Асосӣ:
+++ Ҷавонон бояд осебпазир набошанд! +++ Аҳамияти гулугоҳи Ҳурмуз чун шоҳраги ҳаётӣ барои интиқоли нафт дар ҷаҳон (дар пасманзари афзудани танишҳо миёни ИМА ва Эрон) +++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1667
mod_vvisit_counterДирӯз2420
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта17599
mod_vvisit_counterДар ин моҳ56751
mod_vvisit_counterҲамагӣ1830144
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
25
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанги деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

02.04.2019

31.03.2019, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Муҳтарам аҳли фарҳанг!

Ҳозирини гиромӣ!

Ба истиқболи ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи чорабиниҳои солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани майдони Парчами миллӣ, Кохи фарҳанг, беморхонаи муосир ва бинои ҷамоати деҳот далели возеҳи амалишавии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат, натиҷаи заҳмати содиқонаи мардум ва албатта, самараи неки истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, воситаи эҳёи ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ низ ба мо маҳз аз баракати истиқлолияту озодӣ муяссар гардидааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар даҳҳо иншооти соҳа, аз ҷумла китобхонаву осорхонаҳо, қасру марказҳои фарҳанг бунёд гардида,ба истифода супорида шуданд, ки онҳо имрӯз ба сокинони мамлакат дар ҷодаи доир намудани чорабиниҳои мухталиф, баланд бардоштани завқи зебоишиносии мардум ва дар маҷмуъ, ба рушди фарҳанги миллӣ мусоидат карда истодаанд.

Соли 2020 ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии кишварамон - шаҳри қадимаи Саразм доир мегардад.

Ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки мо фарҳанги беш аз 5500 - солаи халқамонро, ки аз ҷониби мутахассисону коршиносони маъруф ва доираҳои илмии бонуфузи ҷаҳон эътироф шудааст, ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намоем.

Бори дигар таъкид месозам, ки ҳадафи асосӣ аз эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, пеш аз ҳама, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани вазъи инфрасохтор, яъне беҳсозии соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.

Дар ин раванд, ҳоло дар вилояти Суғд корҳои созандагиву ободгарона бомаром идома дошта, мо дар ҷараёни сафари кории худ чандин иншооти муҳимми истеҳсоливу иҷтимоиро ифтитоҳ намудем.

Қасри фарҳанг, ки чанд лаҳза пеш ифтитоҳ гардид, аз ҷумлаи ҳамин корҳои ободгарона буда, дар он китобхонаи замонавӣ, утоқҳои алоҳида барои фаъолияти маҳфилҳои гуногуни ҳунарӣ ва аз худ кардани ҳунарҳои мардумӣ бо тамоми таҷҳизоту шароити зарурӣ омода шудаанд.

Вобаста ба ин, ҳамаи сокинони деҳоти ба номи Ҳайдар Усмоновро ба муносибати ифтитоҳи иншооти навбунёди иҷтимоӣ, аз ҷумла қасри хуштарҳу замонавии фарҳанг табрик гуфта, ба мутахассисону коргароне, ки дар сохтмони онҳо саҳм гузоштаанд, бахусус, ба ташаббускорону сармоягузорон миннатдории самимӣ изҳор менамоям.

Ҳамчунин, хотиррасон месозам, ки роҳбарону масъулон ва кормандони соҳа бояд бо истифода аз шароиту имкониятҳои мусоид барои ҳифзу нигаҳдории арзишҳои пурқимати маънавӣ ва тараққиёти минбаъдаи фарҳанги миллӣ кӯшиш намоянд.

Зеро тайи чанд соли охир дар аксари шаҳру навоҳии вилоят қасру марказҳои фарҳанг бунёд гардида, таъмиру таҷдиди даҳҳо иншооти мавҷудаи соҳа бомаром идома дорад.

Танҳо соли гузашта дар ноҳияи Шаҳристон Қасри фарҳанг ва дар шаҳри Истаравшан амфитеатри муосир, ки дар минтақа калонтарин ба ҳисоб меравад, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Суғд 20 иншооти нави соҳаи фарҳанг бунёд ва 139 муассиса таъмиру таҷдид карда мешавад.

Дар баробари ин, хотирнишон месозам, ки вазъи баъзе иншооти соҳа ва фаъолияти театрҳои касбии вилоят беҳбудӣ металабад.

Инчунин, зарур аст, ки ба масъалаи фаъолияти муназзами китобхонаҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, баргузории озмунҳои мухталифи фарҳангиву маърифатӣ, аз ҷумла мусобиқаҳои адабиву китобхонӣ ҳамчун воситаи ҷалби васеи ҷавонону наврасон ба фарҳангу маърифат, баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва завқи зебоипарастии онҳо эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Бо ин мақсад истифодаи самараноки маҷмааи фарҳангу фароғат, ки дар маркази ноҳия бунёд шудааст, инчунин, осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, боғи фарҳангу фароғати ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва қариб сад ёдгории таърихиву фарҳангии ноҳия бисёр муҳим мебошад.

Алҳол мардуми кишвар дар марҳалаи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ - сисолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор доранд.

Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ин санаи таърихӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёди беш аз 1200 иншооти мухталифи иҷтимоиву иқтисодӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз, аллакай, як қатор корҳо амалӣ гардидаанд.

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров яке аз ноҳияҳои калонтарини аграриву саноатии кишвар мебошад.

Сокинони ноҳия, бахусус, дар парвариши пахта ва истеҳсоли меваю сабзавот таҷрибаи зиёд доранд.

Бо дарназардошти мунтазам афзоиш ёфтани аҳолӣ ва зиёд шудани талабот ба маҳсулоти озуқа, инчунин, вазъи бозорҳои ҷаҳонӣ кишоварзону мутахассисони ноҳия бояд бо истифода аз таҷрибаву дониш, обу замин ва дигар захираву имкониятҳо ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоянд, коркард ва ба содирот баровардани маҳсулоти тайёрро афзоиш диҳанд.

Дар ин росто зарур аст, ки ба масъалаи таъсиси коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Бовар дорам, ки мардуми ноҳия аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна амалҳои нек сарбаландона мебароянд ва барои истиқболи сазовори ин ҷашни бузурги миллӣ саҳми арзишманди худро мегузоранд.

Бори дигар ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд ва тамоми сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба муносибати ифтитоҳи Қасри фарҳанг табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломативу саодати рӯзгор ва комёбиҳои нав орзу менамоям!

Ҳамеша муваффақу сарбаланд бошед!

Бознашр: www.president.tj