Асосӣ:
+++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм +++ ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон +++ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» иштирок намуданд +++ Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия +++ Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия +++ Таъиноти кадрӣ +++ ТАНОСУБИ ҚУВВАҲО ДАР АФҒОНИСТОН: СУЛҲХОҲОН ВА ҶАНГҶӮЁН +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз323
mod_vvisit_counterДирӯз706
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3532
mod_vvisit_counterДар ин моҳ24896
mod_vvisit_counterҲамагӣ1627509
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Mайи
24
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МАҲФИЛИ НАВБАТИИ ЖУРНАЛИСТИКАИ ИҚТИСОДИИ "ТАВОЗУН"

22.04.2019

Рӯзи 22 апрели соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти навбатии маҳфили журналистикаи иқтисодии "Тавозун" дар мавзӯи "Дастрасии аҳолӣ ба иттилоот оид ба буҷети давлатӣ" баргузор гардид. Дар ҳамоиш натиҷаҳои тадқиқоти номзади илми фалсафа Татяна Бозрикова оид ба масъалаҳо ва монеаҳо дар дастрасии аҳолӣ ба маълумот доир ба буҷети давлатӣ муаррифӣ гардид.

Муаллиф қайд кард, ки буҷети давлатӣ ҳамчун нақшаи асосии молиявии мамлакат усули азнавтақсимкунии даромадҳои пулии аҳолӣ, корхонаҳо ва дигар шахсони ҳуқуқӣ ба манфиати маблағгузории хароҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ мебошад. Аз ин рӯ, мардум ҳамеша ба маълумоти боэътимоду шаффоф доир ба буҷет таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад. Бинобар ин, сарчашмаҳои асосии маълумотро вобаста ба масоили буҷавӣ аниқ намуда, омилҳои калидӣ ва мушкилиҳое, ки ба баланд шудани иттилооткунонии аҳолӣ ва фаъолона ҷалб шуданаш ба ҷараёнҳои буҷетӣ монеа мешаванд, муайян карда шуданд. Аз рӯйи натиҷаҳои тадқиқот иштирокчиёни маҳфил ба дигаргуниҳо дар самти дастрасии аҳолӣ ба маълумоти буҷетӣ ва дигар масъалаҳои молиявӣ дар Тоҷикистон баҳогузорӣ намуданд.

Сипас иштирокчиёни ҳамоиш пиромуни тавсияҳо оид ба васеъ кардани дастрасии аҳолӣ ба иттилоот ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҷараёнҳои буҷетӣ фикру андешаҳои сӯдманд иброз намуданд. Муаллифи тадқиқот Татяна Бозрикова ба саволҳои гуногуни иштирокчиёни маҳфил посухҳои қаноатбахш дод.

Баъдан унвонҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Назирҷон Зоиров дар мавзӯи "Самаранокии имтиёзҳои андозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" маърӯза кард. Ӯ тазаккур дод, ки имтиёзи андозӣ афзалиятест, ки аз ҷониби давлат ё мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ба гурӯҳи муайяни андозсупорандагон дода мешавад ва мавқеи онҳо нисбат ба дигар андозсупорандагон бартарӣ дорад. Имтиёзҳои андозӣ яке аз қисмҳои сиёсати андоз буда, мақсадҳои иҷтимоӣ ва иқтисодиро пайгирӣ мекунанд. Имтиёзот имкон медиҳад, ки ҳаҷми андозҳое, ки аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродӣ супорида мешаванд, паст шаванд ё пардохти ҳатмӣ дар муҳлати нисбатан дертар супорида шавад. Бояд дар мадди назар дошт, ки имтиёзҳои андозӣ ба андозсупорандагон мутобиқи қонунгузории амалкунанда пешниҳод карда мешаванд, на аз рӯйи қарорҳои мақомоти андозӣ.

Мақсади маҳфили журналистикаи иқтисодии "Тавозун" ба роҳ мондани муҳокимаи фаъоли буҷет бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма (ВАО) ва таъмини шаффофияти он аст, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, ҷалб намудани доираи васеи журналистон ба масъалаҳои буҷет, идораи молияи давлатӣ ва инъикоси дурусту саривақтии ин мавзӯи муҳими ҷамъиятӣ мебошад.

Дар маҳфил кормандони бахши иқтисодӣ ва таъмини иттилооти Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони вазорату муассисаҳои дахлдори давлатӣ, масъулони қисматҳои барномаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ”, рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ, таҳлилгарон ва коршиносони соҳаи молияву иқтисод фаъолона ширкат варзиданд.

Маҳфилҳои журналистикаи иқтисодии "Тавозун" бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии "Хома" www.khoma.tj дар доираи лоиҳаи "Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон" бо маблағгузории Вазорати рушди байналмиллалии Британияи Кабир (DFID ва дастгирии Институти "Ҷамъияти Кушода"–Бунёди Мадад дар Тоҷикистон баргузор мегарданд.

Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” бо мақсади муҳайё кардани заминае барои табодули афкору таҷриба дар инъикоси босифати масоили иқтисодӣ дар ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маҳфили "Тавозун" мунтазам вохӯриҳоро оид ба муҳокимаи масъалаҳои мубрами иқтисодӣ дар байни рӯзноманигорон, коршиносони байналмилалӣ ва ватанӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ, олимон ва таҳлилгарон доир менамояд.

Машғулияти навбатии маҳфил журналистикаи иқтисодии "Тавозун"-ро барандаи ҳамоиш, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии "Хома", раиси Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳло Акобирова ҷамъбасту натиҷагирӣ кард ва ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Маркази матбуоти МТС-и назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон