористии хориҷи кишвар, ташкили ҳангомаи сохтмони ғайриқонунии масчиду таълимгоҳҳои динӣ, ташкили дастаҳои санҷиши (пурсандагони охир замон), доир ба донистани мардум аз намозу рӯза, қироати оёти қуръон, назорати мардуми хурду калон, ки панҷвақта дар сафи намоз иштирок намоянд, таълимоти маҷбурии динии марду зан калонсолону наврасон, ҷазодиҳии саркашон бо усули (ҷаримаи калони маблағи молӣ, муҳлати тулонӣ андохтан дар бушкаҳои калон ва сангборон кардан, таъқиби занон, ки бесатр нагарданд) ва ғайра иборат буданд, ки ҳазорон нафар одамон ҷафои ҷонию молии онро кашиданд.

Натиҷаи чунин муносибату талаботи онҳо рӯҳияи эътиқодии мардумро шикаста гардонида, манбаи гароишу дудилагии мардум, ба вуҷуд омадани ихтилофҳои минтақавӣ, баланд гардидани сатҳи ҷинояткорӣ байни ҷавонон гардид. Бояд қайд намуд, ки натиҷаи ҳамаи ин амалӣ ҷорӣ намудаи онҳо сабабгори ба бадноми муаррифӣ гардидани мардуми минтақаҳо ва кишвар гардид.

Панҷум, яке аз амалҳои дигари хиёнаткори дар сатҳи байналмилалӣ бадному сарпаст гардонидани эътибори давлату мардуми кишвар истифодаи усули ба асорат гирифтани намояндагони Созмони Миллали Муттаҳид (ҳамчун ҳомиёни сулҳ фаъолият доштанд) ва дигар рӯзноманигорони хориҷӣ ва намояндагони воломақоми давлатӣ буданд, ки бо роҳи зуроварӣ, талаби баргардонидани онҳо бо маблағи милионҳо долар, чандин маротиба сурат гирифта буд.

Дар давоми солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷониби ҷангҷӯёни мусаллаҳи дар тобеияти ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби Наҳзати Исломӣ қарор дошта, бештар аз 100 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аз он ҷумла кормандони созмонҳои байналмилалӣ, посдорони сулҳ, нозирони СММ, дипломатҳо, рӯзноманигорон, сайёҳон ва ғайра ба қатл расонида шудаанд. Мисол: 1). 20 июли соли 1998 намояндагони СММ аз Полша, Уругвай, Ҷопон ва тарҷумон аз Тоҷикистон чор нафар аз тарафи дастаҳои силоҳбадасти ҲНИТ дар ноҳияи Нуробод ваҳшиёна ба ҳалокат расонидашуда, молу амволи онҳо ғорат карда шуданд. 2). Ба асорат гирифтани геологҳои чопонӣ, ки бо ивази гарав гирифтани 3-5 миллион доллар озод карда шуданд. 3). Гурӯҳҳои силоҳбадасти ҲНИТ ба ҳайати дастаи Ҷумъаи Намангонӣ ҳамроҳ шуда, ба воситаи ағбаи Зардолу аз вилояти Боткенти Қирғизистон гузашта, ба вилояти Фарғонаи ӯзбекистон ҳуҷуми мусаллаҳона намуданд, баъди шикаст хӯрданашон рамаҳои зиёди қутосу гӯсфандони мардуми осоиштаи вилояти Боткенти Қирғизистонро ғорат карда байни худ тақсим намуданд, ки дар дурнамо муносибати байни давлатиро то даврае тезутунд гардонид, ки паёмадаш то имрӯз ба назар мерасад. 4) Бо таҳдиди силоҳ маҷбуран ғорат кардани зиёда аз 14 ҳазор сар гӯсфанди мардуми осоиштаи ноҳияҳои Мастчоҳу Айнӣ аз вилояти Суғд гувоҳи онанд. 5) Бо роҳи ҳуҷуми мусаллаҳона ғорат намудани сарвату моликияти давлатӣ чандин бонкҳои амонатӣ, захираи кони тиллоӣ Шуғнови ноҳияи Ховалинг, ки дар вақти тақсимот ба ҳар муҷоҳиди иштирокдошта дар муҳориба ба миқдори муайяне хокаи тилло расида буд ва ғайра.

Масъалаи гаравгонгирӣ, ғорати моликияти давлатӣ ва шаҳрвандони осоишта барои ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби Наҳзати Исломӣ ҳануз аз солҳои 1991 сарчашма гирифтааст ва тамоюли зӯроварӣ ва тундгироӣ барои наҳзатиҳо чизи нав нест, ки касро ба ҳайрат орад. Бояд қайд намоем, ки тамоми маблағи бо роҳҳои гуногун ғораткардаи онҳо ба манфиати ягон оилаи муҳтоҷу камбизоат, бунёди харобиҳои овардаи баъди ҷанги ё захираи эҳтиётии кишвар сарф нагардидааст. Танҳо ба манфиати роҳбарони ин гурӯҳу дастаҳо ва ҷонибдоронашон истифода шудааст.

Баъди қабули ҳама қонуни авфу якдигарбахши тайи солҳои охир аъзоёни ҲНИ ба содир кардани қонуншиканиҳои гуногун даст заданд, ки теъдоди зиёди онҳо дорои хусусияти террористию экстремистӣ (ифротгароӣ) доштанд. Ғайр аз ин байни аҳолӣ, аз ҷумла, бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехтанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, ба асосҳои сохти конститутсионӣ, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид мекард. Маҳз ба хотири хусусиятҳои ифротгароӣ ва террористӣ доштани рафтору кирдори роҳбарон ва аъзоёни фаъоли наҳзатиҳо, 29 сентябри соли 2015 Судии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ (экстремистӣ)–террористӣ эътироф намуда, фаъолияти ҳизбро қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дод. Баъдтар фаъолияти он дар қаламрави кишварҳои ИДМ, СААД, СҲШ низ қатъ гардид.

Шашум, солҳои зиёд таҳти таъсири ин дастаҳо мондан, пурра таъмин набудани амнияту суботи сиёсӣ дар минтақа фаъолияти мустақилу озоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатию маҳаллӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқро харобу коста гардонида, ба пешрафти рушду инкишофи чомеа монеаҳо эҷод намуда буд.

Роҳбарии мардуми осоишта, пешбурди рӯҳияи сиёсии онҳо зери таъсири муҳити ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ қарор дошта буд, ин муҳити маҷбурӣ ба рӯҳияи сиёсӣ, тафаккури ақидатии минбаъдаи мардум бештар ба насли наврасу ҷавонон таъсири манфии худро боқӣ гузошта буд.

Робитаю муносибати байни минтақавӣ, хешутаборӣ, баргузории нишастҳои гуногуни илмию фарҳангӣ ҷашну маъракаҳои хурсандӣ аз таъсири ин дастаҳо қариб аз байн рафта буданд.

Аз ин бори маломати сохтаи беасос тамоми мардуми осоиштаи озодфикру озадандешро то имрӯз рӯҳану ҷисман азият медиҳад. Ба тақдири минбаъдаи мардум хусусан, насли ҷавони оянда нишонаи бадномӣ (мухолиф, ҷонибдори давлати исломӣ ё хурофотпарастӣ доштан)-ро аз худ боқӣ гузошт, ки дар вохӯриҳо аз шаҳрвандони дигар минтақаҳо садо медиҳад. Дар аслу амал рӯҳияву дилгармӣ доштани ин мардуми минтақаҳо ва кишвар дигар аст, ки дар мақолаи оянда шарҳи он пурра зикр хоҳад гашт.

Аз ин хотир, шарҳу баҳогузориҳо муайян менамояд, ки дар маркази пурталотуми ҳамаи ин ҳодисаю муборизаҳои ба амал омада инсонҳо ҳар як фарди ҷомеа, шаҳрванди тоҷик истода, бо рафтору фаъолияти хеш худро чӣ гуна ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд, муҳаббату садоқати доштаи худро нисбат ба диёру ватани хеш чӣ гуна нишон медиҳад.

Хулоса, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон фаъолияти худро ба дини поки мубини ислом пайваст намуда, аз содагию бетаҷрибагии мардум суистифода карда буд, ки мақсади нопоки худро байни эътиқодмандони мусулмони тоҷик амалӣ намояд. Аммо дар ин давра фаъолияти авомфиребона ва ҳадафу барномаҳои ин гурӯҳҳо ба ҳамагон равшан гардид, ки чӣ гуна ба давлату мардуми худ хиёнатҳоро раво дидаанд.

Пешниҳод карда мешавад, ки барои омӯзиши манбаъҳои хатарзои таъсирасони фаъолияти қувваҳои мухолифи давлатию ҳукумати, ТЭТ ҲНИ дар хориҷ ва дохилӣ кишвар, тадқиқоти дастаҷаъмонаи тамоми ниҳодҳои илмию таҳлилӣ ташкил карда шавад. Доир ба натиҷагирии ин масъала назари ҳар як фарди солимфикри ҷомеа зарур мебошад, ки вазъи ҷойдошта чӣ гуна шакл гирифта истодааст, эътиқоду назари мардумро дар амал нисбати мавқеи доштаи онҳо ва хатари ояндаи ин ҳизби ифротгаро баҳо диҳанд ва баҳри рафъи он чораҳои зарурӣ андешанд.

Таҳлили паҳлуҳои дигари хатарзои ин масъалаи муҳими доғи зиндагӣ аз ҷониби олимону коршиносон тасдиқ менамоянд, ки муносибати фитнаангези пешгирифтаи Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва хатарнокии фаъолияти минбаъдаи он барои ҷомеаи Тоҷикистон аз дигар созмонҳои экстремистии террорист ба монанди “Давлати исломӣ” (ДИИШ), “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Ҷунбиши Толибон”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, ва “Ал-Қойда” бештар хоҳад буд.

Бознашр аз рӯзномаи “Минбари халқ” 01.08.2018 №31 (1167)

Саидхоҷа Акбаров,

Муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии

МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон