Асосӣ: Амнияти иттилоотӣ ҲИФЗИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ – ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АСОСИИ ҲИМОЯИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ. Суҳбати ихтисосии АМИТ «Ховар» дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат зимни мулоқот бо фаъолони ҷомеаи Тоҷикистон
+++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз370
mod_vvisit_counterДирӯз1586
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта370
mod_vvisit_counterДар ин моҳ27616
mod_vvisit_counterҲамагӣ1277972
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
20
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ҲИФЗИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ – ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АСОСИИ ҲИМОЯИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ. Суҳбати ихтисосии АМИТ «Ховар» дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат зимни мулоқот бо фаъолони ҷомеаи Тоҷикистон

30.05.2018

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли ҷомеа, олимон, зиёиён ва ходимони дин, ки 12 май дар Душанбе доир гардид, дар қатори масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва глобалии замони муосир оид ба вусъат ёфтани терроризму ифротгароӣ ва таъсири он ба кишвари мо изҳори назар карданд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Акрам САНГЗОДА бо сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Маъруф АБДУҶАББОРОВ дар ин мавзӯъ суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: Сарвари давлати тоҷикон дар ин мулоқот, ки ҳадафи он ошкор кардани норасоиҳо ва камбудиҳо дар ҷомеа арзёбӣ гардид, аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки технологияи муосири иттилоотӣ аз ҷониби доираҳои террористӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Кадом сабабҳо боиси фароҳам омадани чунин шароити хатаровар шудаанд?

М.Абдуҷабборов: Маъмул шудани истифодаи компютерҳои шахсӣ, телефонҳои мобилӣ, смартфонҳо ва дастрасӣ ба Интернет сарҳадҳои классикии таъсир ба инсонро ночиз намуда, зуҳуроти зӯроварию ифротгароӣ ҳамчун қувваи сарҳаднопазир имкони озодона ба ҳар як хона ворид шуданро пайдо кард. Агар дар гузашта Интернет аз ҷониби авбошони шабакавӣ мутлақо ба хотири манфиатҳои молиявӣ истифода мешуд, ҳоло имкониятҳои фазои маҷозӣ ба дасти бозингарони хатарноктарин, ки ҳадафҳои сирф сиёсиро пайгирӣ мекунанд, интиқол ёфтааст. Аз ин рӯ, кибертерроризм аз рӯи миқёс, имкониятҳои техникӣ ва пайомадҳои худ дар баробари терроризми анъанавӣ ва ҷинояткории муташаккил дар як радиф қарор мегирад ва шояд таҳдидҳои он бештар бошад.

 

Ташвишовар ин аст, ки гурӯҳҳои экстремистӣ на танҳо бо минтақа, давлат, гурӯҳҳои иҷтимоии алоҳида шеваҳои хоси муносибатро ба роҳ мемонанд, балки иқтидори технологӣ имкон додааст, ки бо ҳар фард бо усулҳои хос кор баранд. Ин таҷриба нисбат ба Тоҷикистон низ бо усулҳои санҷидашуда пиёда мешавад.

АМИТ «Ховар»: Усулҳои санҷидашуда, яъне чӣ? Метавонед ин гуфтаҳои худро муфассал шарҳ диҳед?

М.Абдуҷабборов: Ташкилотҳои экстремистӣ хуб медонанд, ки дар ҷомеаҳои шарқӣ, бахусус дар Тоҷикистон ду анъанаи муносибатҳои иҷтимоӣ ҳамчун омили асосии устувории сиёсӣ ва ҳувияти фарҳангӣ мавҷуд мебошад: яке- ахлоқан тобеъ будан ба волидайн ва дигар- эътиқод ба шахсияти Президенти ҷумҳурӣ ва институтҳои ҳокимияти давлатӣ. Яке ҳамчун омили пойдории оила ва дигаре ба сифати устувории сиёсат дар кишвар баромад мекунад. Ба ҷуз ин ду омил дар симои сарвари сиёсӣ халқ ҳастии давлатдории худро мебинад, яъне сардори давлат меъёри пойдории сулҳу ваҳдат, ҳукумати муваффақ ва барорандаи орзую омоли миллӣ шинохта мешавад.

Аз нигоҳи тактикӣ гурӯҳҳои экстремистӣ дар навбати аввал кӯшиш мекунанд, ки пояҳои ин ду эътиқодро аз байн баранд. Ҳукуматҳоро бо далелу бурҳонҳои авомфиребона «куфр» ва волидайни онҳоро «кофир» эълон мекунанд ва шахсро тарғиб мекунанд, ки ҳар чи зудтар аз ин фазои «куфр»-у пайвандони «мушрик» дур шавад. Дар натиҷа шахс аз ду вобастагии инсонию шаҳрвандӣ, ки метавонистанд дар оянда монеаи амалкардҳои ифротгароӣ шаванд, канор меравад.

Ҳамин тавр, бо чунин шеваҳо гурӯҳҳои экстремистӣ мекӯшанд тамоми меъёр, андоза, ченак ва тарозуи баҳогузории шахсро ба ҳодисаҳо ва атрофиён бепоя хонда, фақат ду меъёри асосиро ҳамчун «асл» дар мағзи ӯ ҷо кунанд, ки ин меъёр кофир ё мусулмон будан аст. Ҷавони мағзшуста берунтар аз инҳо меъёри дигари инсоншиносиро намебинад.

АМИТ «Ховар»: Ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ танҳо ба мағзшӯии ҷавонон иктифо намекунанд, балки аз дигар имкониятҳои Интернет низ фаровон истифода мебаранд. Ҳамин тавр не?

М.Абдуҷабборов: Бале! Воқеан ҳам дар шабакаи Интернет имрӯз анбӯҳи сомонаҳое мавҷуд аст, ки дар онҳо на танҳо ақидаҳои ифротӣ тарғибу ташвиқ мешаванд, балки дарсҳои маҷозии террористӣ, дастуруламали видеоии аз воситаҳои дастӣ омода намудани силоҳи оташфишон, моддаҳои тарканда ва ғайра таълим дода мешаванд. Яъне, экстремизм ва терроризм аз як падида ба «мактаб»-е табдил ёфтаанд, ки тамоми воситаҳои назариявию аёнии таълимро дорост. «Мактаб»-е, ки насли ифротгаро тарбия мекунад.

АМИТ «Ховар»: Роҳи мубориза бо чунин «мактаб»-ҳо ва таълимоти террористӣ-экстремистӣ кадом аст?

М.Абдуҷабборов: Роҳи муфид ва самараноки мубориза ба таълимоти ташкилоти террористӣ-экстремистӣ мактабу маориф, илму дониш мебошад. Насли имрӯз дар ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонишуда зиндагӣ мекунад, ки онро «ҷамъи хавфи умумӣ» меноманд. Ин хавфро на бо силоҳи пуриқтидори ҳарбӣ, балки бо маърифат метавон пешгирӣ кард. Дар ин самт, мактаб бояд дар баробари ба толибилмон додани илм ҳамзамон аҳамияти илмро низ талқин кунад. Баъзе ҷавонон ҳанӯз дар курсии мактаб на аз рӯи зарурат, балки дар заминаи шавқ меҳри ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанро дар дил мепарваранд. Ҳамин тарзи муносибат аллакай ифодаи дар майнаи сари толибилм парвариш наёфтани аҳамияти илм мебошад. Ин дар ҳолест, ки бахши зиёди ҷавонони кишвар аслан дар муҳоҷират рӯҳияи ифротӣ мегиранд. Омӯзонидани аҳамияти илм толибилмро намегузорад, ки донишомӯзиро хотима диҳад, балки ӯ дар пайи ҷустуҷӯи имкониятҳои дигар ҷиҳати такмил додани донишҳои худ мешавад, ки ин қадами ҷиддӣ дар роҳи пешгирӣ аз ифротӣ шудани ҷавонон аст.

Дар шароити имрӯза омода намудани кадрҳои боихтисос дар соҳаи технологияи иттилоотӣ, ки ба бурдани муборизаи самаранок бо интернет–экстремизм қодир бошанд, зарур аст. Мувофиқи маълумот, танҳо дар шабакаи иҷтимоии «Твиттер» 45 ҳазор аккаунтҳо бо номи «Давлати исломӣ» ба қайд гирифта шуда, шумораи сомонаҳои экстремистӣ то ба 10 ҳазор расидааст, ки онҳо ба чархаи пурқуввати тарғиботии террористон табдил ёфтаанд.

Мубориза бо ин селаи бузурги ифротӣ барои давлат ба танҳоӣ даст намедиҳад. Дар баробари фарҳанги истифодаи иттилоот маданияти ҳазми он низ зарур мебошад.

АМИТ «Ховар»: Аз номи «аккаунт»-ҳо ва сомонаҳо маълум аст, ки онҳо террористӣ ва хатарнок хастанд, вале бо вуҷуди ҳамин ҷавонон ба саҳифаҳои ин сомонаҳо ворид мешаванд…

М.Абдуҷабборов: Бояд гуфт, ки ҳеҷ гоҳ ин сомонаҳо ошкоро худро террористӣ ва ё экстримистӣ нишон намедиҳанд, балки бо номҳои маърифатию динӣ амал карда, маводи хислати амри маъруф доштаро нашр мекунанд. Амри маъруфи таҳрифшуда маъмултарин силоҳи манипулятсияи омма аз ҷониби ин гурӯҳҳо мебошад. Аз ин рӯ, ҳангоми дучор шудан ба маводи экстремистӣ шаҳрвандон бояд зуд ба мақомот хабар диҳанд. Масалан, дар Россия «Маркази миллии иттилоотии мубориза бо терроризм ва экстремизм дар соҳаи таълим ва шабакаи Интернет» фаъолият мекунад, ки бар зидди падидаҳои зикршуда мубориза мебарад. Дар сомонаи расмии он гӯшаи махсус сохта шудааст, ки ҳар як хоҳишманд метавонад оид ба маводи видеоӣ, аудиоӣ ва ғайра, ки аз дидгоҳи ӯ мазмуни экстремистӣ доранд, хабар диҳад. Баъдан, мутахассисони бахш аз рӯи он кор мебаранд. Ҳар рӯз даҳҳо иттилоот оид ба пайдо кардани маводи экстремистӣ ба суроғаи ин сайт ворид мешавад. Ин таҷрибаи неки ҳамкорӣ ҳам шаҳрвандонро ҳавасманд ва ҳам кори мақомотро осон намудааст. Дар Тоҷикистон низ ҷорӣ намудани чунин таҷриба ва механизми ҳамкории мубориза бо падидаҳои ифротӣ, бахусус мубориза бар зидди паҳн шудани маводи ифротӣ дар шабакаи Интернет мувофиқи мақсад шуморида мешавад.

АМИТ «Ховар»: Чун аз таҷрибаи дигар кишвар ёдовар шудед, мехостам бипурсам, ки оё дар хусуси мониторинги Интернет метавонед маълумоти муфассал барои хонандагони «Ховар» пешниҳод кунед? Дар хусуси блогерҳо чӣ андешаҳо доред?

М.Абдуҷабборов: Мониторинги пайвастаи Интернет усули босамари пешгирӣ ва мубориза бо интернет-экстремизм мебошад. То ин дам чандин ташкилоти байналмилалӣ оид ба осебпазир будани низоми амнияти иттилоотии кишвар мавод нашр карданд. Сухан атрофи он намеравад, ки то куҷо тадқиқоти мазкур субъективона ва ё объективӣ мебошанд. Балки бояд дар кишвар низоми миллии мониторинги шабакаи Интернет мавҷуд бошад, то ҳамасола дараҷаи устувории иттилоотии он мавриди таҳлилу натиҷагирӣ қарор гирад ва нисбат ба мушкилоти ҷойдошта тадбирҳо андешида шаванд. Чунин тадбирҳо на танҳо барои мубориза бо таҳдидҳои берунӣ муҳиманд, балки иқдомҳои нигоҳдошти устувории иттилоотӣ ва ҷиноятҳои шабакавиро, ки аз ҷониби сокинони кишвар анҷом дода мешаванд, пешгирӣ менамоянд. Зеро дар оянда вобаста ба рушди низоми иттилоотӣ-интернетии коммуникатсия дар кишвар имкон дорад, ки теъдоди ҷиноятҳои маҷозӣ аз ҷиноятҳои ғайримаҷозӣ зиёдтар шавад. Дар ин самт ҳамкории зичи байни ширкатҳои дастраскунандаи Интернет ва мақомоти давлатӣ зарур шуморида мешавад.

Тавре ки медонем, дар фазои иттилоотӣ ва коммуникатсионию сиёсӣ айни замон субъектони нав, ба монанди блогерҳо, подкастерҳо ба сарчашмаҳои муътабари иттилоот мубаддал мешаванд. Ин раванд аз як тараф ҷанбаи мусбат дошта, майдони озодии ақида, андеша ва баёнро тақвият мебахшад, аз ҷониби дигар иттилооти бетаҳрир, назоратнашаванда ва дорои хосияти субъективӣ метавонад аввал ба шуур ва баъдан ба рафтори аудитория таъсири манфӣ расонад. Сухан атрофи он меравад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ шахс худ муаллиф ва муҳаррир аст.

АМИТ «Ховар»: Дар мубориза ба муқобили таҳдидҳои иттилоотӣ доштани стратегияи хос зарур аст ё не?

М.Абдуҷабборов: Муҳаққиқон имрӯз ақидаеро пеш мегузоранд, ки истиқлолияти комили давлатиро бидуни истиқлолияти иттилоотӣ тасаввур кардан номумкин аст. Маҳз имрӯз бисёр ташкилоти байналхалқӣ ва давлатҳо стратегияи хоси мубориза бар зидди таҳдидҳои иттилоотиро таҳия кардаанд.

Дар Тоҷикистон санади меҳварие, ки соҳаи мазкурро танзим мекунад, «Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки соли 2003 қабул шудааст. Консепсияи амнияти иттилоотӣ маҷмӯи мақсадҳо, вазифаҳо, принсипҳо ва самтҳои асосии таъмини амнияти иттилоотии мамлакатро ифода мекунад. Аммо аз таърихи қабули Консепсияи мазкур имрӯз 15 сол сипарӣ мешавад. Дар тӯли 15 сол воқеиятҳои ҷаҳони иттилоотӣ дигаргун шудаанд, таҳдидҳо қиёфаи нав ба худ гирифтаанд ва воситаҳои иттилоотӣ ба таври бесобиқа такмил ёфтаанд. Аз ин рӯ, ҷавобгӯ будани ин санади меъёрӣ ба тақозои вақту замон зери суол меравад. Масалан, дар бораи Интернет, ки имрӯз ба унсури асосии фазосози иттилоотӣ табдил ёфтааст, дар консепсия дақиқан сухан намеравад. Ҳол он ки имрӯз дар Тоҷикистон қариб 3 миллион муштариёни шабакаи Интернет мавҷуд буда, ҷанбаҳои мухталифи фаъолияти сокинон ба он вобастагӣ пайдо кардааст. Зимнан, барои ба воқеиятҳои муосир тавъам намудани моҳияти консептуалии чораҳои ҳифзи иттилоот ва мубориза бар зидди таҳдидҳои иттилоотӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Консепсияи зикршуда бамаврид шуморида мешавад. Яъне қадами дигар дар роҳи мубориза ба таҳдидҳои иттилоотӣ такмили заминаи меъёрию ҳуқуқӣ мебошад.

Бояд зикр намуд, ки такмили заминаи меъёрӣ, албатта, ниҳояти мубориза бо падида нест. Барои он ки давлат аз дидгоҳи иттилоотӣ ҳифзшуда бошад, инфрасохтори интернетӣ, системаи муташаккили тарғибот, низоми хоси бурдани ҷанги иттилоотӣ низ зарур мебошанд.

Ҳамин тавр, дар шароити муосир ҳифзи амнияти иттилоотӣ яке аз таркибҳои асоситарини манфиатҳои миллӣ ба шумор рафта, дар партави чораҳо ва механизмҳои мубориза бар зидди таҳдидҳо ба амнияти иттилоотии кишвар манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат низ ҳифз хоҳанд шуд.

Сарчашма: АМИТ "Ховар"