Асосӣ:
+++ Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия +++ Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия +++ Таъиноти кадрӣ +++ ТАНОСУБИ ҚУВВАҲО ДАР АФҒОНИСТОН: СУЛҲХОҲОН ВА ҶАНГҶӮЁН +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанги деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи маҷмааи варзиши Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими «Корвони наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили ҷашни Наврӯз +++ Манфиати абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ: «ҳамкорӣ ё рақобат» +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз347
mod_vvisit_counterДирӯз378
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта347
mod_vvisit_counterДар ин моҳ14720
mod_vvisit_counterҲамагӣ1597421
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Апрели
22
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

БАЗМИ НАВРӮЗӢ ДАР МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

19.03.2019

 

Рӯзи 19 марти соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори маъмурият ва кумитаи иттифоқи касабаи Марказ базми наврӯзӣ баргузор гардид. Ҷамъомади тантанавиро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки Наврӯз ҷашнест, ки тамоми инсону мавҷудоти оламро рӯҳу равони тоза бахшида, ба ояндаи нек, рӯзгори обод ва пешрафту созандагӣ ҳидоят мекунад. Ин ҷашни бостонии ниёгони мо, ки дар ҳама давру замонҳо аз ҷумлаи бузургтарин идҳои муқаддаси миллӣ ва ойини зиндагисози мардум ба ҳисоб меравад, ҳамчун рамзи корҳои баҳорӣ ва файзу баракати сол, пеш аз ҳама, ба кишоварзон неруву илҳоми тоза мебахшад. Наврӯз бо нақши созандаи хеш ба киштукори замин, пошидани донаи умед, шинонидани ниҳол ва гулу гулбуттаҳо, хуллас, оғози ҳамаи корҳои мавсими баҳор ҳидоят менамояд.

Аз ин хотир мардуми тоҷик ин ҷашни азизу муътабар ва муқаддаси ниёгонро бо хурсандиву арҷгузории беандоза таҷлил карда, беҳтарин орзуву ормонҳои худро бо Наврӯзи хуҷастапай пайванд медонанд. Тамоми оинҳои ибратомӯзи наврӯзӣ, ки моҳиятан сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ ва бунёдкориву созандагӣ мебошанд, имрӯз низ барои ҳар фарди огоҳу солимфикр чун сарчашмаи умеду ормонҳои наҷибу созанда ва василаи худшиносиву ҷаҳоншиносӣ хизмат мекунанд.

Фазилати Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат аз вусъати амалҳои созандагиву ободкорӣ, сабзонидану парвариши ниҳолҳо ва бунёди боғҳо иборат аст, ки дар тамоми давраҳои ташаккули Наврӯзи Аҷам мукаммал гардида, на танҳо аҷдоди мо, балки мардумони гуногунро ба сӯйи амалҳои неку созанда ҳидоят кардааст.

Наврӯз, ки дорои сифатҳои инсонпарваронаи некиву накукорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад, ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфта, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон таҷлил карда мешавад. Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид соли 2010 ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки мардумони сайёра ба ин ойини воқеан ва моҳиятан фарҳангиву инсонпарварона эҳтиром доранд ва онро ҳамчун воситаи сулҳу субот, покию садоқат ва зебоию бедорӣ эътироф менамоянд. Мақоми байналмилалиро соҳиб шудани Наврӯз ҳам имрӯз дар шароити ҷаҳонишавии мушкилоти башарӣ тамоми мардуми сайёраи Заминро ба иҷрои амалҳои волои инсонӣ раҳнамун месозад.

Мо ифтихор мекунем, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон ҷашни бузурги аҷдодиамон–Наврӯз бо тамоми расму суннатҳои дерини худ эҳё гардида, имрӯзҳо дар саросари мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати бесобиқа таҷлил мегардад. Дар эҳё ва ҷойгоҳи баланди давлатӣ ва байналмилалӣ пайдо кардани ҷашни Наврӯз хидмати Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст. Маҳз бо ташаббуси ин шахсияти шинохтаи сиёсию фарҳангӣ ин ҷашни бостонӣ на танҳо дар дар кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз, балки дар сатҳи байналмилалӣ ботантана таҷлил карда мешавад.

Наврӯзи имсола аҳамияти хос дорад, зеро таҷлили он дар рӯзҳое сурат мегирад, ки мардуми ҳимматбаланду бунёдкори мо сохтмони иншоотҳои барои Ватанамон тақдирсозро майдони кору пайкори созанда эълон карда, барои вусъати тоза бахшидан ба бунёди онҳо ҳама чун як тан камари ҳиммат бастаанд. Мардуми ватанпараст, бунёдкор ва заҳматпешаи Тоҷикистон барои расидан ба ин мақсадҳои олии умумимиллӣ неруи худро дареғ нахоҳанд дошт ва мо бо истифода аз тамоми имкониятҳои молиявию моддӣ, азму иродаи қавӣ ва неруи тавонои халқи шарафманду ободгарамон ба ин ҳадафҳои олӣ ноил хоҳем гашт.

Имсол низ мо ҷашни Наврӯзи байналмилалиро дар фазои озод, дар давлати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил таҷлил менамоем, ки ин неъмати бузург аст ва бояд аз он шукргузор бошем. Ба хотири боз ҳам афзун намудан ва таҳким бахшидани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ҳар як фарди бонангу номуси кишвар тақозо мегардад, ки бунёдкориву созандагиро сармашқи зиндагии ҳаррӯзаи худ намуда, минбаъд низ бо неруи дучанд барои ободониву пешррафти Ватани азизамон саъю талош варзида, ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфа ва дастовезҳои арзанда омода намоянд.

Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи ҷаҳонафрӯз дар саросари кишварамон корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифта, тантанаҳои наврӯзиро шукӯҳу шаҳомати тоза мебахшанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон Наврӯзро бо шукӯҳу тантана ҷашн мегиранд. Махсусан, деҳқонони асили кишварамон дар баробари чорабиниҳои ҷашнӣ аз ҳар рӯзи мусоиди баҳорӣ оқилонаву самаранок истифода бурда, барои киштукори баҳорӣ ва коштани донаи умед, ки файзу неъмати дастархони наврӯзии мо мебошад, кӯшишу талош доранд. Рӯёнидани ҳосили фаровон, истифодаи оқилонаи обу замин, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ, тозаву озода гардонидани хонаву манзил ва хиёбону маҳалли зист аз ҷумлаи корҳое неке мебошанд, ки ҳар кадоми мо бояд онҳоро ба хотири боз ҳам ободу зебо ва пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон анҷом диҳем.

Дар фарҷоми суханронӣ Парвиз Муҳаммадзода аз номи роҳбарият тамоми аҳли кормандони Марказро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрику муборакбод намуд.

Сипас кормандони Марказ ва ҳунармандони даъватшуда бо шеъру суруд базми наврӯзиро шукӯҳ ва ҳусни тоза бахшиданд.

Хадамоти матбуоти Маркази

тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон