Асосӣ: Маркази матбуот МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «ТАЪМИНИ ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲАМЧУН ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ КИШВАР»
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз228
mod_vvisit_counterДирӯз1408
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4692
mod_vvisit_counterДар ин моҳ19178
mod_vvisit_counterҲамагӣ1431626
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Декабри
12
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «ТАЪМИНИ ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲАМЧУН ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ КИШВАР»

01.05.2018

Рӯзи 30 апрели соли соли 2018 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи гирд дар мавзӯи «Таъмини шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдор, донишмандони соҳаи иқтисодиёту ҷомеашиносӣ, коршиносон ва рӯзноманигорони расонаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Ҳадафҳои Мизи гирд:

• баррасии рушди ояндаи дарозмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мубоҳисаҳои коршиносӣ оид ба самтҳои калидии рушд;

• дастгирӣ ва пешбурди ташаббусҳои ба таъмини самаранокии дигаргуниҳои иқтисодӣ дар доираи шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равонашуда;

• мусоидат ба рушди механизмҳои ҳамкории мақомоти идоракунии давлатӣ, соҳибкорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини шуғли пурмаҳсули аҳолӣ.

Мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки таъмини шуғли пурмаҳсули аҳолӣ яке аз масъалаҳои муҳиму мубрами иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, зеро пешрафту тараққиёти иқтисодиву иқтимоии кишварамон ба таъмини шуғли пурмаҳсулу доимӣ вобастагии зич дорад. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати Ҷумҳурии солҳои охир диққати худро бештар ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ ва таъмини шуғли пурмаҳсули аҳолӣ равона кардааст. Албатта, дар самти таъмини шуғли пурмаҳсули аҳолии кишварамон мушкилоту монеаҳо зиёданд. Бинобар ин, дастгирии пешниҳоду иқдомоте, ки ба таъмини самаранокии рафти ислоҳоти иқтисодӣ дар чорчӯбаи сиёсат ва фазои сармоягузорӣ бо афзалиятҳои соҳавию минтақавӣ барои таъмини шуғли пурмаҳсули шаҳрвандони кишварамон кумак мерасонанд ва баргузории чунин нишасту ҳамоишҳои илмиву амалӣ бо ширкати намояндагони масъули вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, коршиносону мутахассисони варзидаи иқтисодиёт барои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар ин самт мусоидат менамояд.

 

Ҳамин тавр, таҳти раёсати муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муминова ба кори худ шурӯъ намуд. Дар назди ҳозирин мудири шуъбаи тадқиқоти ниҳодии Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демогарафияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.М.Бобоҷонов дар мавзӯи «Масъалаҳои пурмаҳсул будани шуғл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", муовини дирктори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муминова дар мавзӯи "Самтгирии рушди дарозмуддат ва таъмини шуғли пурмаҳсул", сардори Раёсати омори демографӣ ва шуғли аҳолии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Қулов дар мавзӯи "Таъсиси ҷойҳои корӣ ва механизми баҳисобгирии ҷойҳои корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", устоди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон С.Б.Ашӯров дар мавзӯи "Омилҳои рушди шуғли меҳнати пурмаҳсул" суханронӣ намуданд ва ба саволҳои иштирокчиёни Мизи гирд посухҳои қаноатбахш доданд.

Дар нишасти дуюми Мизи гирд пиромуни мавзӯъҳои зерин дар фазои озод мубодилаи афкор, саволу ҷавоб ва изҳори назар сурат гирифт:

–бозори меҳнат: чӣ тавр самаранокии шуғлро таъмин намоем?

–маориф ва шуғли аҳолӣ: равандҳои калидии таъмини самараноки омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳо;

–муҳоҷирати меҳнатӣ: таъсир ба сатҳи зиндагонии мардум;

–нақши сармоягузорону соҳибкорон дар ташкили ҷойҳои кории устувор.

Дар раванди мубодилаи афкор таваҷҷуҳи зиёди ҳозирин ба масъалаҳои таъмини ояндабинии вазъи бозори меҳнат, ҳамоҳангсозии системаи механизмҳои танзими рушди иқтисод дар маҷмӯъ ва махсусан масъалаҳои шуғлу муҳоҷират, ба мушоҳида расид. Аҳамияти дастаҷамъии фаъолият дар самти таъмини шуғли пурмаҳсул: ҳукумат (дар ташаккули базаи меъёрии ҳуқуқӣ ва механизмҳои таъмини шуғли пурмаҳсул), бахши хусусӣ (дар таъмини рақобатпазирӣ ва афзоиш додани сармояи хусусӣ, маориф (дар омода намудани мутахассисони муосир бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат, илм (дар ояндабинии вазъи бозори меҳнат, таҳия намудани сенарияҳои рушд) зикр гардид.

Мизи гирдро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муминова натиҷагирӣ ва ҷамъбаст намуда, таъкид намуд, ки ин ҳамоиш барои рушди минбаъдаи равандҳои ҳамкории мақомоти идоракунии давлатӣ, соҳибкорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини шуғли пурмаҳсули аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуоти Маркази

тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон