Асосӣ:
+++ Ҷавонон бояд осебпазир набошанд! +++ Аҳамияти гулугоҳи Ҳурмуз чун шоҳраги ҳаётӣ барои интиқоли нафт дар ҷаҳон (дар пасманзари афзудани танишҳо миёни ИМА ва Эрон) +++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1655
mod_vvisit_counterДирӯз2420
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта17587
mod_vvisit_counterДар ин моҳ56739
mod_vvisit_counterҲамагӣ1830132
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
25
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ "РАВАНДҲОИ ҲАМГИРОИИ МИНТАҚАВӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА АФҒОНИСТОН: ПАЙОМАДҲО ВА ДУРНАМО"

12.04.2019

Рӯзи 12 апрели соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи гирд дар мавзӯи "Дурнамои равандҳои ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон: пайомадҳо ва дурнамо" баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои давлатии кишварамон, олимону коршиносони масоили байналмилалӣ ва васоити  ахбори  ватанӣ ширкат  варзиданд.

Мизи гирдро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода кушода, зимни суханронии ифтитоҳӣ баргузории чунин ҳамоишро барои мустаҳкам гардидани ҳамгироии минтақавӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва шарикони стратегии онҳо муҳим арзёбӣ карда, тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун бахши ҷудонопазири минтақа нисбати равандҳои минтақавӣ ҳаргиз бетафовут намебошад. Зиёда аз ин, Тоҷикистон як кишвари фаъоли минтақа ва давлати пешқадам дар равандҳои ҳамгароии минтақавӣ ба шумор меравад.

Дар сиёсати хориҷии бисёрсамтии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 27 соли Истиқлолияти давлатӣ ба рушди ҳамкориҳо дар минтақа аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки "Мо ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба дар минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем. Густариш ва таҳкими муносибатҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, чун анъана, дар асоси дӯстиву эътимод, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории судманд ба роҳ монда шуда, ба иҷрои ҳадафу вазифаҳо, ҳамчунин, рафъи мушкилоти муштарак равона гардидааст". Яъне, бо пуштибонӣ аз чунин равиши сиёсати хориҷӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама марҳалаҳо ѓояи рушди ҳамкориҳо ва лоиҳаҳои ҳамгироии минтақавиро дастгирӣ менамояд.

Дар амалияи сиёсати хориҷии мо зери мафҳуми "минтақа" ба таври анъанавӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар назар дошта шудааст. Дар санадҳои расмии соҳа дар ин бора таъкид мегардад, ки таҳкими муносибатҳои дуҷониба бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Туркманистон, ӯзбекистон ва Қирѓизистон бояд ҳамеша аз рӯйи эътимод, дӯстӣ ва ҳамкории судманд ба роҳ монда шаванд. Ҳадафҳо ва вазифаҳои муштарак дар минтақа кишварҳоро водор месозанд, ки бо истифода аз зарфиятҳои ҳар як кишвари минтақа барномаҳо ва стратегияҳои муштаракро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ коркард намуда, бо дарназардошти манфиатҳои кишварҳои ҳамсоя сиёсати созанда ва устуворро пеша намоянд.

Дар равобит бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳим ва зарур будани муносибатҳои баробар, мутақобилан сӯдманд, беғараз ва устувор омилҳои муайянкунанда ба ҳисоб мераванд. Мо сиёсатамонро бо ин кишвари ҳамсоя ҳамеша дар асоси эҳтироми мутақобил, ҳамкории созанда ва хайрхоҳӣ пеш хоҳем бурд.

Умумияти ҳадафҳо ва вазифаҳое, ки дар назди давлатҳои минтақа қарор доранд, зарурати рушду тавсеаи муносибатҳоро аз рӯи эътимод, дӯстӣ ва ҳамкории судманд бо кишварҳои Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон тақозо мекунад.

Роҳбарияти давлати Тоҷикистон ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ медонад ва ин бардоштро дар амалияи сиёсии худ дар тӯли кариб се даҳсолаи охир борҳо намоиш додааст. Мо якҷоя ва дар ҳамкории созандаву ҳусни эътимод бо якдигар метавонем бар зидди таҳдиду хатарҳои глобалии муосир дар минтақа муқовимат ва истодагарӣ намоем, чунки ҳамгироии созандаи минтақавӣ ба манфиати давлату халқҳои ҳамаи минтақа ва ҳар як кишвари Осиёи Марказист.

Агар ҷанубтар нигарем, ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳи пойдор дар Афғонистони ҳамҷавор, оромӣ, амният ва суботи сиёсӣ дар он ҷавобгӯйи манфиатҳои миллии Тоҷикистон мебошад. Илова бар ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи вобастагии таъмини амнияти Тоҷикистонро аз таъмини амнияти кишвари ҳамҷаворӣ мо Афѓонистон махсус қайд менамоянд, ки "Суботу оромии ҳамсоякишварамон–Афғонистон барои мо мисли обу ҳаво зарур аст".

Тоҷикистон кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳукумати ин кишвари дӯстро дар ҳалли ҳамаҷонибаи қазияи Афғонистон пуштибонӣ мекунад ва чунин мешуморад, ки ҳаққи муайян кардани ояндаи Афғонистон комилан ба худи мардуми ин кишвар тааллуқ дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзи тамомияти арзии ин давлати дӯсту ҳамсоя ва таъмини ваҳдати ҳамаи неруҳои сиёсии он манфиатдор буду ҳаст. Кишвари мо дар фаъолияти муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Афғонистон, махсусан, дар ҷодаи эҳёи иқтисодии он, минбаъд низ амалан саҳм хоҳад гирифт. Пешвои миллат дар ин бора фармудаанд, ки "Афғонистони бародар ва ҳамкешу ҳамзабон дар байни кишварҳои минтақа дар самти вусъат додани ҳамкориҳои гуногунсоҳаи мутақобилан судманд барои мо ҳамеша ҳақ­қи афзалият хоҳад дошт".

Аҳамияти самти минтақавии сиёсати хориҷии мо пеш аз ҳама, дар он ифода мешавад, ки имрӯз манфиатҳои миллӣ, амнияти миллӣ ва рушди иқтисодии кишварҳои минтақа ба ҳам вобастагии зич дошта, таъмини комили рушду амнияти ҳар кишвар танҳо дар заминаи таъмини рушду амнияти минтақавӣ имконпазир мебошад. Ин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи унсурӣ ва фаъоли минтақа ҷонибдори ҳамкориву ҳамгароии минтақавӣ буда, ба рушди робитаҳои баробарсатҳ дар ин самт аҳамияти аввалиндараҷа қоил аст.

Ҳадафи асосии чорабинии имрӯза низ баррасии равандҳои ҳамгироии минтақавӣ буда, боварии комил дорам, ки иштирокчиёни муҳтарами ҳамоиш хулосаву пешниҳодҳои мушаххаси худро дар ин бора ироа мекунанд.

Дар назди ҳозирин муовини сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Шарифӣ зимни маърӯзаи худ дар мавзӯи "Ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва раванди музокироти сулҳ дар Афғонистон" дар бораи мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи мазкур изҳори назар намуда, аз ҷумла қайд кард, ки рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, кишвари мо аз тарҳҳои ҳамгироии минтақавӣ ҳамеша ҳимоят намудааст. Имрӯз кишварҳои Осиёи Марказиро на танҳо ҷуғрофия ва таърихи умумӣ, балки манфиатҳои муштарак дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, амниятӣ ва ғайра муттаҳид месозад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи давлатҳои фаъол дар раванди ҳамгироии минтақавӣ ба шумор меравад.

Сипас котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳрамбек Анварзод дар мавзӯи "Инъикоси масъалаҳои идеологӣ-динӣ дар фазои иттилотии минтақа: мушкилот ва пайомад", дотсенти кафедраи минтақашиносии ҷаҳон ва сиёсати хориҷии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон А.С.Раҳмонов дар мавзӯи "Хатарҳои муосири амнияти Осиёи Марказӣ ва дурнамои сулҳ ва субот дар Афғонистон", муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомназар Ҳақназар дар мавзӯи "Сиёсати хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибат бо давлатҳои узви ИДМ", мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Табассум Азимзода "Тоҷикистон ва Ӯзбекистон: вусъати муносибатҳои стратегӣ", маърӯзаи докторанти кафедраи сиёсатшиносии Донигоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Т.Амиров дар мавзӯи "Нақши ҳамкориҳои ҳарбиву техникии Федератсияи Русия дар таъмини амният дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон" суханронӣ намуданд.

Иштирокчиёни ҳамоиш, аз ҷумла мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Р.Ш.Нуриддин, профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих Ҷ.Л.Латифов, декани факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих Р.Шарипов ва дигарон пиромуни суханрониҳои ироашуда фикру андешаҳои муфид баён намуданд.

Мизи гирдро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, аз ҷумла зикр намуд, ки эҷоди муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ба таъмини рушди иқтисодӣ ва суботи сиёсӣ дар минтақа ба манфиати ҳамаи давлатҳои минтақа ва шарикони стратегии онҳо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуоти Маркази

тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон