Асосӣ: Навигариҳо Дар Душанбе Конференсия бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 расман ба кор шурӯъ мекунад
+++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм +++ ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон +++ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз534
mod_vvisit_counterДирӯз2491
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта5019
mod_vvisit_counterДар ин моҳ37607
mod_vvisit_counterҲамагӣ1680930
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июни
19
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Дар Душанбе Конференсия бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 расман ба кор шурӯъ мекунад

20.06.2018

Баъд аз чанд лаҳза дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Кохи Сомон» Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 расман ба кори худ шурӯъ мекунад.

Дар Конференсияи байналмилалии мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ мекунанд.

Барои иштирок дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд ба шаҳри Душанбе роҳбарони як зумра давлатҳо, аз ҷумла, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн, Раиси иҷроияи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло, ҳамчунин муовини Дабири кулли СММ Луи Женмин, Котиби генералии Созмони Ҳамкории Шанхай Рашид Олимов, Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Петер Буриан, Директори минтақавии Маркази дипломатияи СММ дар Осиёи Марказӣ Наталия Герман, намояндагони олимақом аз 110 мамлакати ҷаҳон, сохторҳои гуногуни СММ, институтҳои молиявии байналмилалӣ, доираҳои бузурги тиҷоратӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ташриф овардаанд.

Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон гузаронида мешавад.

Мавриди зикр аст, ки дар сессияи 72-юми Ассамблеяи генералии СММ бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ҷаласаи махсус баргузор шуда буд. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии беш аз 177 кишвари аъзои СММ пешниҳод ва қабул шудааст.

Мувофиқи қатъномаи СММ Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 22 март оғоз гардид ва он то 22 марти соли 2028 идома меёбад

Сарчашма: АМИТ "Ховар"