Асосӣ: Маркази матбуот НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОИР БА ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИВУ ТАДҚИҚОТӢ ВА ТАШКИЛӢ ДАР НИМАИ АВВАЛИ СОЛИ 2018
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз187
mod_vvisit_counterДирӯз1408
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4651
mod_vvisit_counterДар ин моҳ19137
mod_vvisit_counterҲамагӣ1431585
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Декабри
12
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОИР БА ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИВУ ТАДҚИҚОТӢ ВА ТАШКИЛӢ ДАР НИМАИ АВВАЛИ СОЛИ 2018

31.07.2018
Рӯзи 30-уми июли соли 2018 Нишасти матбуотии Маркази тадқикоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ ширкат доштанд.

Нишасти мабуотиро муовини якуми директори Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сайфуллоев кушода, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва суханро ба директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар вогузор намуд. Худобердӣ Холиқназар дар бораи фаъолияти илмиву тадқиқотӣ ва тарғиботиву ташкилии Марказ дар нимсолаи аввали соли 2018 гузориш дода, зимнан қайд кард, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси яке аз ниҳодҳои таҳлилӣ ва машваратии кишвар бо мақсади амалишавии стратегияҳои давлатӣ ва такмили механизми сиёсати дохилию хориҷӣ ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Дар давоми нимсолаи аввали соли 2018 Марказ дар доираи нақшаҳои корӣ дар чунин самтҳо фаъолият намуд:

1.Дар самти корҳои илмию тадқиқотӣ

Аз рӯйи нақшаи корҳои илмию тадқиқотӣ барои соли 2018 дар доираи самтҳои мазкур тадқиқот аз рӯйи мавзӯъҳои зерин гузаронида шуда истодааст:

• Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ, иҷтимоӣ, миллӣ ва минтақавӣ, ҳамчун стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

• Ташаккули низоми миллии баҳогузории индикативии амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тибқи нақшаи корҳои илмию тадқиқотӣ барои соли 2018 дар доираи самтҳои мазкур тадқиқот аз рӯйи мавзӯъҳои зерин гузаронида мешавад:

• таҳлили омилҳои асосии берунӣ ва дохилии масъалаҳои амнияти минтақавӣ дар замони муосир;

• арзёбӣ ва мониторинги амнияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

• арзёбии вазъи идеологию сиёсии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ва дурнамои он;

• арзёбии тамоюлҳои асосӣ ва самаранокии механизмҳои идораи амнияти озуқаворӣ (дар миқёси минтақаҳои ҷумҳурӣ);

• ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони таҳаввулёбанда;

• арзёбӣ ва мониторинги фаъолнокии соҳибкорӣ дар чорчӯбаи таъмини амниятии минтақавӣ;

• дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амнияти иттилоотӣ дар зарфи 26 соли Истиқлолияти давлатӣ;

• хусусиятҳои хоси амнияти иҷтимоии Тоҷикистон дар шароити Истиқлолияти давлатӣ.

Дар давоми нимсолаи аввал натиҷаҳои қаблии тадқиқот дар доираи ҷаласаҳои Шӯрои илмию методии Марказ мавриди муҳокима қарор гирифт. Ин имкон медиҳад, ки ҳисоботи илмию тадқиқотии Марказ дар муддати муайяншуда (дар охири сол) бо сифати ба талабот ҷавобгӯй пешниҳод гардад. Ба ғайр аз ин, иҷрои чорабиниҳои мушаххас бо мақсади таъмини натиҷанокии амалии тадқиқотҳо ба нақша гирифта шудааст.

2. Шӯрои олимон ва Шӯрои илмию методӣ

Шӯрои олимони Марказ дар ҳайати 21 нафар, аз ҷумла як академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳафт доктори илм ва ҳафт номзади илм фаъолият кард. Бо мақсади амалӣ намудани стратегияи ягонаи давлатӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ба ҳайати Шӯрои олимони Марказ мутахассисони варзида аз дигар ташкилоту муассисаҳо низ ворид карда шудаанд.

3. Таҳия ва пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ

Дар доираи баргузории корҳои илмию тадқиқотӣ кормандони Марказ пешниҳодот, гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои амният ва дигар вазорату кумитаҳои давлатӣ, созмону ниҳодҳои дахлдор омода намуда, ба идораҳои дахлдор фиристода шуданд. Дар давраи ҳисоботӣ кормандони Марказ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ 30 гузориши таҳлилӣ, иттилоотию таҳлилӣ дар ҳаҷми умумии 219 саҳифа пешниҳод карданд.

Дар давраи ҳисоботӣ пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ дар асоси натиҷаҳои тадқиқоти раёсатҳои Марказ боз ҳам бештар ба гузориши масъалаҳои рӯзмарра ва ҳалли мушкилоти амалии ҷумҳурӣ равона шуданд. Аз моҳи июл ва дар марҳалаҳои навбатии соли ҷорӣ пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ ба инъикос ва ояндабинии масъалаҳои калидии иҷтимоию иқтисодӣ (махсусан, оид ба неруи ҷавонон, вазъи мубориза бо коррупсия, вазъи сиёсӣ, ҳалли масоили сармоягузорию соҳибкорӣ, саноатикунонии иқтисод, қобилияти рақобатии иқтисоди кишвар, шуғли пурмаҳсул, ободкориҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва ғайра) бо такя ба тадқиқоти раёсатҳои Марказ равона мешаванд.

4. Иштирок дар Комиссияҳои Ҳукуматӣ ва Гурӯҳҳои корӣ

Роҳбарият ва мутахассисони Марказ дар Гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ, комиссияҳои маҷлиси вакилони халқ доир ба масъалаҳои мушаххас иштирок намуданд:

–Узви ҳайати мушовараи АМИТ "Ховар" (бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон);

–Гурӯҳи корӣ барои таҳияи «Барномаи махсуси таълимии кормандони муассисаҳои ислоҳии мақомот оид ба омодагии касбии кормандон, ҷиҳати такмили роҳу усули пешгирии фаъолияти ифротгароёна ва тундгароёна аз ҷониби маҳкумшудагон дар дохили муассисаҳо ва берун аз он» (дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон);

–Гурӯҳи кории байниидоравӣ, ки барои муҳокима ва баррасии методологияи тадқиқоти рушди таҳсилоти олӣ (дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон);

–Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба такмили низоми андозбандию гумрукӣ ва самаранокии имтиёзҳои пешниҳодшаванда (дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон); –Мониторинг ва арзёбии сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёна дар Тоҷикистон (Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон);

–Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 (Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон);

–Раиси комиссияи Маҷлиси Вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба ҳамкорӣ бо ташкилотҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятию ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои диниву ғайриҳукуматӣ;

–Раиси комиссияи муваққатии Маҷлиси Вакилони халқи шаҳри Душанбе доир ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳалҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе.

5. Ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмию тадқиқотӣ Марказ робитаҳои кории машваратиро бо вазорат, кумитаҳо ва агентиҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии давлатӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ва як қатор мактабҳои олии мамлакат амалӣ намуд. 6. Ҳамкорӣ бо созмону ташкилотҳои байналмилалӣ

Марказ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла намояндагиҳои СММ, САҲА, СҲШ, СААД, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёгии Рушд, Фонди Байналмилалии Асъор, Созмони Олмонии Ҳамкории Байналмилалӣ, Маркази Дипломатияи Пешгирикунанда (шаҳри Ашқобод) ҳамкориҳоро густариш медиҳад. Марказ узви Маркази таҳлилии СААД, узви Форуми Созмони Ҳамкории Шанхай ва яке аз муассисони Академияи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Бишкек мебошад.

7. Конфронсҳои илмию амалӣ, симпозиум ва мизҳои гирд Дар давраи ҳисоботӣ 14 чорабинии илмию амалӣ баргузор гардид, аз ҷумла дар чунин мавзӯъҳо: –"Тоҷикистон–Туркманистон: 25 соли дӯстӣ ва ҳамкорӣ" (Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, 9.02.2018); –"Масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (натиҷагирӣ аз «Соли ҷавонон»)" (Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, 28.02.2018);

–"Наврӯзи байналмилалӣ–муаррифкунандаи фарҳанги миллии тоҷикӣ" (Мизи гирд, 16.03.2018);

–"Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ¬–рамзи дӯстию рафоқати халқҳои тоҷику ӯзбек" (Мизи гирд, 16.03.2018);

–"Дурнамои равандҳои ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ" (Мизи гирд, 25.04.2018);

–"Масоили воқеӣ ва дурнамои ҳамкориҳо доир ба ҳимояи ҳуқуқҳои саломатии оила ва беморон" (Конфронси илмию амалии байналмиллалӣ, 25.04.2018);

–"Масоили муҳими мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм дар замони муосир" (Мизи гирд, 27.04.2018); –"Таъмини шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳадафи стратегии кишвар" (Мизи гирд, 30.04.2018);

"Амнияти иҷтимоӣ ҳамчун омили муҳими рушди устувор" (Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, 15.05.2018);

–"Ташаккули модели рушди индустриалӣ–аграрии Тоҷикистон" (Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, 16.05.2018);

–"Ташаккул ва инкишофи низоми истеҳсоли молҳои воридотивазкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Мизи гирд, 18.05.2018);

–"Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар таъмини амният ва субот дар сарҳадоти ҷанубии ИДМ" (Мизи гирд, 29.05.2018);

–"Ваҳдати миллӣ–асоси иҷрои се ҳадафи стратегии кишвар" (Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, 19.06.2018);

"Паёмҳои Президенти ҶТ ҳамчун омили таҳкимбахши Ваҳдати миллӣ" (Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, 26.06.2018).

Гузоришҳо аз семинару конфронсу мизҳои гирд дар рӯзномаҳои давлатӣ ва мустақил ба таври васеъ инъикос шуда, ҳамчунин, дар сомонаи Марказ гузошта шудаанд. Дар баробари ин, роҳбарияти Марказ дар Форуми СҲШ (4–5 майи соли 2018, шаҳри Остона) конфронси байналмиллалӣ дар шаҳри Исломободи Покистон (21.03.2018), Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба "Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез" (3–5 майи соли 2018) бо иштироки СММ дар шаҳри Душанбе, Конфронси байналмилалии "Стратегияи миллии навсозӣ: дастовардҳо ва дурнамо" дар шаҳри Остона (15.06.2018) иштирок ва суханронӣ намуда, кормандони Марказ дар ҷамъомадҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирд, ки аз ҷониби созмонҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор шуданд, низ ширкат варзида, 35 маърӯза намуда, беш аз 100 мусоҳиба ба васоити ахбори омма анҷом доданд.

Дар назар аст, ки то охири соли ҷорӣ на камтар аз 10 чорабинии илмию амалӣ баргузор гашта, дар муҳлатҳои наздиктарин дар чунин мавзӯъҳо: «Масъалаҳои рушди низоми объёрӣ дар соҳаи кишоварзии кишвар», «Бахши хусусӣ: вазъ ва дурнамои рушд», «Марҳалаҳои асосии ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои исломӣ ва арабӣ», «Имконияту маҳдудиятҳои дастгирии рушди соҳаи кишоварзӣ дар чорчӯбаи узвияти кишвар дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо» баргузории чорабиниҳо дар назар аст. 8. Фаъолияти нашриявӣ

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи маводҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳиро аз Паёму суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нашр намуд, аз ҷумла:

–"Паёми Пешвои миллат: моҳият ва самтҳои асосии он", (Душанбе, 2018, бо теъдоди 200 нусха);

–"Тезисҳо вобаста ба рушди деҳот" (Душанбе, 2018, бо теъдоди 200 нусха);

–"Шиорҳо дар боби Наврӯз" (Душанбе, 2018, бо теъдоди 200 нусха";

–"Шиорҳо оид ба масъалаҳои глобалии об (бахшида оғози Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028") (Душанбе, 2018, бо теъдоди 200 нусха);

–"Шиорҳо дар боби Ваҳдати миллӣ (бахшида ба 21 солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ)" (Душанбе, 2018, бо теъдоди 200 нусха);

–"Шиорҳо дар боби Истиқлолияти давлатӣ (бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ)" (Душанбе, 2018, бо теъдоди 200 нусха).

Дар ин давра шумораҳои №1(60)-и маҷаллаи Марказ–«Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз» дар ҳаҷми 23 мақола ва №2 (61) дар ҳаҷми 25 мақола ба табъ расиданд. Барои шумораи №3 (62)-и нашрияи мазкур дар ҳаҷми 25 мақола барои чоп омода шудаст. Тамоми маводи воридшуда барои маҷалла тавассути барномаи "Антиплагиат" гузаронида мешаванд. Дар давраи ҳисоботӣ беш аз 78 мақолаи илмӣ тавассути ин барнома санҷида шуд. 9. Ҳамкорӣ бо Марказҳои таҳлилии дигар кишварҳо

Марказ бо як қатор марказҳои таҳлилии дигар давлатҳо, аз ҷумла бо марказҳои таҳлилии Федератсияи Русия, Қазоқистон, Чин, Корея, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, марказҳои тадқиқоти стратегии ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва, Лаҳистон низ робитаҳои хуби корӣ ва илмӣ дорад.

10. Таҷрибаомӯзии донишҷӯён

Дар нимсолаи аввали соли 2018 дар Марказ аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 59 нафар, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат 21 нафар, Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон 18 нафар, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон 28 нафар, Донишгоҳи идоракунии давлатӣ 20 нафар, Филиали Донишгоҳи давлатиии Москва ба номи Ломоносов 6 нафар, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 2 нафар, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 4 нафар, Донишгоҳи давлатии илм ва технологияи Сибири Федератсияи Русия 1 нафар, Донишгоҳи Қазон 2 нафар, дар маҷмӯъ, 162 нафар донишҷӯ таҷриба омӯхтанд.

11. Сомонаи интернетии Марказ

Сомонаи Марказ ба таври доимӣ фаъол буда, маводи илмию таҳлилӣ ва хабарҳоро ҳамарӯза, гузоришу суханрониҳо, мақолаҳои маҷаллаи «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз» ва китобҳои Марказро дар бар мегирад. Дар давраи ҳисоботӣ дар сомона беш аз 78 мақолаву матолиби гуногуни илмӣ, хабару гузоришҳо дар бахшҳои забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷой дода шудаанд. Дар ин нимсола кори сомона хеле фаъол гашта, онро рӯзе аз 1000 то 1500 хонанда мутолиа мекунанд.

12.Корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ

Дар доираи нақшаи дохилиидоравии иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуданд, силсилаи корҳои таблиғотию ташвиқотӣ гузаронида шуд. Дар ин раванд:

• силсилаи маводи ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ, аз ҷумла «Паёми Пешвои миллат: моҳият ва самтҳои асосии он» ва шиорҳо доир ба ҷашну ташаббусҳои муҳими кишвар: дар боби Наврӯз, масъалаҳои глобалии об, Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ дар шакли китобча таҳия ва нашр гардид.

• маҷмӯи суханрониҳо дар ташвиқу тарғиби сиёсати Президенти кишвар дар мактабҳои олӣ, идораҳои давлатӣ ва ВАО, минтақаҳои кишвар аз 250 миқдор бештар буда, аз чунин мавзӯъҳо иборат буд:

–доир ба фаҳмондадиҳии Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

–дар доираи гурӯҳҳои тарғиботӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вахш, Восеъ, Мурғоб, Норак, Рашт, Рӯшон, Рӯдакӣ, Сангвор, Ёвон, Файзобод, Ҳамадонӣ (дар маҷмӯъ, дар 11 шаҳру ноҳияи кишвар);

–дар ВАО (шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Сафина», радиоҳои «Тоҷикистон», "Садои Душанбе ", АМИТ "Ховар");

–доир ба ташаббуси нави глобалии Тоҷикистон–Даҳсолаи байналмиллалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2018" дар ВАО, аз ҷумла дар АМИТ "Ховар";

–доир ба арзишу ғояҳои Истиқлолияти давлатӣ, аз ҷумла дар мавзӯъҳои ташаккули низоми устувори рушди иқтисоду иҷтимоиёт, пешбурди сиёсати "дарҳои кушода", рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ВАО (махсусан дар телевизион ва радио);

–доир ба самтгирии рушд дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистион барои давраи то соли 2030 (бо инъикоси масъалаҳои ташаккули модели индустриалӣ–аграрии рушд, тамоюлҳои демографӣ ва рушди инсонӣ,баробарии гендерӣ, аз ҷумла дар расонаҳои АМИТ "Ховар", телевизион ва радио;

– доир ба вусъатёбии робитаҳои сиёсию иқтисодӣ байни Тоҷикистону ӯзбекистон дар ВАО, аз ҷумла дар АМИТ "Ховар", телевизионҳои ("Тоҷикистон" ва "Сафина"), радио (махсусан "Тоҷикистон").

• маҷмӯи суханрониҳо дар ташвиқу тарғиби сиёсати Президенти кишвар бо коршиносони хориҷӣ ва дар хориҷи кишвар беш аз 20 ададро ташкил намуданд, аз ҷумла:

–дар раванди сафарҳои хизматӣ ба Қазоқистон, Покистон, Чин, Ҷопон, Ҳиндустон ва Қирғизистон; –дар раванди вохӯриҳо бо ҳайатҳои коршиносони муассисаҳои тадқиқотии Русия, Чин, Ҷопон, ӯзбекистон;

• суханрониҳо доир ба самтгирии рушд дар доираи хониши вакилӣ дар Кумитаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ;

• маҷмӯи гузоришу мақолаҳои дар рӯзномаҳо, расонаю сомонаҳо 34 ададро ташкил намуда, аз чунин мавзӯъҳо иборат буд:

–доир ба таъмини рушди устувори инсонӣ –дар АМИТ "Ховар";

–доир ба ташаббусҳои обии кишвар ва ҷашнгирии Наврӯз – дар АМИТ "Ховар";

– ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон китоби Худобердӣ Холиқназар ва Абдуллоҳи Раҳнамо таҳти унвони "Хатари тафаккури ифротгароии динӣ ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон" таълиф гардид ва ба наздикӣ нашр мешавад.

–доир ба вохӯриҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии ӯзбекистон–дар рӯзномаҳои "Ҷумҳурият", "Қонун ва ҷомеа", "Боҷу хироҷ";

–доир ба фаъолияти дастаҷамъӣ бар зидди терроризм ва экстремизм–дар АМИТ "Ховар", рӯзнномаҳои “Народная газета”, "Садои мардум", "Ҷумҳурият", "Минбари халқ", "Халқ овози" ва сомонаи Марказ.

13. Такмили ихтисоси кормандони Марказ

Кормандони Марказ дар курсҳои такмили ихтисос, аз ҷумла дар хориҷи кишвар: Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон таҳсил намуда, забонҳои хориҷӣ ва ихтисоси худро такмил доданд.

Сипас директори МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар, муовини якуми директори Марказ Сайфулло Сафаров, муовини директори Марказ Фарида Муминова ва сардорони раёсатҳои Марказ ба саволҳои рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ ҷавобҳои қаноатбахш доданд.

Нишасти матбуотӣ дар фазои самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда ба анҷом расид.

Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон