Асосӣ: Маркази матбуот КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИВУ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "МАСОИЛИ ВОҚЕӢ ВА ДУРНАМОИ ҲАМКОРИҲО ДОИР БА ҲИМОЯИ ҲУҚУҚҲОИ САЛОМАТИИ ОИЛА ВА БЕМОРОН"
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз360
mod_vvisit_counterДирӯз1026
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта360
mod_vvisit_counterДар ин моҳ25323
mod_vvisit_counterҲамагӣ1317990
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Сентябри
24
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИВУ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "МАСОИЛИ ВОҚЕӢ ВА ДУРНАМОИ ҲАМКОРИҲО ДОИР БА ҲИМОЯИ ҲУҚУҚҲОИ САЛОМАТИИ ОИЛА ВА БЕМОРОН"

25.04.2018

Рӯзи 24 марти соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи Корхонаи воҳиди давлатии "Душанбе-Плаза" Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи "Масоили воқеӣ ва дурнамои ҳамкориҳо доир ба ба ҳимояи ҳуқуқҳои саломатии оила ва беморон" бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмони ҷамъиятии "Лигаи занонони ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дастгирии молиявии Институти "Ҷамъияти кушода"-и Бунёди Мадад дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ раиси Кумитаи кор бо бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода кушода, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва баргузории чунин чорабинии сатҳи байналмилалиро дар ҳаёти иҷтимоии кишварамон падидаи муҳиму мубрам арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ҳамоиши имрӯза барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар соҳаи хизматрасонии тиббӣ, риояи ҳуқуқи инсон дар соҳаи тандурустӣ ва бартараф намудани мушкилоти

мавҷуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Сипас ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, директори иҷроияи Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти "Ҷамъияти кушода"-и Бунёди мадад дар Тоҷикистон И.А. Абдуллоев суханронӣ намуданд.

Ҳамин тавр, бахши аввали Конфронс ба кори худ оғоз намуд. Дар назди иштирокчиёни ҳамоиш директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар "Шарҳи муфассали натиҷаи тадқиқоти сотсиологӣ доир ба баҳогузорӣ ва динамикаи маърифати ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи тандурустӣ/ҳуқуқи беморон" муаррифӣ намуда, зимнан қайд кард, ки риоя накардани ҳуқуқи беморон яке аз масоиле, ки ҳалли он ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва қаноатмандии шаҳрвандон аз соҳаи тандурустӣ мусоидат менамояд. Таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ собит сохтанд, ки масъалаҳои амалисозии ҳуқуқи беморон, дастрасӣ ва хизматрасонии сифатноки тиббӣ бештар дар давлатҳое фаъоланд, ки идораҳои соҳаи тандурустӣ хеле тараққӣ кардаанд ва талаботи мардум ба давлат ва муассисаҳои тандурустӣ баланд аст. Нигарониҳои ҷомеа ва давлат дар бобати ҳуқуқи беморон аз сатҳи пешрафти муайяни соҳаҳои тандурустӣ ва иҷтимоӣ шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон, ҷиҳати расидан ба сатҳи баланди тараққиёт ва раванди баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро амалӣ намудан зарур аст.

Бо дарназардошти ҷиддияти масъалаҳои маърифати шаҳрвандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар самти таъмини ҳуқуқи беморон, Ташкилоти ҷамъиятии "Лигаи занони ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон", созмони ҷамъиятии "Спин Плюс" дар ҳамкорӣ бо Маркази таълимии судяҳо дар назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаблан дар назди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии тоҷикистон), аз соли 2014 то моҳи апрели соли 2016 бо кумаки молии Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти "Ҷамъияти кушода"-и Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ду лоиҳа: «Ниҳодӣ кардани Дастурамал оид ба ҳуқуқи инсон дар соҳаи ҳифзи саломатӣ» ва «Риояи ҳуқуқи инсон дар соҳаи ҳифзи саломатӣ» амалӣ намуданд. Дар натиҷа Роҳнамо ва Модули «Ҳуқуқи инсон дар соҳаи ҳифзи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия, пазируфта ва чоп карда шуд. Ҷиҳати омӯзиши модули мазкур 87 нафар, аз ҷумла 50 нафар судя, 23 корманди муассисаи тандурустӣ ва 14 намояндаи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе ҷалб карда шуданд. Дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ 35 семинар ва семинари маълумотӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 8 семинар, дар ВМКБ 6 семинар, дар ноҳияҳои тобеи марказ 7 семинар, вилояти Суғд 8 семинар ва вилояти Хатлон 6 семинар гузаронида шуд. Ҳамагӣ дар ин чорабиниҳо 2838 нафар (тибқи лоиҳа 1400 нафари ба нақшагирифташуда) иштирок намуданд.

Дар доираи лоиҳаи мазкур созмони "Лигаи занони ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар ҳамкорӣ бо созмони ҷамъиятии «Спин Плюс» ва кумаки молии Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода»-и Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ба амалисозии лоиҳаи «Мониторинги риояи ҳуқуқи инсон дар соҳаи тандурустӣ», ки мақсади он аз муайян намудани сатҳи маълумотнокии гурӯҳҳои мақсаднок доир ба масъалаҳои риояи ҳуқуқи беморон ва моҳияти таъсиррасонӣ ба пешгирии ҳуқуқвайронкунии ҳуқуқи беморон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд, мусоидат кард.

Дар соли 2017 созмони мазкур дар ҳамкорӣ созмони ҷамъиятии «Спин Плюс», муассисаҳои тандурустӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ кӯшиши худро ба баргузории мониторинг ва баҳодиҳии фаъолияти самти маърифати ҳуқуқии беморон дар гузашта равона сохт. Дар ин самт ҳамкорӣ бо Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар мусоидат намудан ба асоснокии нуқтаи назари ҷараёни мониторинги пешравӣ ва ҷамъбасти натиҷаҳо ба анҷом расонида шуд. Барои баргузории ташхис ва мониторинг доир ба масъалаҳои риояи ҳуқуқи инсон дар соҳаи тандурустӣ тарзи сифатии ҷамъоварии маълумот истифода гардид. Дар марҳалаи омодагӣ тадқиқоти кабинетӣ гузаронида шуд, ки аз натиҷаи он шарҳи мазкур бо хулосаҳои асосӣ ва тавсияҳо баҳри фаъолияти оянда дар таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон барои саломатӣ омода карда шуд, ки дар рафти он омӯзиши ҳисоботи лоиҳаи гузашта, ҳисоботи баргузории трегнингҳо ва натиҷагирӣ ба назар гирифта шудааст. Гузориши мазкур дар чорчӯбаи баҳодиҳии фаъолиятҳои қаблӣ дар соҳаи саводии ҳуқуқии беморон омода гардидааст. Дар охири рӯйнамоӣ ба ҳозирин маводи номбурда ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ тақдим карда шуд.

Баъдан сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Шералӣ Раҳматуллоев дар мавзӯи "Назари рушди тандустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои беморон" суханронӣ намуд. Ҳозирин пиромуни маърӯзаҳои ироашуда фикру андешаҳои судманди худро иброз намуданд. Дар бахши дуюми ҳамоиш коршиноси байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Арманистон Виолета Запунян дар мавзӯи "Таҷрибаи Ҷумҳурии Арманистон дар бобати ҳимояи беморон", муовини якуми Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ дар мавзӯи "Фаъолияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳкумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи солимии занон", прокурори калони шуъбаи қабул ва баррасии муроҷиатӣи шаҳрвандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфӣ Ибрагимова дар мавзӯи "Моҳияти ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳвандон дар соҳаи тандурустӣ аз ҷониби мақомоти прокуратура", ҳамоҳангсози лоиҳаи "Мониторинги дар амал иҷро намудани ҳифзи ҳуқуқи беморон" Мансур Сатторов суханронӣ намуданд. Маърӯзаҳои нобурда мавриди баррасӣ ва муҳокитаи иштирокчиёни Конфронс қарор гирифтанд.

Дар бахши сеюми ҳамоиши байналмилалӣ судяи Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилбар Маҳмадшароф дар мавзӯи "Хусусиятҳои хосси баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ва шаҳрвандӣ ҳангоми вайрон кардани ҳуқуқҳои беморон", коршиноси байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Гурҷистон Нино Кикнадзе давр мавзӯи "Таҷрибаи Гурҷистон дар бобати ҳимояи ҳуқуқҳои беморон" ва намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ аз вилоятҳои Бадахшон, Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуданд. Иштирокчиёни ҳамоиш фикру андешаҳои худро пиромуни суханрониҳо баён намуданд.

Дар охир дар доираи мавзӯъҳои баррасишуда барои ҳозирин чунин мулоҳиза ва тавсияҳо пешниҳод карда шуд:

–Бештари пурсидашудагон таҷрибаи баргузории курсҳои маълумотӣ, маърифатӣ, таълимиро дар соҳаи ҳуқуқи беморон, ҳифзи саломатӣ дастгирӣ менамоянд;

–Ба амалҳои сатҳи маҳаллӣ ва идорӣ, афзудани иқтидори сохторҳои маҳаллӣ ва идорӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии беморон ва кормандони соҳаи тиб бештар аҳамият додан лозим аст;

Панҷ тадбири асосие, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи саломатӣ мусоидат менамояд, бештари пурсидашудагон пешниҳод намуданд:

–устувор ва мураттаб гардонидани ҷараёни баҳодиҳӣ дар соҳаи ҳифзи саломатӣ;

–такмилдиҳии тартиби мониторинги сатҳи маърифати ҳуқуқии беморон ва сохторҳои тиббӣ, ҳамкорӣ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидор дар ин самт;

-ҳавасмандкунии ҳамкорӣ ва мутобиқати амал дар соҳаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии беморон ва кормандони муассисаҳои тиббӣ;

–тақвият бахшидани таъмини шаффофияти амалигардонии системаҳои соҳаи тандурустӣ ва судӣ;

–самаранок гардонидани фаъолияти батанзимдарории дастурамалҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва маводи ҳифзи ҳуқуқи беморонро таъминкунанда, ҳавасмандгардонии амалҳои зиддифасодӣ дар соҳаи тандурустӣ ва системаи судӣ.

Тавсияҳо ҷиҳати такмил додани қонунгузорӣ дар бобати ҳимояи ҳифзи ҳуқуқи беморон бо амалҳои зерин вобастагӣ дорад:

–Ҷоннок намудани ташкили кор дар ҷамъият ҷиҳати назари ҳуқуқӣ ба тандурустӣ ҳамчун ба системаи ҳаёттаъминкунанда ва яке аз тарафҳои асосии таъмини амнияти миллӣ.

–Ташкил намудани системае, ки ҳамаи шахсони ҳавасманд дастрас гардонидани маълумоти аслӣ доир ба масъалаҳои риояи ҳуқуқи шаҳрвандон ҳангоми расонидани хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои тандурустии давлатӣ;

–Ташаккул додани таҷрибаи ҳимояи ҳуқуқи беморон бо дарназардошти талаботи байналмилалӣ;

–Ташкил додани системаи мониторинги давлатӣ ва ҷамъиятӣ оиди риояи ҳуқуқи патсиентҳо ва истифодабарандагони хизматрасонии тиббӣ;

–Баланд бардоштани сатҳи фарҳанги хизматрасонии тиббӣ, коркарди таклифҳо ҷиҳати омӯзиши ҳуқуқии кормандони тиб, омода намудани ҳуқуқшиносон барои фаъолият намудан дар соҳаи тандурустӣ ва хизматрасонӣ дар самти ҳимояи патсиентҳо ва истифодабарандагони хизматрасонии тиббӣ;

–Пурзӯр намудани назорати ҷамъиятӣ ҷиҳати иҷрои дастурамалҳое, ки имконияти иҷроиши чорабиниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмиву маърифатӣ, тиббӣ–пешгирикунанда ва ташкилиро таъмин менамоянд ва онҳо ба амаликунии ҳуқуқи шаҳрвандон дар нигоҳ доштани саломатии шахсӣ равона карда шудааст.

Дар ин замина мақсадҳои асосии батанзимдарории ҳуқуқи беморон бо масъалаҳои зер вобастагӣ дошта бошанд:

–пойдор намудани баробарҳуқуқии бемор бо дигар иштирокчиёни хизматрасонии тиббӣ, эътироф намудани бемор дар сифати шахси баробарҳуқуқ;

–бештар аҳамият додан ба ҳуқуқи патсиент, равона намудани меъёрҳои қонунгузорӣ ба бемори муайян;

–танзими қонунгузории ҳуқуқ ва уҳдадориҳои бемор, муносибатҳои вай бо дигар иштирокчиёни хизматрасонии тиббӣ;

–самарабахш ва холисона баррасӣ намудани амалҳои қонуншиканӣ

нисбати беморон ва ба ҷавобгарӣ кашидан нисбати қонуншиканӣ;

–маҳдуд намудани ҳуқуқи беморон дар асоси қонунҳо оид ба ҳифзи саломатӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони дигар;

–назорат ва коршиноси мустақил ба хизматрасонии тиббии сифатнок.

Конфронси байналмилалиро муовини якуми Вазири тандустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба ҳозирин барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуоти Маркази

тадқиқоти стратегии назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон