Асосӣ:

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз401
mod_vvisit_counterДирӯз2557
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта10899
mod_vvisit_counterДар ин моҳ51021
mod_vvisit_counterҲамагӣ1896923
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Сентябри
20
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Китобхона


ХАТАРИ ТАФАККУРИ ИФРОТӢ ВА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТГАРОИ ДИНӢ ДАР ЧИСТ?

Сарсухан

Тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, имрӯз амният ва мавҷудияти аксари кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд. Таҳдиди ин зуҳуроти харобиовар акнун аз сатҳи миллӣ ва минатқавӣ фаротар рафта, хусусияти глобалӣ ѐ умумиҷаҳонӣ гирифтааст. Истифодаи қудратҳои минатқавӣ ва ҷаҳонӣ аз ин гурӯҳҳо барои расидан ба мақсадҳои худ, қудрат, миқѐс ва моҳияти хатари онҳоро хусусан, барои кишварҳои осебпазири мусулмоннишин даҳчанд менамояд. Бинобар ин дар шароити пешомада танҳо сафарбарсозии тамоми имкониятҳои моддию маънавӣ ва ба роҳ гузоштани як набарди умумимиллӣ метавонад роҳи дурусти мубориза бо ин тафаккур ва ин қувва бошад.

ХАТАРИ ТАФАККУРИ ИФРОТӢ ВА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТГАРОИ ДИНӢ ДАР ЧИСТ?

 
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

МУҚАДДИМА

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушди худ марҳалаи нави таърихиро паси сар мекунад, дар пеши чашми мо раванди тағйирѐбӣ аз як низоми иҷтимоиву иқтисодӣ ба низоми дигар рӯй медиҳад, ки бо шиддатѐбии равандҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиѐсиву идеологӣ дар ҷомеа ҳамроҳ аст.

Масалан, анъана ва урфу одатҳои барҷоймонда тайи чандин қарнҳо, аз ҷумла пояҳои динӣ, аз тарафи қисми муайяни аҳолӣ рад мешавад. Зиѐда аз ин, онҳо муборизаи ҳақиқӣ ва оштинопазирро ба мақсади комилан барҳам додани онҳо роҳандозӣ мекунанд. Дар натиҷаи ин, имрӯз мардуми Тоҷикистон бо проблемаи ҳассоси ифротгароии маҷбурӣ дучор шудааст.

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

 
НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ

Ин китоб роҷеъ ба таърихи ҷашни байналмилалии Наврӯз, расму ойин, одобу маросим, тарзу шеваи таҷлили он дар кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз: Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон Покистон, Туркманистон, Қазоқис-тон, Қирғизистон, Озарбойҷон ба таври мухтасар маълумот медиҳад. Китоби «Наврӯзи ҷаҳонӣ» ба ҳаводорони ин ҷашни бостонӣ чун ҳадяи наврӯзӣ пешкаш мегардад.

НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ

 
ВАҲДАТ – КАФОЛАТИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Нашри дуюми мукаммалшуда

ПЕШГУФТОР

Хонандаи азиз, чун ин китобро ба даст мегиред, бояд би-донед, ки дар паси сатрҳои он чӣ қадар андешарониҳо ва шабҳои бехобӣ, дарду алами ватандорӣ ва азобу машаққати ғарибиҳои муаллиф ниҳон аст. Ҳамаи ин роҳи пурпечутоби зиндагӣ, таҷрибаи рӯзгор сабаби он шудааст, ки муаллиф ра-ванди ба даст овардану таҳкими сулҳу салоҳ ва ваҳдати мил-лиро дар гуфтаҳо, дар навиштаҳо, дар суханрониҳо, дар мусоҳибаҳо ва дар тадқиқоташ хеле барҷаста, воқеъбинона ва ҳаматарафа инъикос намудааст. Худобердӣ Холиқназар дар тамоми давраҳои музокироти байни тоҷикон аз соли 1994 то соли 1997 иштироки мустақим дошт ва дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон саҳми худро гузошт. Дар мақолаҳое, ки дар ин маҷмӯа гирдоварӣ шудаанд, муаллиф дар бораи раванди музокироти сулҳ, фаъолияти кишварҳои дӯсти Тоҷикистон дар ноил шудан ба сулҳу субот, нақши риҷоли бузурги сиѐсӣ дар таҳкими сулҳи тоҷикон, нақши Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низои Тоҷикистон, пешрафтҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамон баъд аз имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон фикру андешаҳои хешро иброз намудааст.

ВАҲДАТ – КАФОЛАТИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ

 
Шиорҳо аз Паём ва суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар боби Наврӯз

ББК 67.400.5

Шиорҳо аз Паём ва суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар боби Наврӯз – Душанбе, 2017, 50 саҳ.

Муҳаррир:

Қиёмиддин Сатторӣ

Дар ин маҷмӯа шиорҳо аз Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ2 Раҳмон дар боби ҷашни бостонии Наврӯз гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳия шуда, барои истифодаи хизматӣ пешниҳод мегардад.

Эзоҳ: Ҳангоми интихоби матни шиор ба ҷойи насб ва тарзи навишти он диққат дода шавад. ISBN 978-99975-50-33-0

 

Муфассал ... ШИОРҲО АЗ ПАЁМУ СУХАНРОНИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БОБИ НАВРӮЗ.pdf

 
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 3 аз 4