Асосӣ:
+++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм +++ ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон +++ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» иштирок намуданд +++ Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия +++ Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия +++ Таъиноти кадрӣ +++ ТАНОСУБИ ҚУВВАҲО ДАР АФҒОНИСТОН: СУЛҲХОҲОН ВА ҶАНГҶӮЁН +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз305
mod_vvisit_counterДирӯз706
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3514
mod_vvisit_counterДар ин моҳ24878
mod_vvisit_counterҲамагӣ1627491
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Mайи
24
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

КОНФРОНСИ ИЛМИВУ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "ИЛМУ МАОРИФ–БУНЁДИ МАЪРИФАТИ ЗЕҲНӢ"

18.04.2019

Рӯзи 18 апрели соли 2018  дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмиву амалӣ дар мавзӯи "Илму маориф–бунёди маърифати зеҳнӣ" баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар, вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи  ватанӣ  ширкат варзиданд.

Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Диловар Қодирзода кушода, иштирокчиёни  нишасти илмию амалиро  хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки  имрӯз суҳбати мо сари масъалаи хеле муҳим ва барои  ҷомеа зарурӣ, яъне  муҳокима ва таҳлили масъалаи илм ва маориф чун пояи асосии маърифати зеҳнии ҷомеа   сурат мегирад. Имрӯз дар ин толор олимону мутахассисон ва намояндагони сохторҳои гуногуни соҳаи маориф,  кормандони идораҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ғайридавлатӣ ҳузур доранд ва  умеду  боварӣ дорам, ки ин суҳбати илмӣ барои ҳалли мушкилот ва ҳадафҳое, ки дар назди  ин конфронси илми-амалӣ  қарор доранд,  мусоидат хоҳад кард.  Тавре ки мегӯянд,  "ҳақиқат зодаи баҳс аст" ва мо низ бар он назарем, ки дар ҷараёни суҳбатҳо аз ҷониби ширкаткунандагони муҳтарами нишасти илмии имрӯза масъалаҳои мубрами соҳаи мазкур мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифта, доир ба роҳҳои ҳаллу фасли онҳо тавсияву маслиҳатҳои муфид ва созанда  пешниҳод   мегарданд.

Мехоҳам  ёдовар шавам, ки  соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми афзалиятнок дорад ва маҳз бо дарназардошти аҳамияти масъалаи мазкур Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкиднамуданд: "Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад". Ин таъкидҳои Роҳбари давлат ҳар яки моро водор месозад, ки ба масъалаи илму маориф ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои миллӣ беш аз пеш таваҷҷуҳ ва масъулият зоҳир намоем.

Пӯшида нест, ки  асри ХХ1 замони инқилобҳои  бузурги илмию техникӣ,  иттилоот ва  технологияҳои коммуникатсионӣ, омехташавии босуръати тамаддунҳо ва ғайра буда,  дар ин замина миёни кишварҳои ҷаҳон рақобати шадиде ҳукмфармост. Аз ин рӯ, рақобатпазирии давлатҳо низ бештар аз рӯйи имкониятҳои онҳо дар ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ, ки  донишҳои навро тавлид ва  самаранок амалӣ месозанд, муқаррар мегардад.  Бинобар ин, дар ин раванд соҳаи илм ва маориф  мақоми шоистаеро соҳиб буда,  барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мусоидат менамояд ва меҳнати фикрӣ бошад, омили муҳимтарини рушди устувор ва амнияти ҳар як кишвар маҳсуб мешавад.

Ҳамаи ин ҷо нишастагон ба хубӣ эҳсос мекунанд, ки  соҳаи  илм ва маориф дар ҷумҳурии мо низ чун дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ  зери таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ба мушкилоту дигаргуниҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардидааст  ва Тоҷикистон низ чун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ наметавонад аз ин равандҳо дар канор бошад ва мушкилоте, ки дар ҷаҳони муосир оид  ба соҳаи таълиму тарбия вуҷуд доранд,  бешубҳа, ҷомеаи моро низ фаро  мегиранд.

Ҳамин тариқ,  дар нишасти имрӯза масъалаҳои хеле муҳим ва баҳсталаби соҳаи илм ва маориф ба баррасии Шумо, ҳозирини гиромиқадр,  пешниҳод шудаанд ва натиҷагирии мо аз ин Конфронси илмӣ-амалӣ, пеш аз ҳама, ба андешарониҳо ва таҳлилҳои амиқи шумо–иштирокчиён вобастагӣ дорад. Бояд зикр намуд, ки ҳама гуна андешаҳо ва тавсияҳои арзишманду созанда ба инобат гирифта мешаванд ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод  мегарданд.

Баъдан мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода зимни суханрониҳои ифтитоҳӣ баргузории чунин ҳамоиши илмӣ-амалиро муҳиму арзишманд ҳисобиданд ва изҳори боварӣ намуданд, ки нишасти илмии имрӯза барои тавсеаи минбаъдаи  сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маорифу илм ва сарвати зеҳнӣ дар  кишварамон мусоидат хоҳад кард.

Сипас раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Лутфия Раҷабова доир ба мушкилот ва пешравиҳои соҳаи илму маориф ибрози назар намуданд.

Ҳамин тавр, ҳамоиши илмӣ-амалӣ ба кори худ шурӯъ намуд.  Сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа А.Ш.Қурбонов дар мавзӯи  "Илм ва маориф –бунёди захираи зеҳнӣ ва рушди устувори ҷомеа", сармутахассиси илмии шуъбаи сотсиологияи  Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаюр Қаҳҳоров дар мавзӯи "Нақши синфи миёна дар коҳиш ёфтани муҳоҷирати "зеҳнӣ"", муовини директори Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои иқтисод, профессор А.Б.Мирсаидов дар мавзӯи "Рушди илм дар низоми вазифаҳои иҷтимоии давлат", мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Т.Б.Ғаниев дар мавзӯи "Рушди сармояи зеҳнӣ ва иқтисоди донишҳо дар менеҷменти байналмилалӣ"суханронӣ намуда, ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои қаноатбахш доданд.

Бахши якуми ҳамоишро сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Ш. Қурбонов барандагӣ кард.  Дар назди ҳозирин дотсенти кафедраи сотсиологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Д.Баҳромбеков дар мавзӯи "Проблемаи таснифоти таҳқиқоти илм ва маориф дар даврони Истиқлолияти давлатӣ", намояндагони Муассисаи давлатии "Маркази миллии патенту иттилоот"-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ.Х.Миралиев ва Н.Нурализода дар мавзӯи "Тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ ва моликияти зеҳнӣ", муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарзона Худойдодова дар мавзӯи "Раванди муҳоҷирати зеҳнҳо ва нақши он дар ҳаёти иқтисодии кишварҳо (таҷрибаи ҷаҳонӣ", омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, номзади илмҳои фалсафа Р.М.Имомалиева дар мавзӯи "Истиқлолияти давлатӣ ва ташаккулёбии ниҳоди таҳсилот", муовини сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ, илм ва татбиқи дастовардҳои илмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои кишоварзӣ Ш.Т.Солиев дар мавзӯи "Иқтисодиёти рақамӣ ва нақши он дар идоракунии соҳаи кишварзӣ", мудири шуъбаи илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, номзади илмҳои фалсафа Ҳ.А. Элназарова дар мавзӯи "Илм яке аз омилҳои муҳимтарини моликияти зеҳнӣ" маърӯза намуданд. Пиромуни суханрониҳо ибрози назар ва табдули афкори арзишманд  сурат гирифт.

Бахши дуюми ҳамоиш таҳти раёсати мудири шуъбаи назария ва таърихи педагогикаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ф. Гулмадов доир гардид. Дар назди ҳозирин Ф.Гулмадов дар мавзӯи "Омилҳои баландбардории сифати таҳсилот дар шароити кунунӣ", дотсенти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон Н.В.Ҳайбатов дар мавзӯи "Зарурати таълим ва омӯзиши забони англисӣ дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи туризм", ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Ш.Қодиров дар мавзӯи "Маблағгузории сарикасӣ ҳамчун механизми нави сармоягузорӣ дар соҳаи маориф", дотсенти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.Саидов дар мавзӯи "Дирӯз, имрӯз ва фардои соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон", омӯзгори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон В. Орифҷонова дар мавзӯи "Маориф ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ", намояндаи ВМБК Г.Қурбонов дар мавзӯи "Таҳсилоти миёнаи умумӣ–бунёди зеҳнии насли наврас", дотсенти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, номзади илмҳои педагогӣ С.Насриддинов  дар мавзӯи "Ҷараёни таълим ва омӯхтани тарзи кор", мудири кафедраи психологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, номзади илмҳои педагогӣ Д.С.Исоева дар мавзӯи "Ғояи мутафаккирони асримиёнагии тоҷик дар бораи тарбияи иқтисодӣ ва меҳнатӣ", муаллими  Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав С.П.Расулзода дар мавзӯи "Фаъолгардонии маърифати мустақилонаи хонандагон яке аз талаботи замон", муаллими Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода М.Галимова дар мавзӯи "Нақш ва ҷойгоҳи эҷодиёти И.А.Крилов дар адабиётшиносии тоҷик", муаллими Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав С.Холназаров дар мавзӯи "Ташаккули тафаккури илмӣ дар раванди омӯзиши химияи мактабӣ" маърӯза намуданд ва ба саволҳои ҳозирин посух доданд. Сипас пиромуни суханрониҳо фикру андешаҳои муфид аз ҷониби иштирокчиёни ҳамоиш  баён карда шуданд, ки ба чоп мерасанд.

Дар ҷараёни конфронс ҳамзамон ду китоб:–"Таҳаввулоти низоми маориф дар Тоҷикистон" ва "Илм маориф", ки  бозгӯйкунандаи тамоюлот, мушкилот ва дурнамои соҳаи маорифи кишвар мебошанд, рӯйнамоӣ гардиданд.

Дар ҳамоиш академик Мӯсо Диноршоев ва раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Ш.Розиқзода ширкат варзиданд.

Конфронсро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода  ҷамъбасту натиҷагирӣ кард ва ба иштирокчиёни он барои иштироки фаъолона изҳори сипос намуд.

Нишасти илмӣ-амалӣ дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.


Хадамоти  матбуоти  Маркази тадқиқоти

стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон