Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот КОНФРОНСИ ИЛМИЮ АМАЛӢ
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз339
mod_vvisit_counterДирӯз1434
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3259
mod_vvisit_counterДар ин моҳ19238
mod_vvisit_counterҲамагӣ1311905
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Сентябри
18
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

КОНФРОНСИ ИЛМИЮ АМАЛӢ

26.06.2018

ТАҲТИ УНВОНИ "ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲАМЧУН ОМИЛИ ТАҲКИМБАХШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ" Рӯзи 26 июни соли 2018 дар Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмию амалиро таҳти унвони "Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун омили таҳкимбахши Ваҳдати миллӣ" баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш намояндагони масъули вазорату идораҳои давлатӣ, олимону коршиносон, ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, иштирокчиёни нишасти илмию амалиро хайрамақдам гуфт ва зимни суханронӣ зикр кард, ки ҳамоиши имрӯза бо мақсади баррасии васеи муҳтавои маҷмўи Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инъикоси нақш ва аҳамияти онҳо дар рушду инкишофи соҳаҳои муҳимтарини ҳаёти кишвар, аз ҷумла дар таъмини сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ доир мегардад.

Сипас мушовири калони Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдулло дар суханронии табрикии худ қайд намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи муҳими давлатдорӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти давлатию ҷамъиятиро дар бар гирифта, тайи даҳсолаҳо дар инъикоси муҳимтарин самтҳои сиёсати дохилию хориҷии кишвар нақши арзандаро иҷро намудааст. Бинобар ҷойгоҳи хосса доштани Паём дар низоми давлатдории муосир арзёбии илмию амалӣ ва баррасии масъалаҳои муҳимтарини он аҳамияти рўзмарраро соҳиб мебошад. Таҳлилу баррасии Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам меорад, ки раванди татбиқи дастуру супоришҳои дар он ироашуда, пайгирии ҳадафҳои рушд ва дар ин замина дастовардҳо ва муваффақиятҳои меҳварии давлат дар самти сиёсат, иқтисод, иҷтимоиёт, илму маориф ва ҳуқуқу озодиҳои инсон мушаххас ва баҳогузорӣ карда шаванд.

Ҳамин тавр, бахши аввали Конфронси илмию амалӣ таҳти унвони "Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғибгари Ваҳдати миллӣ ва арзишҳои муҳими давлатдорӣ" ба кори худ шурӯъ намуд. Дар назди ҳозирин директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар дар мавзӯи "Паём ҳамчун рамзи муҳими давлатдории миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", вакили Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насиба Содиқова дар мавзӯи "Таҳаввули муҳтавои Паём ва таъсири он ба вазъи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон", муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров дар мавзӯи "Масоили Ваҳдати миллӣ дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", котиби илмии Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоуддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Зокиров дар мавзӯи "Зарурати таърихии ироаи Паём дар Тоҷикистон ва масъалаҳои усулии он" суханронӣ намуданд ва ба суолҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд. Баъдан пиромуни ин маърӯзаҳо иштирокчиёни ҳамоиш фикру андешаҳои худро баён намуданд.

Бахши дуюми Конфронси илмию амалӣ бо номи "Таҳкиму суботи амнияти миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳти раёсати муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров доир гардид. Ҳозирин маърӯзаҳои сардори Раёсати кадрҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуманнон Додозода дар мавзӯи "Нақши Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини адалати судӣ", прокурори Раёсати муқовимат бо терроризм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидумар Ҷамолиддинзода дар мавзӯи "Аҳамияти паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо ифротгароӣ ва терроризм", дотсенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Раҷабгул Қосимова дар мавзӯи "Самараи эътимоди халқ ба Пешвои миллат", мудири кафедараи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Шоназар Бердиев дар мавзӯи "Нақши Ваҳдати миллӣ дар амалӣ гардонидани се ҳадафи стратегии кишвар", муовини директори Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муминова дар мавзӯи "Вобастагиии иқтисоду иҷтимоиёт дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳло Абдуализода Тоҳириён дар мавзӯи "Инъикоси масъалаҳои илму маориф дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо мароқи том шуниданд.

Баъдан пиромуни маърӯзаҳои ироашуда ибрози назар ва табдули афкори арзишманд сурат гирифт. Умуман, дар маҷмӯъ, дар Конфронс илмию амалии номбурда мавзўъҳои зерин мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтанд: Паём ҳамчун рамзи муҳими давлатдории миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; таҳаввули муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсири он ба вазъи умумии кишвар; зарурати таърихии ироаи Паём дар Тоҷикистон ва масъалаҳои усулии он; масъалаҳои Ваҳдати миллӣ дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; инъикоси масъалаҳои худшиносӣ ва ҳифзи суннатҳои миллӣ дар паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат; аҳамият ва арзиши паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо ифротгароӣ ва терроризм; нақши паёмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини адолати судӣ; нақши Ваҳдати миллӣ дар амалӣ гардонидани се ҳадафи стратегии кишвар; саҳми созмонҳои байналмилалӣ дар ҳалли низоъи Тоҷикистон; вобастагии иқтисоду иҷтимоиёт дар паёмҳои Президенти кишварамон; инъикоси масъалаҳои илму маориф дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; ҷойгоҳи масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар рушди соҳа, инъикоси масъалаҳои занон дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти он дар ҳифзи ҳуқуқи зан ва оила.

Конфронсро муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров ҷамъбасту натиҷагирӣ кард ва ба иштирокчиёни нишасти илмию амалӣ барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Хадамоти матбуоти Маркази

тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон