Асосӣ:
+++



Хабарҳои охирин

Меҳмонҳо

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз61
mod_vvisit_counterДирӯз1380
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4868
mod_vvisit_counterДар ин моҳ23794
mod_vvisit_counterҲамарӯза655095
Visitors Counter 1.5

Омор

Маводҳои аз назар гузаронидашуда : 1165713
Марти
24
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ulti Clocks content
Ҷавонон дар муқобили ифротгароӣ ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба масъалаҳои тарбияи ҷавонон дар оила ва ҷомеа, муҳайё кардани шароити мусоид барои илмомӯзӣ, кору фароғати онҳо, диққати ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Имрӯз ҳам татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, меҳвари фаъолияти онҳоро ташкил медиҳад.

Бо ин мақсад даҳҳо қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» қабул карда шуданд, ки онҳо барои муттаҳид намудани ҷавонон дар пешрафти кишвар, ҳимояи марзу буми он, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагиву ободкорӣ фаъолона ширкат кардани онҳо, роҳи васеъ кушоданд. Инчунин, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар мамлакат то соли 2020 қабул карда шуд ва дар он иштироки ҷавононро дар ҳалли вазифаҳои мубрами рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъмин мекунад.

Оид ба масъалаи ҷавонон дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат

Подробнее...
 
МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР РУШДИ УСТУВОРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

2 феврали соли 2017 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017 мизи гирд таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш намояндагони масъули вазорату идораҳои давлатӣ, донишмандону коршиносон, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ ширкат доштанд.

Мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров кушода, зимнан таъкид намуд, ки дар аввали сол аз мавзӯи ҷавонон оғоз намудани силсилаи нишастҳои илмию амалӣ маҳз ба хотири дастгирии сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Фалсафаи ин ҳамоиш дар он аст, ки ҷавонони кишварамон ин қадрдониии Пешвои миллатро дарк намоянд ва бо боварии том ва кӯшишу ғайрати зиёд дар ободкорию созандагиии Ватанамон саҳми арзанда гузоранд.

Сипас суханро ба директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Подробнее...
 
АНОНС: МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР РУШДИ УСТУВОРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Фардо, 2 феврали соли 2017 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017 мизи гирд таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад. Дар кори мизи гирд намояндагони масъули вазорату идораҳои давлатӣ, донишмандону коршиносон, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ ширкат меварзанд.

Тибқи барнома ҳамоиш бо ҷаласаи ифтитоҳӣ ва се бахш доир мешавад. Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ суханрониҳои табрикотии намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст. Бахши аввали мизи гирд маърӯзаю

Подробнее...
 
ҶАВОНОН — НЕРУИ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ (Дар партави Паёми Пешвои миллат)

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи муҳими стратегияи давлатдорӣ ва дастуруламали босамари фаъолияти давлат дар самти сиёсати дохилию хориҷӣ маҳсуб мешавад.

Паём доираи фарохи масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангиро дар бар гирифта, самти ҳаракати давлатро барои солҳои оянда муайян менамояд. Бояд зикр намуд, ки Президенти кишвар дар ҳар як Паём ба тарбияи ҷавонон диққати махсус медиҳанд. Тавре дар Паёми худ Пешвои миллат қайд менамоянд, ҷавонон ба сифати як неруи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеаи навини мо шинохта ва эътироф шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҷавон буда, синни миёнаи аҳолӣ 24 сол ва 70 дарсади сокинони онро шахсони то 30-сола ташкил медиҳанд.

Бо назардошти ин, Ҳукумат дар самти бартараф намудани падидаҳои номатлуб миёни ҷавонон як зумра иқдомҳоро амалӣ намудааст, ки баҳри фароҳам овардани фазои мусоиди сиёсию иқтисодӣ ва

Подробнее...
 
ПАРДАБАРДОРӢ АЗ ЛАВҲАИ ЁДГОРИИ КӮЧАИ СУҲРОБ ШАРИПОВ

Рӯзи 18 январи соли 2017 дар кӯчаи собиқ Сергей Шаумияни шаҳри Душанбе маросими парда бардории лавҳаи ёдгории кӯчаи Суҳроб Шарифов, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, собиқ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намоядагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид. Дар ин маросим намояндагони Маҷлиси намоёндагони Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, адибону журналистон, пайвандону наздикони Суҳроб Шарифов ва аҳли ҷамоатчигии маҳаллаву сокинони кӯчаи мазкур ширкат доштанд.

Ҷамъомади тантанавиро муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси комиссия оид ба номгузории Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Сайфулло Сафаров ифтитоҳ намуда, дар бораи ҳаёт ва фаъолияти доктори илмҳои сиёсӣ Суҳроб Шарипов маълумоти мухтасар дода, баъд аз рӯйи лавҳаи мармарин пардабардорӣ намуд. Акнун кӯчаи

Подробнее...
 
Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар

13.01.2017 19:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Тавре ки медонед, дар кишвари мо соҳаи энергетика сол аз сол рушд ёфта, Ҳукумати мамлакат барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ тамоми имконияту захираҳоро сафарбар намудааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ ва хусусан солҳои охир яке аз мушкилоти асосии мардуми кишвар норасоии нерӯи барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон мебошад, ки маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ баъзе солҳо аз моҳи сентябр то моҳҳои март ва ҳатто апрел идома пайдо мекард.

Мо имконият надоштем, ки ҳатто пойтахти мамлакат ва дигар шаҳрҳои саноатиро пурра бо нерӯи барқ таъмин намоем.

Бо мақсади бартараф намудани чунин ҳолати ногувор дар кишвар тадриҷан ду нерӯгоҳи бузурги

Подробнее...
 
Иловаи мақолаҳо...
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 2 аз 43