МУЛОҚОТ БО ДОНИШМАНДИ АМРИКОӢ |
25.05.2018
Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров кушода, меҳмони олиқадрро ба сарзамини тоҷикон хайрамақдам гуфт. Сипас дар назди ҳозирин профессор Суҳроби Беҳдод дар мавзӯи "Муносибатҳои Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар марҳилаи нав" суханронӣ намуд. Сипас донишманди амрикоӣ ба суолҳои гуногуни ҳозирин посухҳои қаноатбахш дод. Дар поёни мулоқот муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров ба профессор Суҳроби Беҳдод барои маърӯзаи илмии пурмуҳтаво арзи сипос намуда, мулоқотро натиҷагирӣ ва ҷамъбаст кард.Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
|