Асосӣ:
+++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз333
mod_vvisit_counterДирӯз1031
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1364
mod_vvisit_counterДар ин моҳ28738
mod_vvisit_counterҲамагӣ1734551
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июли
16
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм

17.05.2019

(дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил»)

Дар олами муосир терроризм ба яке аз масоили муҳим ва мубрами доираҳои васеи илмӣ-тадқиқотӣ табдил ёфтааст. Зеро, терроризм натанҳо дар муносибатҳои ҷамъиятӣ, балкӣ дар ҳаёти одамони алоҳида низ мақоми махсуси таъсиррасониро касб кардааст. Ин раванд ҷомеаи башариро имрӯзҳо сахт нигарон кардааст, ки баҳри пешгирӣ ва фаҳми амиқи тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи ин падидаи манфур (терроризм) тамоми кӯшишҳоро равона карда истодааст. Аз ин рӯ, омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби рӯз мебошад.

Ҳаёти воқеӣ нишон медиҳад, ки терроризм ба амнияти ҷомеа, ба таври муътадил фаъолият намудани мақомоти ҳокимият, инчунин ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон хавфу хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Ин падидаи манфӣ ҳамчун амал бениҳоят хатарнок шинохта шуда, ба сифати ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф карда мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри мубориза бар зиддӣ ин амали номатлуб пайваста кушишу талошҳои худро намуда истодааст ва яке аз ташаббускорони ҳалли масъалаҳои амниятӣ, мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар саҳнаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Ин аст, ки кишвари азизи мо имрӯзҳо бо иқдомҳои созандаи худ мизбони конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» мебошад. Маврид ба зикр аст, ки чорабинии мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ, САҲА ва дигар шарикони байналмилалӣ доир мегардад.

Дар ҷомеа марказҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотие мавҷуданд, ки масъулияти мураккаберо бар ӯҳда доранд. Барои онҳо дарки моҳияту хусусиятҳои ҳодиса кифоя набуда, балки зарурияти ошкор намудани масъалаҳои мухталифи тадқиқоти илмӣ пеш меояд. Яке аз вазифаи бевоситаи донишмандон ин, омӯхтани тамоми паҳлӯҳо ва оқибатҳои нохуши терроризм, тадқиқи роҳу воситаҳои самараноки мубориза алайҳи он буда, ҳангоми омӯзиши терроризм масъалаҳои зиёде пеш меоянд, ки на танҳо аҳамияти назариявию илмӣ, балки бештар аҳамияти амалӣ доранд. Махсусан, фаҳми амиқу дурусти мафҳуми “терроризм” сабабҳо, омилҳо ва воситаҳои дигаре, ки одамонро ба ҷараёни мазкур мепайванданд, таҳлили комили шаклпазирии терроризм, дарёфти роҳу воситаҳои самараноки мубориза бар зидди он, хулосагирӣ аз ҷараёни ҳодиса ва махсусан ташхиси чорабиниҳои пешгиринамоии ҳам амалҳои террористӣ ва ҳам худи терроризм арзиши бештаре пайдо менамоянд.

Тамаддуни муосир ба раванди ҳодисаҳои зиёди иртиҷоӣ рӯ ба рӯ гаштаистодааст. Гарчанде, ки ҳодисаҳо ва равандҳои иртиҷоӣ моҳияту хусусиятҳои асосии оламро мураттаб гардонида натавонанд ҳам дар инкишофи таърихии халқҳо, кишварҳо ва минтақаҳои гуногун таъсири назаррас мебахшанд.

Махсусан муносибатҳои байналмилалӣ, ки дар даҳсолаи охир хеле зиддиятнок ва муқовиматомез гардида, ба худ хосияти бераҳмии нав гирифтааст. Ҷараёнҳо ва нерӯҳои сиёсии канора беш аз беш сифатҳои иртиҷоию ифротии хешро ошкор намуда истодааст. Дар ин радиф ҷараёни экстремизми сиёсӣ ва тероризми сиёсӣ пешсаф аст. Экстремизми сиёсӣ аслан аз ғояҳои фаъолияти канорае таркиб ёфтааст, ки одатан тавассути зӯроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешаванд. Илова бар ин экстримизми сиёсӣ бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ айён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Аз ин хотир зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи он пеш меояд. Бино ба таҳқиқ ва баррасии ҷомеашиносон экстремизм зинаи аввали инкишофи гурӯҳҳои канориро ташкил менамояд.

Дар иртибот бо ин масъала қайд намудан ба маврид аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш чунин таъкид карда буданд “Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони милали муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.

Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама кишварҳои исломӣ ва мусалмонони сайёра зарар мебинанд.”

Воқеан таъсир ва ташаккули равияи террористӣ ба фазои ҷаҳони ислом таҳдид намуда истодааст. Хосатан ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрӯз нишон дода истодааст, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва ҷаҳон, инчунин дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста шудааст. Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Бинобар ин, дар чунин вазъият моро қабл аз ҳама зарур аст, ки арзишҳои миллию фарҳангиамонро ҳифз намуда, нақши онҳоро дар ҳаёти ҷомеа афзун созем.

Имрӯз ҳамаи мо тариқи моҳвораву шабакаҳои интернетӣ ва дигар васоити ахбори омма огоҳ ҳастем ва дида истодаем, ки дар Ховари Миёна вазъият чӣ гуна ноорому мудҳиш аст. Таҳлили коршиносон нишон меди¬ҳад, ки расонаҳо ва технологияҳои иттилоотии муосир, ба вижа шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷониби гурӯҳҳои махсуси ифротгарову фитнаҷӯ барои таблиғи ақидаҳои тундгароёнаи худ моҳирона истифода мешаванд.

Аз таҳлили фазои иттилоотӣ метавон ба хулосае омад, ки дар даҳ-понздаҳ соли охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва тундгароёна на танҳо дар кишвар, балки дар тамоми дунё то рафт зиёд гашта истодааст. Мутаассифона ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад. Хатари аслии ин падида дар он аст, ки имрӯз баъзе аз ҷавонони мо таҳти таъсири таблиғоти доираҳои муайяне, ки дар минтақа қарор доранд ва мақсади асосиашон ноором сохтани вазъи сиёсии минтақа мебошад, мондаанд. Онҳо ба василаи истифода аз дин ва эътиқодоти динӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ва тарвиҷи тундгароӣ дар ҷомеаи суннатии кишвар ва инкори арзишҳои дунявӣ амал менамоянд.

Дар шароити кунунӣ манфиатҳои сиёсии абарқудратҳо дар зери шиори ҳифзу эҳёи ислом тарғиб гардида, омилҳои динӣ асоси нооромиву низоъҳо дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла олами ислом гашта истодаанд. Мутаассифона, доираҳои муайяне дар минтақа низ дар ноором сохтани вазъи сиёсии кишварҳои минтақа даст дошта, бо ин роҳ мехоҳанд ҳадафҳои иқтисодии худро пиёда созанд.

Бояд қайд намуд, ки алайҳи ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ кишварҳо дар алоҳидагӣ ба ҳадафи хеш намерасанд. Ҳамонгунае, ки танҳо мақомоти қудратии як давлат наметавонад бар зиддӣ ин вабои аср дар дохили давлати хеш ба таври бояду шояд мубориза барад, барои ин зарур аст, ки тамоми қишри ҷомеа камар баста, даст ба дасти якдигар гузошта, аз як гиребон сар бароварда, мубориза баранд то натиҷаи дилхоҳе ба ком биёваранд. Дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бошад кишварҳоро мебояд, ки ҳамгироии худро чӣ дар равобити дуҷониба ва чӣ дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ алайҳи ин падидаи даҳшатбор бозҳам таҳким ва густариш бахшанд.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватанпарвар, миллатдӯст алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанду чеҳраи зишти худро зери пардаи ислом пинҳон мекунанд худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба фикру ақидаҳои ғаразноки ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Шарифӣ А.А., мутахассиси пешбари

Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон