НИШАСТИ МУХОЛИФИН АЗ ДИДГОҲИ САЙФУЛЛО САФАРОВ |
23.07.2018 Рӯзи 15 июли соли 2018 дар шаҳри Дортмунди Олмон ҳамоиши намояндагони мухолифини тоҷик ба муносибати 21-умин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид, ки ба гуфти дастандаркоронаш дар он беш аз сесад нафар ширкат карданд. Ин гуна ҳамоиш соли гузашта ҳам доир шуда буд ва дар он давра мухолифони тоҷик як иттиҳоди неруҳои оппазитсиониро ташкил карданд. Аммо дере нагузашта дар натиҷаи ҳамдигарнофаҳмӣ иттиҳод барҳам хӯрд ва оппозитсияи тоҷик дар Аврупо пароканда шуданд… Аммо соли равон бори дигар ин масъала дар ҳамоиши навбатӣ низ матраҳ гардид. Доир ба ин масъала бо профессор Сайфулло Сафаров, сиёсатшинос ва муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбате доштем. –Сайфулло Саъдуллоевич, муҳтавои масоили матраҳшуда дар ҳамоиши Дортмунд ба таври васеъ расонаӣ шуд. Бардошти шумо аз ин ҳамоиш чӣ гуна аст?–Ҳамоиши оппозитсияи Тоҷикистон дар Дортмунд ҳамоиши номуваффақ буд ва онҳо ба хостаҳояшон нарасиданд, зеро онҳо оппозитсияе ҳастанд, ки ба фазои Тоҷикистон таъсире гузошта наметавонанд. Шумо бубинед, дар кишвари мо имрӯз чӣ қадар корҳои созандагӣ ҷараён дорад: аз бунёди роҳу нақбҳо то сохтмони биноҳо, ободонии шаҳру навоҳӣ, баланд шудани сатҳи зиндагии мардум, таваҷҷуҳи бевоситаи давлат ба пешрафти мактабу маориф ва дигар соҳаҳои ҳаёти кишвар. Кишвари мо имрӯз пеш меравад, зиндагии мардум хуб мешавад ва ҳеҷ гоҳ касе аз пушти онҳо нахоҳад рафт. –Масъалаи асосие, ки дар ин ҳамоиш мавриди баррассӣ қарор гирифт, ташкили ИНОТ-2 буд. Оё мухолифон дар Аврупо ба ин муваффақ мешаванд? –Не. Ҳеҷ гоҳ. Дигар муттаҳидшавии оппозитсияи тоҷик имкон надорад. Агар мантиқан назар кунед, неруҳои мухолифи мо ба гурӯҳҳо ҷудо шудаанд, ки назарҳояшон қариб дар ҳама маврид мухталиф аст. Дар чунин вазъияти ҳамдигарнофаҳмӣ иттиҳод ҳеҷ гоҳ имкон надорад. –Соли гузашта чунин як ҳамоиш ва муттаҳидшавӣ сурат гирифта буд ва шумо онро ба Тоҷикистон хатари ҷиддӣ арзёбӣ карда будед. Аммо кӯшишҳои имрӯзаи онҳоро бетаъсир арзёбӣ мекунед… –Бале, соли гузашта ман гуфта будам, ки муттаҳидшавии мухолифин барои Тоҷикистон хатари ҷиддӣ дорад. Воқеан, дар ҳамон формате, ки буд, хатар дошт, аммо дар шакли феълиаш ҳеҷ гоҳ не, зеро хушбахтона, дар сафи оппозитсия нафароне ҳастанд, ки ба манфиатҳои миллӣ назари дигар доранд. Онҳо намехоҳанд, ки Тоҷикистон ғуломи давлатҳои дигар бошад. Аммо онҳо баргашта наметавонанд ва маҷбуранд, ки ба ақидаҳои куҳнаи худ содиқ бошанд, гарчанде пушаймонанд… Албатта, онҳо танқид мекунанд, аммо дар муқобил нестанд. Аммо гурӯҳи дигар дар фикри фурӯхтани Тоҷикистонанд. –Дар мавриди пушаймонии мухолифин ва ҷуз содиқ будан ба ақидаҳои куҳна дигар роҳ надоштани онҳо ишора кардед. Дар суханронии Муҳиддин Кабирӣ ҳам як ҷумла буд, ки «мо бо мардуми Тоҷикистон ва аъзи Ҳукумат мушкил надорем ва мушкили мо танҳо як нафар аст». Маълум аст, ки як нафар гуфта, киро дар назар дорад. Оё имкон дорад, ки Ҳукумат бо ӯ созиш кунад ва хатари онҳо хунсо шавад? –Агар ҳадаф Эмомалӣ Раҳмон аст, ҳеҷ гоҳ онҳо муваффақ намешаванд, зеро Пешвои миллати мо шахсияте аст, ки на танҳо барои рушди Тоҷикистон заҳмат мекашанд, балки стратегияи давлати моро бунёд кардаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои мо сулҳ оварданд, балки онро обод карда, ба дилу дидаи мардум маъво гирифтанд. Мавқеи Президенти Тоҷикистон чунон мустаҳкам аст, ки ҳеҷ гоҳ онҳо наметавонанд бо он муқовимат намоянд. Он кӯшишҳое, ки Пешвои миллат барои Тоҷикикистон мекунанд, беназир ҳастанд. –Бубинед, имсол чеҳраҳои фаъоли оппозитсия, аз ҷумла Додоҷони Атовулло , Олег Панфилов ва чанде дигар дар ҳамоиш ҳузур надоштанд. Чанд нафари дигар аз даъватшудагон, ки дар ин ҳамоиш бояд маърӯза мекарданд, расман аз ширкат варзидан даст кашиданд. Махсусан файласуфи шинохта Ҳафиз Бобоёров… Ба фикри Шумо сабаб чист? –Ман дар посухи қаблӣ ин суоли шуморо аз лиҳози назариявӣ асоснок карда будам. Ҳамаи мухолифини тоҷик мухолифони сӯзанда нестанд. Нафаре ҳаст, ки танқид мекунад, лекин ин танқиди созанда. Онҳое ҳастанд, ки дар муқобили Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва мухолифини сӯзанда мебошанд. Мавқеи онҳо мисли қувваҳое ҳаст, ки Сурияву Ироқро ба чунин ҳол оварданд… Эмомалӣ Раҳмон дар шароити кунунии Тоҷикистон алтернатива надорад. Бинобар ин, рӯзе фаро хоҳад расид, ки мухолифини мо чӣ дар хориҷ чӣ дар дохил ҳама аз мавқеи Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ карда, пушаймон мешаванд… Мусоҳиб Одили Нозир, бознашр аз ҳафтаномаи «Тоҷикистон» №29, (1279), 18.07.18
|