Асосӣ:
+++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз255
mod_vvisit_counterДирӯз1031
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1286
mod_vvisit_counterДар ин моҳ28660
mod_vvisit_counterҲамагӣ1734472
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июли
16
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Тадқиқотҳои сотсиологӣ


ШАРҲИ МУФАССАЛИ НАТИҶАИ ТАДҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ ДОИР БА БАҲОГУЗОРӢ ВА ДИНАМИКАИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ ТАНДУРУСТӢ / ҲУҚУҚИ БЕМОРОН

Муқаддима

Риоя накардани ҳуқуқи беморон яке аз масоиле, ки ҳалли он ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва қаноатмандии шаҳрвандон аз соҳаи тандурустӣ мусоидат менамояд.

Таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ собит сохтанд, ки масоили амалисозии ҳуқуқи беморон, дастрасӣ ва хизматрасонии сифатноки тиббӣ бештар дар давлатҳое фаъоланд, ки идораҳои соҳаи тандурустӣ хеле тараққӣ кардаанд ва талаботи мардум ба давлат ва муассисаҳои тандурустӣ баланд аст. Нигарониҳои ҷомеа ва давлат дар бобати ҳуқуқи беморон аз сатҳи пешрафти муайяни соҳаҳои тандурустӣ ва иҷтимоӣ шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон ҷиҳати расидан ба сатҳи баланди тараққиёт, ҷараёни баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии шаҳрвандонро амалӣ намудан зарур аст.

Бо дарназардошти ҷиддияти масоили саводнокии шаҳрвандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар самти таъмини ҳуқуқи беморон, Ташкилоти ҷамъиятии "Лигаи занони ҳуқуқшиноси ҶТ" (оянда Лига), ТҶ "Спин Плюс" дар ҳамкорӣ бо Маркази таълимии судяҳо дар назди Суди Олии ҶТ (қаблан дар назди Шӯрои адлияи ҶТ), аз соли 2014 то моҳи апрели соли 2016 бо кумаки молии Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти "Ҷамъияти кушода"-и Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ду лоиҳа «Ниҳодӣ кардани Дастурамал оид ба ҳуқуқи инсон дар соҳаи ҳифзи саломатӣ» ва «Риояи ҳуқуқи инсон дар соҳаи ҳифзи саломатӣ» амалӣ намуданд.

Муфассал...
 
ТОҶИКИСТОН: МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ

(Ҳисоботи тадқиқоти сотсиологии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба коррупсия дар соли 2015)

Аҳамияти масъалаи тадқиқот. Супориш доир ба ташкили мониторинги вазъи иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013 № 1504 «Доир ба Стратегияи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2013-2020» дарҷ шудааст. Баргузории тадқиқоти муфассал дар ин самт, аз он ҷумла тадқиқоти сотсиологӣ, бевосита дар Стратегияи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2013 – 2020 низ қайд шудаст. Тавсияҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд барои Тоҷикистон, аз он ҷумла бо таъмини баргузории мунтазами (на камтар аз як маротиба дар давоми се сол) тадқиқоти сотсиологии коррупсия пайваст мебошад. Аз тарафи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) чунин тадқиқот дар солҳои 2006, 2010, 2011 ва дар охири соли 2015 гузаронида шуд.

Муфассал... Download ТОҶИКИСТОН: МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ.pdf

 
Арзёбии талабот ба таълим дар низоми таҳсилоти касбӣ -техникӣ ...

Арзёбии талабот ба таълим дар низоми тањсилоти касбӣ -техникӣ дар сатҳи миллӣ бо таваҷҷуҳи асосӣ ба бахшҳои калидии иқтисоди Тоҷикистон: кишоварзӣ, нақлиёт ва энергетика

МУҚАДДИМА

Алҳол дар аксарият кишварҳои дорои иқтисоди гузариш, аз он ҷумла дар Тоҷикистон, сарфи назар аз дастовардҳои сиёсати иҷтимоӣ, баъзе падидаҳои бозори меҳнат (масалан, коҳиши боздеҳии маориф) сиёсатмадорон, олимон ва коршиносонро дар ҳайрат меандозад. Маълум аст, ки низоми маълумоти касбӣ наметавонад ба таври бояду шояд боиси суръатбахшии рушди иқтисодӣ гардад, агар дониши гирифташуда дар муассисаҳои таълимӣ аз тарафи корфармоён талабгор надошта бошад ё ин ки ҷавобгӯи ниёзмандиҳои иқтисоди кишвар намебошад.

Дарк намудани аҳамияти малака ва қобилияти мушаххас, махсусан, дар сатҳи маълумоти миёнаи касбӣ-техникӣ муҳим аст.

Муфассал...