Асосӣ:
+++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм +++ ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон +++ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» иштирок намуданд +++ Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия +++ Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия +++ Таъиноти кадрӣ +++ ТАНОСУБИ ҚУВВАҲО ДАР АФҒОНИСТОН: СУЛҲХОҲОН ВА ҶАНГҶӮЁН +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз315
mod_vvisit_counterДирӯз706
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3524
mod_vvisit_counterДар ин моҳ24888
mod_vvisit_counterҲамагӣ1627502
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Mайи
24
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ СОЗМОНИ АМНИЯТ ВА ҲАМКОРӢ ДАР АВРУПО

12.04.2019

Рӯзи, 12 апрели соли 2019 мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода бо намояндагони Комиссарияти олӣ доир ба ақаллиятҳои миллии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА): мушовири калон Андрей Ханжин ва ҳамоҳангсози лоиҳа Михаэл Ангермани баргузор гардид.

Дар аввал Диловар Қодирзода меҳмони хориҷиро хайрамақдам гуфт ва тазаккур дод, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси узви фаъоли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳамкориҳои худро бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои аъзои ин ташкилот беш аз пеш густариш медиҳад ва уҳдадориҳои ба зиммадоштаи худро сари вақт иҷро менамояд. Чунончи, дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шудааст: "Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатдори инкишофи ҳамкориҳои самарабахш бо Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва ниҳодҳои он буда, аз таҷриба ва имкониятҳои сиёсӣ ва зеҳнии ин созмон дар соҳаи демократикунони ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон, таъмини амнияту субот ва ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва муҳитзистӣ истифода хоҳад бурд". Сипас дар мавзӯъҳои сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амнияти минтақа, вазъ дар сарҳадоти Тоҷикистону Қирғизистон ва Афғонистон, ҳалли мушкилоти марзӣ, риояи ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ, муносибатҳои мутақобилан сӯдманди Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, равобити тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва сайёҳӣ бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, муносибатҳои дипломатӣ бо давлатҳои шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар мавзӯъҳо табодули афкор сурат гирифт.

Ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳои намояндагони Комиссарияти олӣ доир ба ақаллиятҳои миллии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо посухҳои қаноат бахш доданд.

Дар мулоқот сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ Хуршед Додихудоев ва сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвин Нуриддин ширкат варзиданд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти

стратегии назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон