Асосӣ: Амнияти минтақавӣ Дар Душанбе саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар таъмини амният ва субот дар марзҳои ҷануби ИДМ баррасӣ гардид
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз38
mod_vvisit_counterДирӯз1586
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1624
mod_vvisit_counterДар ин моҳ16110
mod_vvisit_counterҲамагӣ1428558
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Декабри
10
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Дар Душанбе саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар таъмини амният ва субот дар марзҳои ҷануби ИДМ баррасӣ гардид

29.05.2018

Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ якҷо бо Ҳаракати ҷамъиятии «Дӯстони Россия» дар мавзӯи «Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар таъмини амният ва субот дар марзҳои ҷануби ИДМ» ҳамоиш баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории конфронс хабар медиҳад, дар ҷаласа олимон, коршиносон, таҳлилгарони масоили Афғонистон ва минтақа, намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти қудратӣ ва ҳимояи ҳуқуқу тартибот ва хадамоти махсус, ҳамчунин намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон иштирок доштанд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар мақсади асосии конфронсро нишон додани саҳми бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия

Владимир Путин дар таъмини амният ва субот дар марзҳои ҷануби кишварҳои аъзои СААД, махсусан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи мураккабу печидаи муосири геополитикӣ ва тағйироти низоми робитаҳои байналмилалӣ арзёбӣ намуд. «Ҳадаф аз доир намудани ҳамоиш ба таври равшану возеҳ нишон додани он аст, ки чӣ гуна сарони ду давлат бо тадбирҳои сиёсию дипломатӣ, ҳарбию техникӣ ва созмондиҳӣ сохтори таъмини амният ва субот дар минтақаро заминагузорӣ кардаанд. Чӣ гуна онҳо дар асоси ҳусни тафоҳум ва эътимоди мутақобилаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ ба кумаки мутақобила ва шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия таҳким мебахшанд»,-афзуд Х.Холиқназар.

 

Дар ҷараёни ҳамоиш аз ҷониби иштирокчиён зикр карда шуд, ки барои таҳкими амният дар минтақа воқеан ҳам хизматҳои ҳам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳам Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин хеле муассир ва бузург аст.

Сарчашма: "АМИТ Ховар"