Асосӣ: Маркази матбуот МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ "ДУРНАМОИ РАВАНДҲОИ ҲАМГИРОИИ МИНТАҚАВӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ"
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз286
mod_vvisit_counterДирӯз1026
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта286
mod_vvisit_counterДар ин моҳ25249
mod_vvisit_counterҲамагӣ1317916
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Сентябри
24
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ "ДУРНАМОИ РАВАНДҲОИ ҲАМГИРОИИ МИНТАҚАВӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ"

25.04.2018

Имрӯз, 25 апрели соли 2018 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи гирд дар мавзӯи "Дурнамои равандҳои ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ" баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони сафоратҳои давлатҳои Осиёи Марказиву Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатии кишварамон, олимону коршиносони масоили байналмилалӣ ва васоити ахбори ватанӣ ширкат варзиданд.

Мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров кушода, баргузории чунин ҳамоишро барои мустаҳкам гардидани ҳамгироии минтақавӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва шарикони стратегии онҳо муҳим арзёбӣ кард ва ба иштирокчиёни он барори кор орзу намуд.

Сипас дар назди ҳозирин директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар дар мавзӯи "Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкориҳои минтақавӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ" суханронӣ кард.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон И.С. Лякин-Фролов сухани табрикотӣ ироа намуда, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.М.Сейтимов дар мавзӯи "Дурнамои равандҳои ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ", Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Р.Шоисматов дар мавзӯи "Ӯзбекистон дар равандҳои ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ", Сафири Фавқулода ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ч.Атаев дар мавзӯи "Нақши Туркманистон дар ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ" суханронӣ намуданд.

Сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо дар бораи мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи мазкур изҳори назар намуда, аз ҷумла қайд кард, ки рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, кишвари мо аз тарҳҳои ҳамгироии минтақавӣ ҳамеша ҳимоят намудааст. Имрӯз кишварҳои Осиёи Марказиро на танҳо ҷуғрофия ва таърихи умумӣ, балки манфиатҳои муштарак дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, амниятӣ ва ғайра муттаҳид месозад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи давлатҳои фаъол дар раванди ҳамгироии минтақавӣ ба шумор меравад.

Иштирокчиёни ҳамоиш пиромуни суханрониҳои ироашуда озодона фикру андешаҳои сӯдманди худро баён намуданд.

Мизи гирдро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, аз ҷумла зикр намуд, ки эҷоди муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таъмини рушди иқтисодӣ ва суботи сиёсӣ дар минтақа ба манфиати ҳамаи давлатҳои минтақа ва шарикони стратегии онҳо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуоти Маркази

тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон