Асосӣ: Макроиқтисод РУШДИ РОБИТАҲОИ ХОРИҶӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз360
mod_vvisit_counterДирӯз1581
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта8721
mod_vvisit_counterДар ин моҳ24005
mod_vvisit_counterҲамагӣ1350876
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Октябри
21
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

РУШДИ РОБИТАҲОИ ХОРИҶӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

24.05.2018

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳо бо кишварҳои хориҷӣ сиёсати «дарҳои кушод»-ро муқаррар намуд, ки он дар рушди робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ба яке аз омилҳои муҳимтарин табдил ёфт. Дар консепсияи сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ доир ба ин масъала чунин тавзеҳ дода шудааст. «Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғараз буда, зимни татбиқи он, Тоҷикистон омодааст бо ҳамаи кишварҳои дуру наздик робитаҳои дӯстона ва эътирофи манфиатҳои тарафайнро дар асоси эҳтироми ҳамдигар, барбарӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд густариш диҳад».

Дар тӯли солҳои истиқлоият ҳамин талаботи оқилона мавриди амал қарор гирифт ва Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ ягон кишварро ба ҳайси «кишвари душман» зикр накардааст. Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар асоси эҳтироми тарафайн ва ҳусни тафаҳум барқарор гардидаанд.

Соли 2017 Тоҷикистон муносибатҳои судмандро бо зиёда аз 100 кишвари хориҷӣ ба роҳ монда, ҳамкориҳо дар сатҳи бадланд ба роҳ монд. Дар ин давра 3973,1 млн. доллари амрикоиро ташкил дод, ки суръати рушди он 1,1 фоиз ё ки 43 млн. доллари амрикооиро ташкил дод. Аз он 1198,1 млн. долл. ИМА содирот ва 2775 долларро ворид ташкил намуд.

Дар соли сипаригардида шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон Россия, Қазоқистон, Хитой, Туркия, Ӯзбекистон, Люксембург, Олмон, Афғонистон, Швейтсария, Эрон Туркманистон, Қирғизистон ва дигарон ба ҳисоб мераванд. Дар маҷмӯъ ҳиссаи давлатҳои аъзои ИДМ 52,5 фоиз ва давлатҳои хориҷаи дур 47,5 фоизро ташкил медиҳанд.

Мақомоти идораи давлатӣ талош намуданд, ки нақшаҳои дар Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 муайяншуда дар амал татбиқ гардида, иқтидори содиротии мамлакат рушд ёбад ва вобастагии бозори истеъмолӣ аз воридоти молу маҳсулот ҳарчи камтар гардад. камтар гардад.

Дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ ҳиссаи содирот аз 20 фоизи соли 2015-ум то 30,2 фоиз дар соли 2017 афзоиш ёфта, ҳиссаи воридот аз 80 фоиз то 69,8 фоиз кам шуд. Чанд сол муқаддам сохтори содироти кишвар асосан аз алюминийи аввалия, нахи пахта ва сабзавоту мева ташаккул меёфт. Ҳоло бошад, андешидани тадбирҳо дар самти тақвияти истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва воридотивазкунӣ имкон дод, ки дар таркиби содирот ҳиссаи маъданҳо, семент, қувваи барқ, маҳсулоти тайёр аз пахта, шоҳӣ, пустҳои коркардшуда, металлҳои сиёҳ ва дигарҳо афзоиш ёбад.

Шарикони асосӣ аз рӯи амалиёти содиротӣ давлатҳои Қазоқистон, Туркия, Люксембург, Афғонистон), Швейтсария, Ӯзбекистон, Тайван, Хитой Россия, Эрон), Нидерланд Покистон ғайра мебошанд. Бояд қайд намуд, ки ҳам вазни хоси содиротии кишвар асосан аз ҳисоби фурӯши номгӯи маҳдуди маҳсулот, аз қабили маъдану консентратҳо, тилло, нуқра ва металҳои қиматбаҳо, алюминийи аввалия ва маҳсулот аз он, нахи пахта, семент ва қувваи барқ ташаккул ёфтааст.

Содироти меваю сабзавот дар сатҳи зарурӣ ташкил нагардидааст. Аз 3 миллиону 906 тонна меваю сабзавоти истеҳсолшуда танҳо 116 ҳазор тонна ё 3 фоизи он содирот шудааст, ки ин қонеъкунанда намебошад. Инчунин, 576 ҳазор қуттии шартии консерва содирот шудааст. Дар баробари ин, ба ҷумҳурӣ 4700 тона дар ҳаҷми 5,8 миллион доллар ворид шудааст.

Имрӯзҳо дар мағозаҳою супермаркетҳои кишвар хамираи помидор, обу афшурдаҳо ва маҳсулоти макаронии истеҳсоли Қирғизистон, ӯзбекистон, Қазоқистон ва Россия васеъ ба фурӯш бароварда шудаанд.

Дар соли 2017 обу афшурдаҳо 3,5 ҳазор тонна ба маблағи 9,8 миллион доллар, маҳсулоти макаронӣ 13 ҳазор тонна ба маблағи 10,6 миллион доллар ва хамираи помидор 740 тонна ба маблағи 625 ҳазор доллар ворид шудаанд. Ҳол он ки намудҳои гуногуни ин намуди маҳсулот аллакай дар дохили кишвар истеҳсол мешаванд.

Аз ин лиҳоз, тибқи нақшаи чорабиниҳои Паёми Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва дигар мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ба масъалаҳои тақвияти рушди содирот, тезонидани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда аҳамияти махсус диҳад. Ҳамчунин вазифа гузошта шуд, ки бахши давлатӣ ва бахши хусусӣ ҷиҳати тақвияти коркарди нахи пахта, пӯсти хом, пилла, ангур, мева ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин ашёи хоми минералӣ ва консентратҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар сохтори содироти кишвар ҳиссаи маъдану консентратҳо ба таври назаррас то 32,3 фоиз афзоиш ёфт. Тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2017 аз ҷониби ширкатҳои саноати кӯҳӣ содироти маъдану консентратҳо дар ҳаҷми 387,3 млн. доллар амалӣ шуд, ки дар қиёс бо соли гузашта 148,2 млн. доллар зиёд мебошад. Нархи миёнаи содиротии ин номгӯи маҳсулот дар давраи ҳисоботӣ ба 1100 доллар барои як тонна баробар гардид, ки дар қиёс ба соли 2016 295 доллар боло рафтааст.

Дар доираи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти солимгардонии вазъи молиявии КВД “Ширкати алюминийи Тоҷик” бояд ҳаҷми истеҳсоли алюминийи аввалия ва маҳсулот аз он давра ба давра афзун гардад. Вале, нишондиҳандаҳои истеҳсолии корхона дар соли гузашта гувоҳи он аст, ки вазъият ҳанӯз ба эътидол наомадааст.

Талаботи бозори дохилӣ нисбати маҳсулоти тайёр аз алюминийи аввалия зиёд аст, танҳо воридоти ноқилҳо ва маҳсулоти ниёзи мардум дар як сол беш аз 37 млн. долларро ташкил медиҳад. Дар мавриди ташкили истеҳсолоти воридотивазкунанда ва васеъ намудани номгӯи молҳо аз алюминий метавон ин нишондиҳандаро ба маротиб афзун намуд.

Маҳсулоти дигаре, ки дар сохтори содирот ҳиссаи назаррас дорад нахи пахта ва маҳсулоти тайёр аз он мебошад. Бо мақсади таъмин намудани иқтидорҳои истеҳсолоти ватанӣ бо ашёи хом дар доираи тадбирҳои Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 14 ноябри соли 2016 ба тавсиб расид, ки мутобиқи он боҷи содиротӣ ба ивази андоз аз фурӯши нахи пахта ҷорӣ карда шуд.

Баъда аз қбул гардидани қабул гардидани санади мазкур коркарди сикли дуюми нахи пахта дар давоми соли ҳисоботӣ ба маротиб афзоиш ёфт. Дар маҷмӯъ ҳаҷми содироти нахи пахта ва маҳсулоти тайёри он 179,6 млн. долларро ташкил дод, ки нисбати соли гузашта 27,7 млн. доллар зиёд аст.

Боиси зикр аст, ки дар мавриди ташкили истеҳсолоти ниҳоӣ арзиши содиротии он ба маротиб афзуда ва вориди асъори қобили табдил ба буҷети ҷумхурӣ зиёд мегардад. Тибқи пешбинии Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 то соли 2020 маҳсулоти тайёр дар ҳаҷми 467,5 млн. доллар ба нақша гирифта шудааст.

Дар соли 2017 аз ҷумҳурӣ 118,6 ҳаз. тонна маҳсулоти кишоварзӣ бо арзиши умумии 17,3 млн. доллар содирот гардидааст, ки дар қиёс ба соли 2016 аз рӯи ҳаҷм 51,8 ҳаз. тонна ва аз рӯи арзиш 4,5 млн. доллар кам мебошад. Дар сохтори содиротии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хушкмеваҳо 34,1 фоиз, ангур 23,1 фоиз, пиёз 13,8 фоиз, меваҳои тару тоза 10,4 фоиз ва ғайраҳо ташкил медиҳад.

Айни замон ҳолати бастабандии баъзе намуди маҳсулот дар сатҳи стандартҳои байналхалқӣ ташкил карда нашудааст. Бинобар ҳамин дар сохтори содироти маҳсулоти кишоварзӣ чормағз, зардолуи хушк ва тару тоза, хуч, ангур, мавиз арзиши баланди истеъмолӣ доранд ва зарур аст, ки онҳо дар шакли борпечкардашуда бо нишондоди хусусиятҳои истеъмолӣ ба харидорон пешниҳод карда шаванд. Ҳоло дар ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти номбурда фақат 6 фоизи онҳо дар намуди борпеч ё коркарди ниҳоӣ содирот гардидааст.

Бисёр масъалаҳое мавҷуданд, ки онҳоро ҳал намудан мувофиқи мақсад мебошад. Ба чунин масъалаҳо сертификатсиякунонии маҳсулот, маркетинг, идоракунии сифат ва логистикаи ҳамлу нақлро шоми намудан мумкин аст. Баҳри иҷрои талаботи мазкур маҳсулоти истеҳсолнамудаи соҳибкорони ватаниро ба бозорҳои кишварҳои Аврупо ва Осиё содир намудан имконнопазир аст.

Аз ин рӯ, вазоратҳои кишоварзӣ, нақлиёт, Агентии Тоҷикстандарт, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти мутасаддиро зарур аст, ки дар масъалаи таҷҳизонидани озмоишгоҳҳои санҷишӣ бо технологияи муосир ва аккредитатсияи онҳо аз тарафи ниҳодҳои байналмилалӣ, сохтмони анборҳо ва сардхонаҳои маҳсулотнигоҳдорӣ, таҳияи стандартҳо ва регламентҳои техникӣ, идоракунии сифат, ташкили марказҳои логистикӣ ҷиҳати ҳамлу нақли маҳсулот ва дарёфти бозорҳои харид чораҳои зарурӣ андешанд. Ҳоло бозорҳои асосии фурӯши меваю сабзавот ва маҳсулоти коркарди онҳо Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Туркия, Покистон, Ироқ, Афғонистон, Белорус ва ғайра ба ҳисоб мераванд.

Тайи солҳои ахир дар натиҷаи мавриди истифода қарор додани иқтидорҳои истеҳсолии ватанӣ ба мисли ҶДММ «Хуаксин ғаюр семент» ҶММ «Тоҷ-чайна», ҶДММ «Ҷунтай моҳир семент», ҶСК «Сементи тоҷик» ҶСШП «Ғаюр» ва ғайраҳо бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватании воридотивазкунанда таъмин гардида, ҳаҷми содироти семент давра ба давра афзоиш ёфта истодааст. Соли 2017 содироти 970,1 ҳазор тонна семент бо арзиши умумии 45,9 млн. доллар ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиёс ба соли гузашта 680,2 ҳазор тонна ё 30,4 млн. доллар зиёд мебошад. Семент ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ӯзбекистон (ва Қирғизистон содир мегардад. Дар солҳои минбаъда ҷуғрофиёи содироти семент боз ҳам васеътар хоҳад гардид.

Дар сохтори воридот ҳиссаи маҳсулоти озуқа 21,7 фоиз, маҳсулоти нафтӣ 17,1 фоиз, воситаҳои нақлиёти заминӣ 7,3 фоиз, металлҳои сиёҳ 6,5 фоизро ташкил медиҳад. Воридоти маҳсулоти озуқаворӣ аз рӯи ифодаи арзишӣ дар қиёс ба соли 2016 18,9 млн. доллар кам гардидааст. Дар сохтори воридоти маҳсулоти озуқа ҳиссаи орду гандум ва маҳсулот аз онҳо 35,6 фоиз, равғани растанӣ 15,5 фоиз, қанд ва маҳсулоти қаннодӣ 12,3 фоиз, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 6,7 фоиз, маҳсулоти тайёр аз орд ва гандум 6,4 фоизро ташкил медиҳад.

Вазни хоси маҳсулоти нафтӣ низ дар воридот назаррас аст ва тибқи маълумоти мақомоти гумрук дар соли 2017 426,1 ҳазор тонна маҳсулот бо арзиши 265,9 млн. доллар ворид гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 46,1 ҳазор тонна коҳиш ёфта, ифодаи арзишии он 9,3 млн. доллар зиёд гардидааст. Ҳолати мазкур бар асари коҳиш ёфтани талаботи иқтисодиёт ва гузаштан ба навъҳои алтернативии сӯзишворӣ ба амал омад.

Нархи гази моеъ нисбати бензин арзонтар мебошад. Аз ин лиҳоз дар соли ҳисоботӣ 353,2 ҳазор тонна гази моеъ бо арзиши умумии 161,3 млн. доллар ворид гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 3,9 ҳазор тонна ё 1,1 млн. доллар афзоиш ёфтааст.

Солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воридоти таҷҳизоти технологӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Соли газашта воридоти таҷҳизотҳои технологӣ 132,8 млн. доллар, маҳсулот аз металлҳои сиёҳ 52,1 млн. доллар, мошина ва таҷҳизотҳои барқӣ 36,1 млн. долларро ташкил намуд.

Воридоти нақлиёти рӯйизаминӣ низ зиёд шудааст. Дар соли сипаришуда воридоти воситаҳои нақлиёти рӯйизаминӣ бо арзиши умумии 201,7 млн. доллар сурат гирифтааст, ки нисбат ба соли гузашта 26,6 млн. доллар зиёд мебошад.

Санаи 29 марти соли 2017, №1408 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» қабул гардид, ки барои воридоти автомашинаҳои нав пардохтҳои гумрукӣ ба андозаи 50 фоиз аз меъёрҳои амалкунанда пешбинӣ гардида буданд. Мувофиқи маълумоти омори гумрукӣ дар давраи то 30 ноябри соли 2017 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоти 12920 адад воситаҳои нақлиёти номбурда ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин санаи соли 2016-ум 6586 адад афзоиш ёфтааст.

Давлатҳои аъзои ИДМ дар сохтори воридот ҳисаи назаррас доранд. Умуман, ҳиссаи Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар сохтори содирот 29,8 фоиз ва воридот 51,1 фоизро ташкил медиҳад. Федератсияи Россия ҳамшарики асосии тиҷоратӣ дар воридоти маҳсулоти нафтӣ, чӯбу тахта, металлҳои сиёҳ, мошинолот, мошинҳои барқӣ ва таҷҳизот ҳиссаи назаррас дорад. Ҳиссаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар воридоти гандум, орд, равғани растанӣ, гази моеъ ва дигар маҳсулоти озуқа бештар ба назар мерасад.

Дар соли 2017 дар натиҷаи беҳтар гардидани ҳамкориҳои тиҷоратӣ гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон тамоюли баландравиро касб намуда истодааст. Гардиши савдои хориҷӣ бо ин ҷумҳурӣ дар соли ҳисоботӣ 1,8 маротиба зиёд гардидааст.

Дар минтақаи Осиёи Маркази рвандҳои ҳамгироӣ густариш пайдо карданд. Моҳи марти соли равон дар ҷараёри сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 27 созишномаю қарорд ва санадҳи дигар ба имзо расидан, даҳ гузаргоҳи нақлиёти ба фаъолият оғоз намуд, дар байни ҳарду ҷумҳурӣ ва минтақаҳои онҳо ба маблағи садҳо миллион доллари амрикоӣ қарордодҳо ба имзо расиданд. Бо нархҳои дастрас гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва барқи Тоҷикистон ба ҷумҳури ҳамсоя интиқол дода шуд. Ҳамкориҳои мутақобилан судманд ояндаи хуб доранд.

Дар соли 2018 барои таҳким бахшидан ба раванди ҳамгироии иқтисоди кишвар дар шароити ҷаҳонишаваӣ, кам кардани таъсири омилҳои беруна, ташкили истеҳсолоти рақобатпазир ва ба содирот нигаронидашуда мақомоти мутасаддиро зарур аст, ки ҷиҳати татбиқи барномаҳои миёнамуддат ва дарозмуҳлат тадбирҳои чораҳои зарурӣ андешанд.

Ғафур Расулов,

сардори Раёсати тадқиқоти макроиқтисодии

Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Бознашр аз рузномаи “Садои мардум” аз 12 майи соли 2018 №58 (3852)