Асосӣ: Навигариҳо КОНФРОНСИ ИЛМИВУ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "АМНИЯТИ ИҶТИМОӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ УСТУВОР
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз288
mod_vvisit_counterДирӯз1408
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4752
mod_vvisit_counterДар ин моҳ19238
mod_vvisit_counterҲамагӣ1431686
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Декабри
13
Панҷшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

КОНФРОНСИ ИЛМИВУ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "АМНИЯТИ ИҶТИМОӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ УСТУВОР

15.05.2018

Имрӯз, 15 майи соли 2018, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмиву амалӣ дар мавзӯи "Амнияти иҷтимоӣ ҳамчун омили муҳими рушди устувор" баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, иштирокчиёни нишасти илмию амалиро хайрамақдам гуфт ва зимни суханронӣ зикр кард, ки амнияти иҷтимоӣ барои суботу оромии ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардум ва пешрафту рушди устувор аҳамияти калон дорад. Аз ин рӯ, баргузории ҳамоиши имрӯза ва баррасии мавзӯи "Амнияти иҷтимоӣ ҳамчун омили муҳими рушди устувор" хеле арзишманду мубрам мебошад ва умед дорем, ки нишасти имрӯза барои тавсеаи минбаъдаи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи амнияти иҷтимоӣ дар кишварамон мусоидат хоҳад кард.

Ҳамин тавр, Конфронси мазкур ба кори худ шурӯъ намуд. Сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа А.Ш.Қурбонов дар мавзӯи "Ташаккули мафҳуми амнияти иҷтимоӣ ҳамчун падидаи иҷтимоӣ–таърихӣ", мудири шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёт, коммуникатсия, аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҷ.З. Икромов дар мавзӯи "Амнияти иҷтимоӣ ҳамчун омили муҳими шуғл ва муҳоҷират", мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Т.Б.Ғаниев дар мавзӯи "Асосҳои назариявии ҷараёни ташакулёбии ҷомеаи иттилоотию касбӣ ва самаранокии системаҳои электронии хизматрасонии соҳибкорӣ", сармутахассиси Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Тӯраев дар мавзӯи "Нақши амнияти иҷтимоӣ дар барномаҳои давлат ва мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон", мудири шуъбаи дорусозии озмоишии Озмоишгоҳи илмиву тадқиқотии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор Ю.Н.Нуралиев дар мавзӯи "Бузургӣ ва имкониятҳои тибби суннатии тоҷик: иқтидори воқеӣ барои рушди саноати дорусозӣ дар Тоҷикистон", муаллими кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тибби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино М.Б.Ҳакимова дар мавзӯи "Фавти модар аз нуқтаи назари тибии иҷтмоӣ", мутахассиси пешбари Раёсати тандурустии вилояти Хатлон доир ба кумаки аввалияи тиббиву беҳдоштӣ Ш.Х.Абдураҳмонов дар мавзӯи "Воридсозӣ ва раванди тибби оилавӣ: имконияти рушд дар вилояти Хатлон", мудири кафедраи эпидемиология ва беҳдошти муҳити зисти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Г.Д.Азимов дар мавзӯи "Аҳамияти иҷтимоӣ ва иқтисодии обтаъминкунии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон", муаллими калони кафедраи эпидемиология ва беҳдошти муҳити зисти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино С.Ф.Шарипов дар мавзӯи "Ҷанбаҳои иҷтимоиву тиббии ҳаёти калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи таърихи тибби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Н.С.Ҷӯраева "Баҳогузории сифати ҳаёти донишҷӯёни се донишгоҳ дар шаҳри Душанбе" суханронӣ намуда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд.

 

 

 

Баъдан пиромуни маърӯзаҳои ироашуда ибрози назар ва табдули афкори арзишманд сурат гирифт. Конфронсро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ҷамъбасту натиҷагирӣ кард ва ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Маркази матбуоти МТС-и назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон