Асосӣ:
+++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз255
mod_vvisit_counterДирӯз1031
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1286
mod_vvisit_counterДар ин моҳ28660
mod_vvisit_counterҲамагӣ1734473
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июли
16
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ "НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ПЕШГИРӢ АЗ ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ"

10.05.2019

Рӯзи 10 майи соли 2019 бо ташаббуси Шӯрои олимон ва мутахассисони ҷавони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзӯи "Нақши ҷавонон дар пешгирӣ аз терроризм ва ифротгароӣ" баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода кушода, иштирокчиёни нишастро хайрамақдам гуфт ва зимни суханронӣ қайд кард, ки ҳамоиши имрӯза дар арафаи ҷашни Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки шурӯъ аз соли 1998 то имрӯз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари ҷумҳурӣ ҳамин моҳ, яъне 23 май, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил мегардад, рост омадааст. Ҳамчунин, дар робита ба ҷашн гирифтани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чанд рӯз пеш ба қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон тасдиқ гардид. Дар доираи ин нақшаи чорабиниҳо баргузории ҳар гуна барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, маърифатӣ, конфронсу форум ва дигар мулоқоту суҳбатҳо бо иштироки ҷавонон пешбинӣ шудааст, ки баргузории ҳамоиши имрӯзаи мо низ ба он рост омадааст.

Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон кишвари ҷавон ва ҷавонон аст. Имрӯз 70 дарсади аҳолии кишвари моро насли ҷавони дорои иқтидори зеҳниву ҷисмонӣ ташкил медиҳанд. Татбиқи як зумра барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқотҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонон, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсис ва баргузории ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ба вазифаҳои масъули роҳбарикунанда таъйин гардидани ҷавонони лаёқатманд, эълон гардидани соли 2017 "Соли ҷавонон" нишони таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳуӣ ба насли ояндасози кишвар мебошад.

Мавзӯе, ки нишасти имрӯзаи мо ба миён гузоштааст, яке аз мавзӯъҳои бисёр мубрами рӯз ба шумор рафта, нақши ҷавонони кишвари мо дар самти пешгирӣ аз терроризму ифротгароӣ буда, дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир бояд фаъолнокии бештар нишон диҳанд. Ҷавонон бояд дар партави сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузор бошанд ва ҳамчун неруи асосии пешбарандаи Тоҷикистон зиракии сиёсиро аз даст надода, ба доми найранги ҳеҷ гурӯҳҳои ифротӣ наафтаанд ва нагузоранд, ки касе амнияти Ватани азизи моро халалдор созад.

Аз ин лиҳоз, ҷавонони мо имрӯз бояд бо шукргузорӣ аз Ватани ободу зебои худ дар байни ҳамсолони худ, корҳои фаҳмондадиҳиро махсусан дар олами маҷозӣ бо истифода аз технологияҳои коммуникатсионӣ дар доираи шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ монда, дар самти ҷалби ҷавонон аз ҷониби гуруҳҳои ифротӣ муборизаи идеологӣ баранд ва бо ин васила савияи дониши сиёсӣ ва малакаи ҳамсолони худро баланд бардоранд, то ин ки ҳеҷ як ҷавони кишвари мо дигар ба ин гурӯҳҳои ифротӣ шомил нашванд. Илова бар ин, ҷавонон бояд дар самти навиштани вокунишҳои саривақтӣ бояд саҳмгузор бошанд.

Ҳадафи асосии чорабинии имрӯза низ баррасии нақши ҷавонон дар пешгирӣ аз терроризму ифротгароӣ буда, боварии комил дорам, ки иштирокчиёни муҳтарами ҳамоиш хулосаву пешниҳодҳои мушаххаси худро дар ин бора ироа мекунанд. Баргузории чунин ҳамоиш, ки бевосита ба мавзӯи ҷавонон бахшида мешавад, имкон фароҳам меорад, ки масъалаҳои умдаи муҳити ҷавонон баррасӣ шуда, мақсад ва ҳадафҳои сиёсати давлатӣ дар самти ҷавонон бо дарназардошти хусусиятҳои шаклгирии равандҳои дохилидавлатию умумиҷаҳонӣ аз дидгоҳи назариявию амалӣ боз ҳам амиқ ва равшан карда шаванд. Тавре дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр шуд: «Ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо "Соли ҷавонон" маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд». Аз ин рӯ, баргузории ҳамоиши имрӯза нишони ҷонибдорӣ аз ин тасмимҳои Пешвои миллат, инчунин, ҳамчун бахши меҳварии имрӯз ва ояндаи сиёсати давлатӣ эътироф гардидани масъалаи ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Умедворем, ки мизи гирди имрӯза барои татбиқи ҳамаҷонибаи сиёсати давлатии ҷавонон ва нақши онҳо дар пешгирӣ аз терроризм ва ифротгароӣ дар кишварамон мусоидат хоҳад кард.

Ҳамин тавр, бахши якуми ҳамоиш таҳти унвони "Омилҳои асосии гаравидани ҷавонон ба ифротгароӣ" ба кори худ шурӯъ намуд. Дар назди ҳозирин роҳбари фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Бахтовар Сафаралӣ дар мавзӯи "Ҳамкориҳои байнидавлатӣ оид ба коҳиш додани шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву ифротгаро", Прокурори Раёсати Прокуратураи генералиии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Рӯзиев дар мавзӯи "Натиҷаҳои назарраси амалишавии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм", корманди Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилиии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Равшаналиев дар мавзӯи "Кибертерроризм ва таҳдиди он ба муҳити ҷавонон" суханронӣ намуданд. Сипас ҳозирин пиромуни маърӯзаҳои ироашуда ибрози назар ва табодули афкори арзишманд намуданд.

Бахши дуюми мизи гирд таҳти унвони "Роҳу воситаҳои муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ миёни ҷавонон" доир гардид. Иштирокчиёни ҳамоиш маърӯзаҳои ходими илмиии Иститути омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирпур Рӯзибоиёнро дар мавзӯи "Роҳу воситаҳои ҷалби ҷавонон дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ", мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Мулломухтор Муллоевро дар мавзӯи "Падидаи ифротгароӣ миёни ҷавонон: омилҳо ва сабабҳо", мутахассиси пешбари шуъбаи маъхазҳои исломиии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Рамазониёнро дар мавзӯи "Вазъи корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба хатарҳои террроризму ифротгароӣ миёни ҷавонон", мутахассиси пешбари Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зилола Икромоваро дар мавзӯи "Ҷавонон ва хатарҳои муосири терроризм ва ифротгароӣ: вазъ ва дурнамо" бо рағбати том шуниданд.

Баъдан атрофи маърӯзаҳои ироашуда фикру андеша ва табодули афкори судманд сурат гирифт. Мизи гирдро раиси Шӯрои олимон ва мутахассисони ҷавони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Равшаналиев ҷамъбаст ва натиҷагирӣ кард ва ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Маркази матбуоти МТС-и назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон