Асосӣ:
+++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм +++ ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон +++ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» иштирок намуданд +++ Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия +++ Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия +++ Таъиноти кадрӣ +++ ТАНОСУБИ ҚУВВАҲО ДАР АФҒОНИСТОН: СУЛҲХОҲОН ВА ҶАНГҶӮЁН +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз305
mod_vvisit_counterДирӯз706
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3514
mod_vvisit_counterДар ин моҳ24878
mod_vvisit_counterҲамагӣ1627492
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Mайи
24
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ "СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

05.04.2019

Рӯзи 5 апрели соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи гирд дар мавзӯи "Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату муассисаҳои марбутаи давлатӣ, марказҳову пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, донишмандону коршиносон ва рӯзноманигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Мизи гирдро бо сухани ифтитоҳӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода кушода, баргузории чунин ҳамоишро муҳим арзёбӣ карда, ба иштирокчиёни нишаст барори кор орзу намуд.

Баъдан директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода сухани ифтитоҳӣ ироа намуда, тазаккур дод, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, ойинаи равшани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон,барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад. Ин аст, ки на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми мардуми Тоҷикистон гаштаву баргашта ба ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз рӯй оварда, мазмуну моҳияти олии онро сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳанд.

Дар Паёми Пешвои миллат моҳияти равандҳои асосии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ арзёбии амиқ ёфта, маҷмӯи масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии мамлакат баррасии ҳамаҷониба гашта, барои рушди устувори ҳар як соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу ҳидоятҳои зарурӣ дода шудаанд.

Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар марҳалаи муосир шарҳ дода, дар ин бора аз ҷумла таъкид карданд, ки ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳанӯз дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ дар асоси усули муносибатҳои баробарӣ ва дӯстӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон муайян ва поягузорӣ гардида буд, боқӣ мемонад.

Дар назди ҳозирин муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода дар мавзӯи "Паёми Пешвои миллат–қутбнамои татбиқи сиёсати хориҷӣ ва амнияти миллӣ" суханронӣ намуд ва қайд кард, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дастури муҳими стратегӣ аҳамияти бузург дорад. Дар баробари ин, дар Паёми Пешвои миллат масоили татбиқи сиёсати хориҷӣ ва таъмини амнияти миллӣ яке аз мавзӯҳои муҳим ба ҳисоб рафта, диққати аввалиндараҷа дода мешавад. Аз ин рӯ, Паём ҳамчун қутбнамо дар татбиқ ва таъмини масоили мазкур нақши калидӣ дорад. Тамоми дастовардҳои сиёсати хориҷӣ ва масъалаҳои таъмини амният, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, пешрафт ва рушди устувори Тоҷикистон маҳз аз Конститутсия ва Паёмҳои солонаи Президенти кишвар сарчашма мегиранд. Вобаста ба масъалаи татбиқи сиёсати хориҷӣ ва таъмини амнияти миллӣ фикру андешаҳо хеле гуногунанд. Аммо ба назари мо масоили рушди минбаъда, пешрафти соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла ҷалби сармояи хориҷӣ ва сайёҳони хориҷӣ, рушди ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ маҳз аз самтгирии минбаъдаи фаъолияти сиёсӣ вобастагӣ дорад. Масъалаҳои мазкур ҳамасола дар паёмҳои Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мисли як нақшаи кории дурнамо тарҳрезӣ гардида, дар он самтҳои фаъолияти минбаъда муайян гардидаанд. Дар ин росто, саҳми бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кору фаъолияти хизматчиёни давлатӣ ва умуман, кормандони тамоми соҳаҳо таъсири мусбат расонида, барои рушду инкишофи кишвар мусоидат мекунад.

Масъалаи таъмини амният яке аз мавзӯъҳои меҳварии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, ҳамасола зимни ироаи Паём ба ин мавзуъ диққати махсус дода мешавад. Ҳамчунин, вобаста ба самти фаъолияти сохторҳои марбута доир ба масъалаи таъмини амният масъалагузории таҳия ва тарҳрезии барнома ва стратегиҳои алоҳида бо мақсаду ҳадафҳои мушаххас дар мубориза ба таҳдидҳои амнияти миллӣ ва минтақавиро пешниҳод менамоянд. Бояд Паёми Пешвои муаззами миллатро ҳамчун қутбнамои татбиқи сиёсати хориҷӣ ва таъмини амнияти миллӣ ҳамачониба омӯхта, таҳлил намоем ва аз ҳама муҳим дар татбиқи амалии он саҳмгузор бошем. Илова бар ин, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Паёми мазкур дастури муҳими иҷтимоию сиёсӣ буда, ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро дар бар мегирад. Бинобар ин, пешниҳод менамоем, ки муассисаҳои илмӣ- таҳқиқотӣ ва дигар сохторҳои марбутаи кишвар бояд барои омӯзишу таҳқиқи Паём ҳамчун дурнамои стратегию геополитикӣ ташаббус нишон дода, корҳои таҳлилии илмӣ ва навиштани рисолаҳои илмиро роҳандозӣ намоянд.

Сипас сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзӯи "Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи ҳалли низои Афғонистон", дотсенти кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон А.Шарипов дар мавзӯи "Инъикоси сиёсати минтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми Пешвои миллат", муовини сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нарзулло Сангинов дар мавзӯи "Инъикоси масоили амнияти минтақавӣ дар Паёми Пешвои миллат", мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комрон Ҳидоятзода дар мавзӯи "Муносибат бо кишварҳои ИДМ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати хориҷӣ дар Паём", мутахассиси пешбари Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон З.Икромова дар мавзӯи "Таҳлили паёмҳои Пешвои миллат ба Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2016–2018" маърӯзаҳои илмӣ карданд.

Иштирокчиёни ҳамоиш пиромуни суханрониҳои ироашуда озодона фикру андешаҳои худро баён намуданд. Маърӯзачиён ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд.

Мизи гирдро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба ҳозирин барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуоти Маркази

тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон