Асосӣ:
+++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз255
mod_vvisit_counterДирӯз1031
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1286
mod_vvisit_counterДар ин моҳ28660
mod_vvisit_counterҲамагӣ1734473
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июли
16
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ТАНОСУБИ ҚУВВАҲО ДАР АФҒОНИСТОН: СУЛҲХОҲОН ВА ҶАНГҶӮЁН

09.04.2019

"Суботу оромии ҳамсоякишварамон

– Афғонистон барои мо мисли обу ҳаво зарур аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Бархӯрди манфиати қудратҳои ҷаҳонӣ дар шакли нав

Афғонистон айни замон дар печидатарин давраи таърихи сиёсии хеш қарор дорад.

Имрӯз беш аз ҳар замони дигар рақобати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бар вазъи умумии ин кишвар соя афканда, рақобати гуруҳҳои навбатиро ба вуҷуд овардааст. Аз нигоҳи илми сиёсатшиносӣ вақте, ки як тарафи ҷангкунанда аз майдон берун шавад, омилҳои ҷанг аз байн меравад ва унсурҳои сулҳсозӣ рӯйи кор меоянд, вале вазъи Афғонистонро аз дидгоҳи илми сиёсатшиносӣ шарҳу тафсир кардан ғайриимкон аст. Зеро бо хуруҷи неруҳои собиқ Иттиҳоди ШӮравӣ ҳамчун як тарафи ҷангкунанда дар Афғонистон ҷанг хотима наёфта, баръакс, набард ва низоъҳо шадидтар шуданд.

Аввал бояд омилҳоеро, ки ҷанги Афғонистонро ба мушкилоти ҷаҳонӣ табдил доданд ва унсурҳои дохилию хориҷии тақвиятдиҳандаи низоъ дар ин кишварро мавриди таҳқиқ қарор диҳем.

Кишвари Афғонистон майдони дуюми бархӯрди ошкорои қудратҳои ҷаҳонӣ, Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА, дар даврони «ҷанги сард» ба ҳисоб меравад. Бархӯрди аввал миёни ин қудратҳо дар Ветнам буд, ки ба манфиати Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом ёфт.

Барҳӯрди навбатии қудратҳо дар Афғонистон барои ИМА имтиҳони ҷиддӣ буд ва дар ин ҷанг пирӯз шудан, маънои нигоҳ доштани имиҷи қудрати ҷаҳониро дошт. Барои ҳамин, ИМА тамоми имкониятҳои мавҷударо барои мубориза бо Иттиҳоди Шӯравӣ, хусусан, идеологияи сотсиалистӣ равона карда буд. Бинобар ин, ҷанг дар Афғонистон якчанд ҳадафҳо дошт, ки моҳияти идеологӣ-сиёсии онро асоснок менамуд:

-– бархӯрди навбатии қудратҳои ҷаҳонӣ; –наҷоти мардуми мазлуми Афғонистон аз зулми ҳокимияти дохилӣ;

–мубориза бо истилогарони аҷнабии ғайримусулмон, ки сарзамини мусулмононро ғасб карданд;

– хусусияти сиёсӣ гирифтани низоъҳои қавмию қабилавӣ.

Бояд гуфт, ки ИМА дар ҷанги Афғонистон аз лиҳози тарғиботи идеологию сиёсӣ ва иҷтимоӣ нисбат ба Иттиҳоди Шӯравӣ афзалияти калон дошт, зеро дар он замон аллакай баъзе кишварҳои атрофи Афғонистонро ба пойгоҳи ҳарбӣ ва бошгоҳҳои тайёр намудани ҷангиён табдил дода буд. Танҳо дар соли 1980–1982 дар Покистон зиёда аз 100 пойгоҳи тайёр кардани ҷангиён ёфтанд. Стратегияи идеологии ҳифзи «дорулислом», яъне сарзамини мусулмонон имкон дод, ки Ғарб кишварҳои мусулмониро ба ин низоъ бикашад ва сафи ҷангиёнро аз ҳисоби онҳо зиёд намояд.

Мутаассифона, баъди хуруҷи артиши Иттиҳоди Шӯравӣ омилҳои дигари идомадиҳандаи низоъи дохилӣ рӯйи кор омаданд. Аз ҷумла, кишвари Покистон, ки дар ин ҷанг нақши калидӣ бозид, иддаои таъсиси низоми сиёсии мувофиқ ба манфиатҳои худро дошт, яъне низоми давлатдории ояндаи Афғонистон бояд тобеи ин кишвар бошад.

Сониян, ҳаракати террористии "Толибон" хамчун қувваи меҳварии ин ҷанг барои ба даст овардани қудрати сиёсӣ иқдом кард.

Инчунин, гуруҳхои сиёсиву қавмие, ки дохили Афғонистон буданд, низ кӯшиши ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ доштанд, вале аз сабаби набудани майдони гуфтушуниди шаффоф миёни гурӯҳҳои сиёсию низомии қудратталаб натавонистанд ба як натиҷаи барои ҳама мувофиқ расанд. Дар айни замон ҳам ягон унсури гуфтушунид миёни ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳҳои низомиву динӣ ва намояндагони миллату қавмҳо рӯйи кор наомадааст, вале дар алоҳидагӣ ҳар яке аз инҳо кӯшиш доранд, ки вазифаҳои калидии давлатиро дар даст дошта бошанд.

Ҳамзамон, бояд таъкид намуд, ки омили дигари буҳрони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон истифодаи мавқеи ҷуғрофии он аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ аст. Мутаассифона, манфиати кишварҳои минтақа бо сиёсати ҷаҳонӣ дар ҳам печида, боиси идомаи низоъҳои дохилӣ дар Афғонистон гардидааст.

Албатта, баъзе аз абарқудратҳо ва кишварҳои минтақа мехоҳанд бо истифода аз вазъияти ноустувори сиёсӣ бо дастгирии гурӯҳҳои мушаххаси сиёсӣ ҳадафҳои худро пиёда созанд. Барои ҳамин бархӯрди манфиатҳои рақибони минтақавӣ як омили идомаи низоъ дар Афғонистон хоҳад монд.

Дар сатҳи чаҳонӣ кишварҳое ба мисли ИМА, Русия, Чин, Британия, давлатҳои арабии Халиҷи Форс манфиатҳои геостратегии худро дар Афғонистон доранд. Бояд қайд кард, ки бо ворид шудани артиши ИМА ва блоки Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ба Афғонистон онҳо нақши калидиро дар ҳаллу фасли масъалаҳои ин кишвар ба даст гирифтанд. Баргузор гардидани чандин мулоқоти котиби давлатии ИМА Ҷон Керри бо роҳбарони ҳаракати террористии «Толибон», ташкил намудани гуфтушунид миёни Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва муваффақ шудан дар масъалаи интихоби раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бартарияти ИМА-ро нисбат ба рақибони дигари сиёсӣ собит намуд. Инчунин, кишвари ИМА дар рушди иқтисодию иҷтимоии Афғонистон маблағҳои зиёд саҳмгузорӣ карда истодааст.

Аммо дар айни замон, сиёсати Президенти ИМА Д. Трамп дар масъалаи Афғонистон норавшан боқӣ мондааст, зеро пешниҳоди кам кардани теъдоди низомиёни ИМА дар Афғонистонро ҳарбиёни ИМА ҳамчун шикаст дар ҷанги ҳабдаҳсола қабул намуданд ва ин барнома мавриди интиқоди шадид қарор дорад.

Сониян, Президенти Амрикоро зарур аст, то сенаторҳоро бовар кунонад, ки нисфи маблағи нигоҳдории низомиён дар Афғонистон аз манбаъҳои дигари ғайрибуҷавӣ пардохт карда мешавад.

Агар дар сатҳи давлатӣ дар ИМА масъалаи хориҷ шудан аз Афғонистон ҳалли худро ёбад, пас зарурат пеш меояд, ки мақоми худро ба кишваре вогузор намояд, ки сиёсати ИМА-ро дастгирӣ кунад. Чун вақтҳои охир бо наздик шудани Покистон бо Чин ихтилофи ҷиддӣ миёни Покистон ва ИМА ба миён омаданд, ин кишвар шояд мавриди эътимод набошад. ИМА мухолифи ҳузури Чин дар Афғонистон буда, инчунин ворид гардидани шарикони ӯро ба мисли Руссия ва Эрон низ намехоҳад. Пас, кишваре, ки метавонад сиёсати ИМА –ро дар Афғонистон таъмин намоянд ин Ҳиндустон ва Ӯзбекистон мебошанд.

Вазъи кунунии сиёсӣ дар мавзӯи Афғонстон: дидгоҳҳо ва ихтилофҳо

Дар идомаи буҳрони солҳои охири минтақа пайдо шудани ҳаракати экстремистӣ-террористӣ ба номи «Давлати исломии Ироқу Шом» дар арсаи сиёсӣ якбора вазъи сиёсии минтақаро тағйир дод. Баъд аз шикасти ДИИШ дар Сурия ва Ироқ, саркардагони ин гурӯҳ дар Афғонистон паноҳ бурда, баъзе минтақаҳои зери тасарруф будаи “Толибон”- ро аз худ карда, аз мавҷудияти худ дар ин кишвар дарак медиҳанд. Онҳо зери шиори «ҳиҷрати нав» ҳомиёни худро аз кишварҳои дигар ба Афғонистон барои ҷиҳоди оянда даъват доранд. Ҳадафи асосияшон зери назорат қарор додани минтақаҳои муҳими сарҳадӣ ва ҷалби ҷавонон аз кишварҳои пасошӯравӣ, хусусан аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аст. Пас, чиро дар оянда бояд интизор шуд? касе пешгӯи карда наметавонад.

Интиколи ДИИШ ба Афғонистон ба манфиати кист?

Тибқи маълумоти мақомоти расмии давлати Афғонистон вақтҳои охир созмони мамнӯъи террористии ДИИШ аз фаъолияти ҳарбии худ бештар дарак дода истодааст. Рақиби сиёсиву идеологии ДИИШ дар Афғонистон ҳаракати террористии «Толибон» аст, ки имрӯз аллакай ҳафтод дарсади хоки Афғонистонро дар даст дорад. Ҳарчанд дар феҳристи ҳизбу ҳаракатҳои террористии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ин ҳаракат ворид шудаааст, вале баъзе аз кишварҳои дигар онро ҳамчун ҳаракати террористӣ намеҳисобанд, ки ин масъалаи дигарест барои як таҳқиқоти фарогири дигар. Рақобати шадид миёни ин ду ҳаракати террористӣ барои тасарруфи минтақаҳои Бадахшон, Тахор ва Қундуз идома дорад. Ин минтақаҳо аз нигоҳи ҷуғрофӣ мавқеи хоси стратегӣ дошта, барои ҳамин, ҳар кадоми онҳо кӯшиш доранд, ки ин минтақаро зери назорати худ қарор диҳанд. Ин дар ҳолест, ки ҳузури пайравони ДИИШ дар минтақаи назди сарҳадиро кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҳамчун таҳдид барои амнияти давлатҳои аъзои ин ташкилот меҳисобанд. Пас аз ин бармеояд, ки дар маҷмуъ, тамоми аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар ин масъала нигоҳу стратегияи муштарак доранд.

Таҳлилу арзёбии сиёсатмадорон ва коршиносон нишон медиҳад, ки эҳтимолияти зиёде вуҷуд дорад, ки дар оянда исломиҳои тундрав дар Афғонистон сари қудрат омада, барномаи интиқоли ин гурӯҳҳоро ба Осиёи Марказӣ ба миён меоранд. Қувват гирифтани гуруҳҳои террористии байналмилалӣ дар ин кишвар, ки аскари онҳоро ҷангҷӯёни хориҷӣ ташкил медиҳанд, бешубҳа аз ҷониби муассисони ин гуруҳҳо барои пиёда намудани манфиати худ истифода мешаванд.

Суботу амният дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои кишварҳои Осиёи Миёна ва Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур буда, Пешвои миллат дар Паёми худ низ ба ин масъала ишора карданд: "Аз ин рӯ, мо чи аз тариқи минбарҳои байналмилалӣ ва чи дар доираи гуфтушунидҳо бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ пайваста даъват ба амал меорем, ки ба қазияи Афғонистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад".

Ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо ва баъзе аз созмонҳои минтақавӣ, ки метавонанд баҳри суботи минтақа ҳамчун камарбанди амниятӣ барои мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонуние, ки аз Афғонистону дигар кишварҳои буҳронӣ ба минтақа интиқол меёбанд, мубориза кунанд.

Лоиқназар Мумин,

Сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии

сиёсати хориҷии МТС –и назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон