Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот МАҚОМИ ОБУ НАВРӮЗ ДАР РӮЗГОРИ ТОҶИКОН
+++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++ Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз135
mod_vvisit_counterДирӯз1827
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта8749
mod_vvisit_counterДар ин моҳ34211
mod_vvisit_counterҲамагӣ1160648
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Mайи
25
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МАҚОМИ ОБУ НАВРӮЗ ДАР РӮЗГОРИ ТОҶИКОН

02.04.2018

Дар ин рӯзҳои тайёрӣ ба ҷашни қадимӣ ва анъанавии мардум сухан рондан дар бораи Наврӯз ва аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтани ташаббуси Тоҷикистон дар бораи даҳсолаи амали об барои рушди устувор дар солҳои 2018-2028 як фоли нек ва амали савобу гуворост. Зеро обу Наврӯз бо ҳамдигар пайвастагии наздик доранд ва бе об ҳам ҳаёт ва ҳам наврӯз тасаввурнопазиранд. Ҳазорсолаҳо пеш гузаштагони мо боварӣ доштанд, ки ҳама файзу баракат аз ҷумла об низ аз осмон ба замин нозил мешавад. Фариштаи Аноҳид тавассути борони найсон обро ба заминҳои ташналаб, дашту даманҳои фаррохдоман, боғзорҳову гулгаштҳо фаровонӣ медорад. Аз ин рӯ, боришҳои баҳорӣ табаррукӣ ва пурфайзу баракат маҳсуб мешуданд. Воқеан ҳам маҳз ҳамин боришҳои осмонӣ кишвари моро ба саргаҳи оби софу мусаффо, мавзеи дилрабову сабзазор ва оби зулол табдил доданд.

Олимони қадим нисбати об ақидаҳои ҷолиб доранд. Файласуфи Юнони қадим Фалес обро оғози ҳама оғозҳо эълон карда буд. Таърихнависони қадим ҳаёти тоҷиконро вобаста ба дарёҳои ва қуҳҳои осмонбуси ин сарзамини куханбунёд шарҳу тафсир намудаанд. Масалан, олими юнонӣ Страбон, ки 17 китоби ҷуғрофиё таълиф намудааст ва ин китобҳо то рӯзгори мо боқӣ мондаанд, арзишҳои бузурги

маънавии гузаштагони моро вобаста ба фарорасии баҳору зиёдшавии об зикр карда, навишта буд, ки мардумони муқимии байни дарёҳои Омӯ ва Сир дар айёми Наврӯз бо меҳрубониҳои зиёд ба ҳамдигар туҳфаҳо ато менамуданд.

Саёҳи машҳурӣ италиявӣ Марко Поло бошад, кӯҳҳои баланди Помирро, ки махзани лаълу марворид ва пиряхҳои бузург мебошанд, Боми ҷаҳон номидааст ва асрҳои зиёдест, сайёҳону кӯҳнавардони кишварҳои ҷаҳон дар дили худ орзуи тамошои ин кӯҳсори сар ба афлоккашидаро мепарваранд. Дар дини ислом низ об мавқеи хосае дорад. Дар сураи «Фурқон» ояти 54) «Қуръони маҷид» чунин омадааст «Ва Ӯ он Худо аст, ки аз об одамӣ офарид… Ва Парвардигори ту тавоно аст».

Об на танҳо асоси мавҷудияти сайёраи замин, балки асоси ҳастии инсон мебошад. Олимон исбот кардаанд, ки агар аз се ду ҳиссаи рӯйи замин аз об аст, пас, аз се ду ҳиссаи организми инсон низ аз об таркиб ёфтааст.

Ин мисолҳо аз он он шаҳодат медиҳанд, ки проблемаи об, новобаста ба давру замон чун мавзӯи муҳими ҷаҳонӣ арзёбӣ гардидааст.

Дар ҷаҳони муосир сол то сол масъалаи таъминоти об мушкилтар ва печидатар мегардад. Шаҳришавӣ, афзоиши аҳолӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ ва тағйири иқлим, инчунин набудани имконот барои таъмини истифодаи мақсадноки об ва дар оянда авҷ гирифтани мушкилоти марбут ба набудани дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар, хизматрасонии асосӣ дар соҳаи беҳдошт ва малакаҳои қавии тозагӣ, нобаробарӣ ба дастрасӣ, офатҳои гидрологӣ ва норасоии об оварда мерасонад.

Ба навиштаи коршинос Мари Масиа, қариб якуним миллиард нафар дар мамлакатҳои Осиёву Африқо ва Амрикои Лотинӣ норасоии оби ошомиданиро аз сар мегузаронанд. Ин ҳам дар ҳоле мебошад, ки СММ соли 2009 дар Форуми панҷуми байналмилалии об иттилоъ додааст, ки истеъмоли оби тоза дар давоми 50 соли охир 3 баробар зиёд шуда, дар минтақаҳои васеи ҷаҳони рушдёбанда то ҳол ба оби нӯшокии безарар дастрасии нобаробар боқӣ мондааст.

Нобаробар тақсим шудани сарчашмаҳои обӣ дар ҷаҳон боиси дар сатҳи ҷаҳон баррасӣ гардидани масъала ва хавотириву нигаронии аҳли башар гаштааст. Захираҳои бузургии обии мамлакат, воқеаҳои вобаста ба об, мушкилоти мардуми ҷаҳонро ба эътибор гирифта, Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомали Раҳмон бо ташаббусҳои хоса баромад намуданд.

То имрӯз чор пешниҳоди Президенти Тоҷикистон доир ба об аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт. Пешниҳоди аввал дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (1 октябри 1999) дар бораи эълон намудани соли 2003 Соли оби тоза. Дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии СММ соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. 29 август 1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид.

Пешниҳоди дуюми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт». 23 декабри соли 2003 Маҷмаи Умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015 ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон кард..

Пешниҳоди сеюм доир ба эълон намудани соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (20 декабри 2010). Тибқи ташаббуси мазкур 20-21 августи 2013 Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

21 декабри соли 2016 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи қабули Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028-ро қабул намуд, ки он аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид. Бинобар ҳамин, пешниҳоди Тоҷикистон Президент аз ҷониби 193 кишвари ҷаҳон дастгирӣ ёфт.

Эълон гардидани даҳсолаи дуюми байналмилалӣ таҳти унвони «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки ташаббуси чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи об мебошад, собит намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва ҷонибдори сиёсати «дарҳои боз» ҳамеша ба ҳалли мушкилоти глобалӣ, хусусан таъмини сайёра бо оби тозаи ошомиданӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷомеаи ҷаҳонро барои ҳамкорӣ дар ин самт даъват менамояд. Холо бисёр ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки аврупоии таҷдид ва рушд кишварҳои Олмон ва Ҷопон дар ин замина бо Тоҷикистон ҳамкорӣ менамоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон моҳи сентябри соли 2017 дар ҷаласаи СММ дар масоили рушд ва истифодаи оқилонаву устувори захираҳои об изҳор доштанд: «Тағйирёбии глобалии иқлим, ки ба захираҳои об таъсири манфӣ мерасонад, саъю кӯшишҳои моро ҷиҳати ноилшавӣ ба рушди устувор заиф мегардонад. Тайи солҳои охир масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон, ки сарчашмаи муҳимми захираҳои оби минтақа мебошанд, ба андозаи сеяк кам шудааст ва аз 13 ҳазор пирях қариб як ҳазораш тамоман завол ёфтааст».

Дар баромад шиддатнокии офатҳо, зиёдшавии талабот ба об, афзоиши босуръати аҳолӣ ва ҳамкории самарабахши фаромарзӣ оид ба об махсусан таъкид карда шуд. Ҳаминро ба назар гирифта чораҳои муайян андешида мешаванд, дар факултаҳои географияи донишгоҳҳои Тоҷикистон омӯзиши ихтисоси нав – яхшиносӣ ба роҳ монда шуд.

Дар маҷмӯъ дар сатҳи байналмилалӣ дар давоми 15 соли охир 7 маротиба дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон конфронсу симпозиумҳои сатҳи баланди байналмилалӣ марбут ба об гузаронида шуданд, ки ҳамаи онҳо фарогири масоили экологии вобаста ба об буданд. Мавриди зикр аст, ки 16 сол мешавад, ки дар ҷаҳон масъалаи ташкили «иқтисоди сабз» дар маркази аҳли ҷомеа аст. Тоҷикистон бо бунёди неругоҳҳои барқи оби «Сангтӯда- 1», «Сангтӯда-2», бунёди неругоҳи бузурги барқи обии «Роғун», оғози корҳои муқаддамотӣ дар иншооти минтақавии «CASA-1000», таъмиру тармими неругоҳҳои барқии обӣ ва бо тасмимҳову мавқеи густаришёбандаи байналхалқии худ шуҳрати тоза пайдо намуд. Ҷумҳурии мо дар асоси арзёбии созмонҳои байналмилалӣ аз рӯи нишондиҳандаи калидӣ - истеҳсоли 98 фоизи «энергияи сабз», яъне тавлидоти неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза, ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардидааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар рӯзҳои сафари худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баррасии масъалаи ҳамкорӣ дар бунёди неругоҳи барқи обии «Роғун» ва истифодаи оби кӯли Сарез сухан ронд.

Солҳои охир дар ҷаҳон хоҷагидории бесамар, таҳияи бемақсад, афзоиши номуайяниҳо ва хатарҳое, ки бар асари тағйирёбии иқлим ва дигар омилҳо ба амал меоянд, бисёре аз низомҳои экологиро (экосистемаҳоро) зери хатар қарор медиҳанд,

Бо дарназардошти муҳимияти ҳамкорӣ ва шарокати амиқ дар ҳамаи сатҳҳо барои расидан ба ҳадафҳои рушди дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашудаи марбут ба таъмини об ва беҳдошт, аз ҷумла дар Рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030 дарҷгардида гузаронидани чорабиниҳои муҳим ба нақша гирифта шудаанд, Тибқи маълумот дар сурати наандешидани тадбирҳои фаврӣ қариб 5 миллиард одам, ки тахминан 67 фоизи аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, аллакай то соли 2030 аз оби тоза маҳрум хоҳанд шуд. Чунин тадбир, пеш аз ҳама, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо мекунад, ки дар масъалаи таъмини об ва безараргардонии он аз ифлосшавӣ тасмимҳои ҷиддӣ гирифта шаванд.

Обҳои шифобахши Тоҷикистон: истироҳатгоҳҳои Зумрад, Оби сафед, Оби гарм, Явроз, Хоҷа оби гарм дорои оби гарми радонӣ мебошад чунин об фақат дар Фаронса мавҷуд аст. Дар Ҳисор Шоҳамбарӣ дорои сулфиди гидроген мебошад. Дар Помир Гармчашма дар баландаии 2325 метр, Шоҳдара дар баландии 2700 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтаанд ва мавзе табобату истироҳ табдил ёфтаанд . Ҳоло бештар аз 60 фоизи обҳои Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистони мо ибтидо мегиранд ва минтақаи бузургеро бо масоҳати миллионҳо гектар сарсабзу хуррам мегардонанд.

Наврӯз истифодаи оқилонаи обу замин, обёрӣ ва парвариши зиротату боғотро талқин менамояд, Дар соли 2018 дар ҷумҳурӣ 3895 гектар боғҳои нав, 417 гектар токзорҳои нав бунёд карда шудаанд ва ин тамоюл минбаъд ҳам идома хоҳад ёфт. Мо боғу токзорҳо бунёд намуда маҳсулотро фаровон менамоем. Мардуми мо ба пеши пои кӯдаконе, ки нав роҳравиро меомӯзанд об пошида дуо мекунанд, ки бигузор ин кӯдаки маъсум бигзор чун оби равон дар зиндагӣ барои ободкорӣ дар ҳаракат бошад ва ҳаёташ, дили покаш мисли оби мусаффо доимо поку тоза бошад. Соли равон воқеаи хурсандибахшеро ба нақша гирифтаем: ба баҳрабардорӣ супурдани турбинаи якуми неругоҳи барқи обии «Роғун». Ин чорабинии муҳим имконият медиҳад, минтақа аз нури барқ мунаввар гардад заминҳои зиёде мавриди кишту деҳқонон қарор бигиранд.

Покиза нигоҳ доштани аз ниёгон ба мо мерос мондааст.

Шоирони тоҷику форс тоза нигоҳ доштани обро дар ашъорашон зиёд сурудаанд. Бузургон фармудаанд:

Зи ҷӯйе, ки хӯрдӣ аз он оби пок Нашояд фикандан дар он сангу хок.

Дар Тоҷикистон номҳои зебои «чашмасор», «обшорон» хеле маъмул буда, ифодаҳои «оби ҳаёт», «оби зиндагӣ», «оби зам-зам», «оби ҷовидон», «оби зулол» - ба маънои об асоси ҳаёт, «обдида» «обу тоб», - обутобёфта, «оташнишон» - об хомӯшкунандаи оташсӯзӣ , «оби раҳмат», «об рӯшноӣ» - оби мусаффо, «оби тараб» - шароб, «обгина» - шишаи обранг ва ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Масалан устод Турсунзода фармудаанд.

Обро дар рӯшноӣ кун қиёс,

Дӯстонро бо нигоҳи дил шинос

Рӯзи 22 марти соли равон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чаласаи Созмони Милали Муттаҳид ширкат меварзанд ва дар он ҷо татбиқи пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» дар ин созмони бонуфуз расман оғоз мегардад.

Дар доираи ин ташаббуси наҷиб тамоми кишварҳои ҷаҳон чорабиниҳои муҳим баргузор хоҳанд гардид. Аз ҷумла моҳи июни соли равон дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе конфронси байналхалқӣ доир ба об баргузор мегардад, ки дар он намояндагони кишварҳои мухталиф оиди таъминоти об дар қисматҳои гуногуни сайёра ба хотири дастрасӣ ба оби соф изҳори назар менамояд. Кишвари мо ҳамчун кишвари мизбон барои банақшагирӣ ва татбиқи чорабиниҳои даҳсолаи об масъулияти зиёдеро ба зимма гирифтааст.

Итминони комил дорем, ки кӯшишҳои Ватани биҳиштосоямон - Тоҷикистон хамчун кишвари ташаббускор дар раванди ҳамгироӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ барои таъминоти сарвати бебаҳо – оби ҳаётбахш ва наҷотбахш самараи дилхоҳ хоҳад дод ва мушкилоти мардуми сайёра осон мегардад.

Манучеҳр Расулов,

Коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бознашр аз рӯзномаи “Қонун ва ҷомеа”-и

ҳафтаномаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон