ТАРҒИБГАРИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ |
11.04.2018 Чанде пеш нашриёти «Ирфон» китоби сиёсатмадор ва сиёсатшиноси машҳури тоҷик муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафар Сайфулло Саъдуллозода «Ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ дар воситаҳои ахбори омма»-ро ба табъ расонид. Дар маҷмӯа як қисми мусоҳибаҳои телефонӣ ва матбуотию телевизионии олими варзида бо рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ гирд оварда шудаанд, ки мавзӯи аслиашон ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Китоб мусоҳибаҳои дар солҳои 2003-2011 доиргардаро фаро гирифта, мавқеи устувори сиёсии муаллифро дар мубориза бо мухолифони сохти конститутсионии кишвар нишон медиҳад. Фаъолият дар вазифаҳои масъули ҳизбию давлатӣ - муовини раиси ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва муносибати байни миллатҳо Сафар Сайфулло Саъдуллозода дар маркази воқеаҳои муҳими сиёсию ҷамъиятӣ қарор доданд. Вай дар мусоҳибаҳо, нишастҳои матбуотӣ, мулоқотҳо бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа, ба саволҳои муҳимтарини сиёсатмадорон ва рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ сари вақт посух гуфта, мавқеи ҷумҳуриро нисбати масъалаҳои мухталиф шарҳу тавзеҳ медод.Ба маҷмӯа директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисттон, доктори илмҳои таърих Худобердӣ Холиқназар пешгуфтор навиштааст. «Дар он, - зикр намудааст олим, - афкору ақидаҳои нодурусти баъзе аз коршиносон ва марказҳои таҳлилии хориҷӣ нисбат ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон рад карда шуда, роҳи дурусти мардуми Тоҷикистон ва дастовардҳои он дар давраи истиқлолияти давлатӣ асосан ба таври зарурӣ нишон дода шудааст». Сайфулло Сафар яке аз устодони илми сиёсатшиносии тоҷик, яке аз соҳибназарони мактаби назариявии миллатсозӣ ва давлатсозии кишварамон мебошад, ки дар ҷомеа обрӯву эътибори зиёде пайдо намудааст. Даҳҳо нафар ҷавонони лаёқатманд ва пажӯҳишмандон таҳти роҳбарии ин шахси хоксору ҳалим дар мавзӯҳои ҳимояи давлати миллӣ, мубориза бо экстримизм ва тунгароӣ ва ғайра рисолаҳои номзадӣ дифоъ намудаанд. Дар фаъолияти илмию сиёсии ин олими забардаст истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими он, фарҳанги нави сиёсӣ дар замони соҳибихтиёрӣ мавқеи марказӣ ва калидӣ доранд. Ҷолиби зикр аст, ки ба саволи мухбири радиои «Озодӣ» Абдуқаюми Қаюмзод «Оё тоҷикон ғояи миллӣ доранд?» ӯ чунин ҷавоб додааст: «Ин ғоя пеш аз ҳама ғояи Истиқлол аст». Муҳтавои китоб аз панҷ қисмат иборат аст: якум масъалаҳои мубрам ва муҳими сиёсати ҷаҳонӣ; дуюм, самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон; сеюм, масъалаҳои муҳими сиёсати дохилӣ, аз ҷумла воқеаҳои водии Рашт, таъйиноти кадрӣ дар мақомоти муталиф, таҳкими суботу амнияти ҷомеа; масъалаи чорум, миллатсозӣ, танзими давлатдории миллӣ мебошад, ки дар ин бора дар васоити ахбори омма фикрҳои ҷолиб баён гардидаанд; панҷум, доир ба «озодии виҷдон», «озодии сухан», «сатҳи фасод» фикрҳои изҳор гардидаанд. Маҷмӯа, ки аз таҳлилҳои илмию публитсистӣ ва ҷавобҳои кӯтоҳу муъҷази Сафар Сайфулло Саъдуллозода иборат аст, барои сиёсатшиносону таҳлилгарон ва умуман доираи васеи хонандагон роҳнамои пурарзиш дар омӯзиши равандҳои Истиқлолияти Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Манучеҳр Расулов, Коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
|