Асосӣ:
+++ Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун +++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++ Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2017 01:56, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико +++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1207
mod_vvisit_counterДирӯз1376
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта9294
mod_vvisit_counterДар ин моҳ24698
mod_vvisit_counterҲамагӣ1013280
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Январи
21
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт

21.09.2017 20:25, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Дар шаҳри Ню-Йорк ҳамчунин мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт баргузор шуд.

Аз имкони мулоқоти дуюм дар давоми соли равон изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва таъкид гардид, ки муколамаҳои доимӣ дар оянда ба густариши робитаҳои Тоҷикистон ва Ширкати “Ҷенерал Электрик” такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.

Ҷонибҳо муҳимияти ҳамкориҳои манфиатборро дар соҳаи энергетика ва истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷалби сармоя барои бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, таҷдиди неругоҳҳои мавҷуда, бунёди хатҳои интиқоли неруи барқ ва таъмини таҷҳизоти муосири энергетикӣ таъкид карда,

Муфассал...
 
МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон»

21.09.2017

21 сентябри соли 2017 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи гирд таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, коршиносони масоили сиёсӣ, донишмандони сиёсатшинос, собиқадорони соҳаи дипломатия ва намояндагони васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ ширкат доштанд.

Мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, зимнан қайд кард, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар поягузорӣ ва пешбурди сиёсати хориҷӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ хеле бузург аст. Аз ҳамин ҷост, ки сиёсати хориҷии кишвари моро чун сиёсати сулҷӯёнаву бисёрсамта бо номи “сиёсати дарҳои боз” мешиносанд ва Пешвои миллати мо чун як шахсияти маъруфу барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.

Муфассал...
 
«Афғонистон: чолиш ва таҳдидҳо» - китоби нави Саймуддин Мирзоев

21.09.2017

Китоби муҳаққиқ Саймуддин Мирзоев таҳти унвони «Афғонистон: чолиш ва таҳдидҳо» тавассути нашриёти «Ирфон» дар муҳити иттиллоотии Тоҷикистон бо забони русӣ ба табъ расид. Муаллиф бо шеваи илмӣ ва усули таҳқиқӣ масъалаҳои печидаву мубрам, буҳрон, мушкилоти рӯз ва омилҳои пайдоиши таҳдиду хатар ва хушунату тундагароиро дар кишвари Афғонистон мавриди баррасӣ  ва таҳлил қарор додаст.

Вай зимни баррасии масоили мазкур сарчашмаи пайдоиш, омилҳои шаклгирӣ ва тавсеаёбии ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистиро дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муаррифӣ намуда, роҳҳои таъмини амнияти давлатдории миллӣ ва муқовимат алайҳи хама гуна ҳаракатҳои тундрав ва иртиҷоиро нишон додаст. Китоби мазкур дар шинохти бархӯрди манфиатҳои бузург ва қудратҳои ҷаҳонӣ, ки дар кишвари Афғонистон саҳми калидӣ доранд, аҳамияти ҷиддӣ дорад.

Муаллиф дар асоси санадҳои таърихӣ ва далелҳои қавии таҳлилӣ сабабҳои аслӣ ва калидии бурҳони сиёсӣ, иҷтимоӣ, амниятӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон нишон дода, изҳор доштааст, ки ин  омилҳо боиси тақвиятёбӣ ва решадавонии таҳдид ва хатарҳои байналмилалии террористӣ гаштааст.

Китоб барои сиёсатшиносону коршиносони, омӯзгорону донишҷӯёнм мактабҳои олӣ  ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.

 

 
Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2017 01:56, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Имрӯз дар шаҳри Ню-Йорк Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуда, яке аз аввалинҳо шуда суханронӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ изҳор намуданд, ки раванди босуръати ҷаҳонишавӣ дар зарфи даҳсолаҳои гузашта, ҳарчанд ки аз як тараф, ба тавсеаи робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ миёни кишварҳо ва ҳамгироӣ байни минтақаҳои гуногуни ҷаҳон мусоидат намуд, вале, аз ҷониби дигар, барои сокинони сайёра мушкилоти зиёдеро ба бор овард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки Созмони Милали Муттаҳид – ба сифати як ниҳоди бонуфуз ва фарогири ҷаҳонӣ – бояд минбаъд низ вазифаи худро дар мавриди ҳамоҳангсозии талошҳои пайвастаи давлатҳои аъзо ҷиҳати муқовимати фаъол ба хатару таҳдидҳои муосир ва ба таври самарабахш иҷро намояд.

Муфассал...
 
19.09.2017 КОРБУРДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

БА ПЕШВОЗИ РӮЗИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Ибтидо ва интиҳои ҳама гуна тамаддун ва фарҳанги миллӣ забон аст, забони модарии халқест, ки эҷодкори фарҳанги худ аст. Таърихи инсоният бисёр халқу миллатҳоеро медонад, ки бо гузашти вақт забони модарии худро гум карда, ва ё таркиби луғавӣ ва сохти сарфу наҳвии онро ба ҳадди шинохтанашаванда тағйир дода, дар натиҷа аз мероси таърихию фарҳангии хеш маҳрум шудаанд. Забон тарзи тафаккур ва сохтори олами эҳсосоти мардумро мукаммалтар аз ҳама падид меорад ва шинохти ҳар халқе ба василаи забонаш амиқтар муяссар хоҳад шуд. Халқеро шинохтан хоҳем, ба забони вай бояд рӯ оварем.

Забони муосири тоҷикӣ забони зиндаи халқест, ки бо вуҷуди парокандагиҳои таърихӣ аз охири қарни нуҳу даҳи милодӣ то ба ҳол мавҷудияташро гум накардааст. Ин забон на фақат бо номи форсӣ, форсии дарӣ ё забони дарӣ на танҳо дар қаламрави имрӯзаи Эрону Осиёи Марказӣ, балки дар сарзаминҳои Афғонистон, Хиндустону Покистон, ноҳияҳои ҳаммарзи Қафқоз, Осиёи Сағир ва Туркистони Чин густариш ёфта буд. Аз охири қарни нуҳ то ибтидои асри шонздаҳ аз рӯйи сарфу наҳв ва таркиби луғавӣ

Муфассал...
 
Шанбегӣ дар Маркази тадқиқоти cтратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

02.09.2017

Рӯзи шанбе, 2 сентябри соли 2017, ҳайати кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон ташаббус нишон дода, ба истиқболи ҷашни фархундаи 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъраки шанбегӣ ташкил намуданд. Онҳо дар ин рӯз ҳуҷраҳои корӣ, даҳлезу роҳравҳо, ҳавлӣ ва гирду атрофи бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тозаву озода намуданд. Инчунин, дар маъракаи шанбегӣ бехи дарахтон, ниҳолу гулбуттаҳоро нарму об доданд ва ба ҳусни гирду атроф ҳусни тоза зам намуданд.

Инак, чанд лаҳзаи фаъолияти ҳайати кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар маъракаи шанбегӣ пешкаши хонандагони гиромӣ менамоем.

Муфассал...
 
Иловаи мақолаҳо...
<< Якум < Пешина 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 11 аз 57