Асосӣ: Навигариҳо МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «МАСОИЛИ МУҲИМИ МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ»
+++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++ Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз143
mod_vvisit_counterДирӯз1827
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта8757
mod_vvisit_counterДар ин моҳ34219
mod_vvisit_counterҲамагӣ1160656
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Mайи
25
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «МАСОИЛИ МУҲИМИ МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ»

28.04.2018

Имрӯз, 27 апрели соли 2018, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи гирди корӣ дар мавзӯи «Масоили муҳими мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм» баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш намояндагони Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату муассисаҳои дахлдори давлатӣ, олимону коршиносони варзидаи масоили амниятӣ ширкат варзиданд.

Мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, иштирокчиёни нишастро хайрамақдам гуфт ва зимни суханронӣ мавзӯи масоили муҳими мубориза бо ифротгароиву терроризм ва омилҳои минтақавии зуҳури ин падидаи номатлуб, таҳдидҳои нави ифротгароӣ ва терроризмро ба амнияти миллии Тоҷикистон ва умуман, кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле мубраму муҳим арзёбӣ намуд. Сипас мушовири Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Кенҷазода Хуршед Солеҳ сухани ифтитоҳӣ ироа намуд ва таъкид кард, ки баргузории чунин

нишасти илмиву амалӣ барои муқовимат ва муборизаи муштарак на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар Осиёи Марказӣ муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Ҳамин тавр, бахши аввали Мизи гирд дар мавзӯи “Стратегияи муқовимат бо терроризм ва тундгароӣ дар минтаҷа ва ҷаҳон” доир гардид. Дар назди иштирокчиёни ҳамоиш прокурори калони Раёсати муқовимат бо терроризм, экстимизм ва назорати қонунҳо дар самти амнияти миллии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимов Орзу Каримович дар мавзӯи "Натиҷаҳои татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар солҳои 2016–2020 дар марҳалаи имрӯза", муовини сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эгамзод Шараф Худобердӣ дар мавзӯи "Таҳкими ҳамкорӣ ва муборизаҳои муштарак бар зидди терроризм ва ифротгароӣ: воқеият ва дурнамо", сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавӯи "Такмили равишҳои фаъолияти иттилоотии зиддитеррористӣ дар партави "Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016–2020" суханронӣ намуданд.

Сипас пиромуни маърӯзаҳои номбурда ҳозирин фикру андешаҳои худро баён карданд. Дар ҷараёни баррасӣ ва муҳокима масоили омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии пайдоиш ва густариши ифротгароӣ ва терроризм ва ҷомеаи Тоҷикистон ва кишварҳои пасошӯравӣ, таъсири ҷараёнҳои муосири геополитикӣ ба амнияти умумии Осиёи Марказӣ; фаъолияти созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ: таҳдидҳо ва роҳҳои муқовимат; тамоюлҳои асосии танзими фаъолияти зиддитерористӣ ва зиддиэкстремистӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва умуман, минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Бахши якуми Мизи гирдро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ҷамъбаст карда, таъкид намуд, ки мавзӯи амният на танҳо таҳдиди берунӣ, ифротгароию терроризм, балки масоили иттилоотӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ низ мебошад, бинобар ин, коршиносонро мебояд, ки ба онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор диҳанд. Ҳар омил боз решаҳои амиқи таърихӣ ва иҷтимоӣ дорад, ки ҷустуҷӯ ва равшан кардани онҳо вазифаи сиёсатшиносон, ҷомеашиносон, низоъшиносон, коршиносон ва дигар пажӯҳишгарон мебошад.

Бахши дуюми Мизи гирд “Усули муассири пешгирӣ ва мубриза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ” ном дошт, ки дар он суханрониҳои сардори шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Розиқов Миралӣ Маҳмадиевич дар мавзӯи "Таҳияи воситаҳои самарабахши мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм дар замони муосир", муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Азизӣ дар мавзӯи "Замина ва роҳҳои асосии рӯй овардани ҷавонон ба ифротгароӣ", сардори Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатторзода Абдуҷаббор Абдурасул дар мавзӯи "Самтҳои асосии муқовимати иттилоотӣ бар зидди идеологияҳои терроризм ва ифротгароӣ" бо мароқи калон шунида шуданд. Баъдан пиромуни суханрониҳо саволу ҷавоб, баҳсу мунозираҳои коршиносӣ ва табодули афкор сурат гирифт.

Мизи гирдро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд. Таъкид карда шуд, ки дар ин нишасти коршиносӣ маҷмӯи масъалаҳои муҳиму мубрами амнияти миллӣ, аз ҷумла чолишу хатарҳои мураккабу бисёрсамтӣ, ки ба масъалаҳои меҳварии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид мекунанд, мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Умедворем, ки натиҷаи ин ҳамоиш барои пешгирии хатару таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда анҷом ёфт.

Хадамоти матбуоти МТС-и назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон