Асосӣ:
+++ Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия +++ Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия +++ Таъиноти кадрӣ +++ ТАНОСУБИ ҚУВВАҲО ДАР АФҒОНИСТОН: СУЛҲХОҲОН ВА ҶАНГҶӮЁН +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанги деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи маҷмааи варзиши Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими «Корвони наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили ҷашни Наврӯз +++ Манфиати абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ: «ҳамкорӣ ё рақобат» +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз358
mod_vvisit_counterДирӯз378
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта358
mod_vvisit_counterДар ин моҳ14731
mod_vvisit_counterҲамагӣ1597432
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Апрели
22
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Сиёсати дохила


Амалҳои пурхатари экстремистию террористиро пешгирӣ мебояд!

12.04.2019

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ..Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 аз вазъияти амниятии сайёра ҳарф зада, аз ҷумла, чунин таъкид намуда буданд:

«Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».

Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад.

Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ аз 26 декабри соли 2018 низ аз вазъи сиёсии ҷаҳон бо як ҳисси баланди ташвиш сухан гуфта, ёдовар шуданд, ки «Авзои сиёсии сайёра ҳоло бисёр ноорому бесубот ва боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон гардидааст.

Муфассал...
 
Вазъи сайёҳии деҳот дар Тоҷикистон: мамониатҳо ва имкониятҳо

08.04.2019

Дар муҳити муносибатҳои ҷамъиятӣ баъзан ба мушоҳида мерасад, ки деҳа ва деҳотиён чун нишони ақибмондагӣ ва бозмондагӣ шинохта шуда, ҳар гуна падидаҳоеро, ки ба тамаддуни муосир тавъам нестанд, хоси деҳа медонанд. Сабаб он аст, ки деҳоти кишвар ҳамеша зери таъсири омили ҷуғрофӣ (кӯҳсор ва дар масофаи дур ҷойгир буданашон) аз падидаҳо ва равандҳои рушди замони худ нисбат ба шаҳр ақиб мемонанд. Хусусиятҳои замони муосир бошад, тақозо мекунад, ки нобаробарии рушд байни шаҳру деҳот бояд аз байн бурда шавад. Хусусан, дар шароити Тоҷикистон, ки зиёда аз 73 фисади аҳолии кишвар (аз шумораи умумии аҳолӣ дар соли 2018, яъне аз 8931,2 нафки аҳамияти таърихӣ, имрӯза ва ояндаи деҳотро тасдиқ мекунад ва дар дурнамои дарозмуддат фаҳмиши классикии деҳаро, ҳамчун макони ақибмондагӣ аз байн мебарад. Ташаббуси мазкур ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофар 6136,5 нафар) дар деҳотҷой маскун мебошанд, ин масъала боз ҳам муҳим ба назар мерасад. Омори мазкур водор мекунад,

Муфассал...
 
ТАЪСИРИ ИНТЕРНЕТ ВА ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА ТАФАККУРИ ҶАВОНОН ДАР РАВАНДИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

02.01.2018

Ҷавонон неруи созандаи давлату миллат буда, ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ нақши назаррас доранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аксари аҳолии он ҷавонон ташкил медиҳанд, таваҷҷуҳи давлату ҳукумат ва махсусан Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа хеле зиёд аст. Дар яке аз суханрониҳояшон Пешвои миллат фармудаанд: «Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки тақдири ояндаи халқу давлат ба дӯши онҳо гузошта шудааст.»

Аз ин суханони Президенти кишвар бармеояд, ки ҷавонон дар назди давлату миллат масъулияти бузург дошта, дар таҳкими давлатдории миллӣ нақши калидиро иҷро мекунанд. Вале набояд фаромӯш кард, ки тақдири ояндаи миллатро ба он ҷавононе метавон вогузор кард, ки дар ҳақиқат ватандӯсту худогоҳ, соҳиби донишу малакаи мутобиқ ба замони муосир ва аз ҳама муҳим, ғурури миллию зиракии сиёсӣ дошта бошанд.

Бинобар ин, тарбияи дурусти насли наврас вазифаи муҳими ҷомеаву давлат ба шумор меравад. Маҳз дар рӯҳияи ватандустиву инсонгароӣ тарбия ёфтан ва дорои маърифати

Муфассал...
 
НИШАСТИ МУХОЛИФИН АЗ ДИДГОҲИ САЙФУЛЛО САФАРОВ

23.07.2018

Рӯзи 15 июли соли 2018 дар шаҳри Дортмунди Олмон ҳамоиши намояндагони мухолифини тоҷик ба муносибати 21-умин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид, ки ба гуфти дастандаркоронаш дар он беш аз сесад нафар ширкат карданд. Ин гуна ҳамоиш соли гузашта ҳам доир шуда буд ва дар он давра мухолифони тоҷик як иттиҳоди неруҳои оппазитсиониро ташкил карданд. Аммо дере нагузашта дар натиҷаи ҳамдигарнофаҳмӣ иттиҳод барҳам хӯрд ва оппозитсияи тоҷик дар Аврупо пароканда шуданд…

Аммо соли равон бори дигар ин масъала дар ҳамоиши навбатӣ низ матраҳ гардид. Доир ба ин масъала бо профессор Сайфулло Сафаров, сиёсатшинос ва муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбате доштем.

–Сайфулло Саъдуллоевич, муҳтавои масоили матраҳшуда дар ҳамоиши Дортмунд ба таври васеъ расонаӣ шуд. Бардошти шумо аз ин ҳамоиш чӣ гуна аст?

Муфассал...
 
СОЛИ ҶАВОНОН – СОЛИ ТАШАББУС ВА БУНЁДКОРӢ

01.12.2017

Соли ҷавонон – Соли ибтикори ҷавонони муосири Тоҷикистон ба равандҳои глобалии иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии рӯйдодаистода дар ҷаҳон ҳампайванд ва ҳамгиро мебошад.

Ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди соли ҷавонон эълон кардани соли 2017, ки 22 декабри соли 2016 дар Паёми анъанавии солонаи Пешвои муазъами миллат ба Маҷлиси Олии кишвар садо дод, аҳамияти стратегӣ дорад. Ин даъвати Сардори давлат аз он шаҳодат медиҳад, ки амалисозии сиёсати давлатии нисбати ҷавонон дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.

Тавре, ки маълум аст, маҳз ҷавонон аксарияти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Ҷавонон идомадиҳандаи кори насли калонсол, нерӯи созанда,муҳаррики воқеии ҷомеа ва умуман, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Муфассал...
 
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 1 аз 4