Асосӣ:
+++ Ҷавонон бояд осебпазир набошанд! +++ Аҳамияти гулугоҳи Ҳурмуз чун шоҳраги ҳаётӣ барои интиқоли нафт дар ҷаҳон (дар пасманзари афзудани танишҳо миёни ИМА ва Эрон) +++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1718
mod_vvisit_counterДирӯз2420
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта17650
mod_vvisit_counterДар ин моҳ56802
mod_vvisit_counterҲамагӣ1830195
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
25
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МИЗИ ГИРД ТАҲТИ УНВОНИ «МАРДИ НАКУНОМ ВА ДОНИШМАНД»

Рӯзи 18-уми апрели соли 2015 дар маҷлисгоҳи МТС –и назди Президенти ҶТ таҳти унвони «Марди накуном ва донишманд» мизи гирд бахшида ба зодрӯзи собиқ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Суҳроб Шарипов баргузор гардид. Дар ин нишаст дӯстону ҳамкорон, шогирдону пайвандон ва коршиносони масоили сиёсӣ ва дигарон ширкат варзиданд.

Маҳфили ёдбудро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ифтитоҳ намуда, дар бораи ҳаёт ва фаъолияти илмии марҳум Суҳроб Шарипов суханронӣ намуд. Мавсуф хизматҳои шоистаи шодравон Суҳроб Шариповро ба ҳайси директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ қайд намуда, хотироти худро дар бораи ӯ баён намуд.

Сипас дӯстону ҳамкорон ва шогирдони Суҳроб Шарипов:–Сайфулло Сафаров, Кароматулло Олимов, Абдунабӣ Сатторзода, Абдулвоҳид Шамолов, Шоҳназар Шоисматуллоев, Ҷамшед Саидов, Фаррух Насимов, Гузел Майтдинова, Саодат Соҳибназарова,

Муфассал...
 
МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «ТАҲСИЛОТИ КАСБИЮ ТЕХНИКӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ЧОЛИШҲО ВА НАҚШАҲО»

Рӯзи 14 апрели соли 2015 бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзӯи «Таҳсилоти касбию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: чолишҳо ва нақшаҳо» баргузор гардид. Дар он натиҷаҳои тадқиқоти Марказ, масъалаҳои вазъ ва дурнамои рушди таҳсилоти касбӣ, воситаву механизмҳои таъмини ҳамгироии шуғл ва таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ бо дарназардошти афзалиятҳои стратегии рушди кишвар мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтанд. Дар он намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ фаъолона ширкат намуданд.

Мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Худобердӣ Холиқназар ифтитоҳ намуда, ширкаткунадагони нишастро хайра мақдам гуфт ва ба онҳо барори кор таманно намуд. Сипас намояндаи Созмони байналмилалии меҳнат дар мавзӯи «Истифодаи стратегияи тайёрии касбии Гуруҳи бистум» Жан Дюронсуа маъруза карда, фикру мулоҳизаҳои ҷолиб изҳор намуд.

Муфассал...
 
Таҳдиди тамоюли ифротгароии динӣ дар Осиёи Марказӣ

Пас аз пошхӯрии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон тамоюли рӯ овардани ҷавонон ба дин ба назар мерасид. Афзудани шумораи масҷидҳо ва инфрасохтори исломӣ (муассисаҳои таълимӣ), вусъат ёфтани имкониятҳои иттилоотиву тарғиботии ассотсиатсияҳо ва ҷамъиятҳои исломӣ гувоҳи гуфтаҳои боло шуда метавонанд.

Экстремизм ифодаи амали тундгароӣ буда, экстремизми динӣ маънои мутаассиб дар дин ва мазҳаб мебошад. Яъне, таҳти таъсири андешаи бардурӯғи аз доираи таълимоти динӣ дур дар ниҳоди шахс боварии комил ба ҳиссиёти экстремистӣ табдил меёбад. Дар натиҷа исломи муътадил ба идеологияи радикалӣ мубаддал гардида, аз ҷониби гурӯҳҳои экстремистӣ, ба монанди «Ваҳҳобия», «Салафия», гурӯҳҳои ифротгароии «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Гурӯҳи исломии Туркистони Шарқӣ», «Ал-қоида», «Конгресси халқии Курд», «Асбат-ал-Ансар», «Бародарони мусалмон», ҳаракати «Толибон», «Давлати Исломӣ» ва дигарон суистифода мегардад. Ин ҳаракатҳо аз ҳамдигар фарқ кунанд ҳам, аммо аксаран ҳадафи ягона, яъне қонеъ намудани талаботи иқтисодӣ, бедор намудани ҳисси таҳаммулнопазирӣ дар ҷомеа ва бо истифода аз беназарии иҷтимоӣ дар мафкураи мардум бедор намудани мавҷи эътироз, нооромиҳо ва ғайраро доранд.

Муфассал...
 
МАРДИ НАКУНОМ НАМИРАД ҲАРГИЗ…

Суҳроб Шарипов сиёсатмадори маъруфи тоҷик ва олими саршиноси соҳаи сиёсатшиносӣ 18 апрел ба синни мубораки 52 мерасид. Ин марди шариф дар замони шӯравӣ таҳсил карда, аспирантураро дар Федератсияи Русия ба итмом расонид ва муддате дар ин кишвар кору фаъолият кард, вале камолоти эҷодӣ ва ташаккули вай чун олим, сиёсатшинос ва шахсияти давлатӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол поягузорӣ шудааст.

Ӯ соли 1963 дар хонаводаи олими машҳури тоҷик, доктори илмҳои фалсафа, профессор Иброн Шарипов таваллуд шудааст. Вай сифатҳои оливу неки инсонӣ чун поквиҷдонӣ, садоқат, усулият, ростқавлӣ, муҳаббат ба миллату Ватани худ Тоҷикистонро аз оила, аз қиблагоҳаш ба мерос гирифтааст. Баъд аз хатми мактаби миёнаи № 77-и шаҳри Душанбе ба Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов, ба факултаи фалсафа дохил мешавад. Баъд аз хатми донишгоҳи мазкур дар соли 1988 ба Ватан бозгашта, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси устод ба кор машғул мегардад. Соли 1990 боз ба аспирантураи Донишгоҳи давлатии Москва дохил шуда, соли 1994 рисолаи илмиро дар мавзӯи «Ҳад ва имкониятҳои озодӣ» дар риштаи Фалсафаи сиёсатшиносӣ

Муфассал...
 
Мулоқот бо донишҷӯёни тоҷики дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Корея таҳсилкунанда 13.04.2015 15:19, Корея

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни тоҷики дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Корея таҳсилкунанда мулоқот намуд.

Барои иштирок бо Сарвари давлат зиёда аз 60 нафар донишҷӯёни тоҷики дар ин кишвари пешрафтаи осиёӣ таҳсилкунанда ҷамъ омаданд.

Тавре зикр гардид, ҳоло дар Ҷумҳурии Корея беш аз 100 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз дастовардҳои пуршарафи истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун ёдовар шуда, аз ҷумла иттилоъ дод, ки имрӯз танҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 30 ҳазор донишҷӯйи тоҷик дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар кишварҳои пешрафтаи қитъаҳои Аврупову Амрико ва Осиё илму маърифат меомӯзанд.

Муфассал...
 
Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 12.04.2015 13:41, Корея

Дар ҳошияи форуми ҷаҳонии об дар шаҳри Дэгуи Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ доираи васеи масоили вобаста ба ҳамкории судбахши ду кишвар баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба зарурати густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва фарҳангӣ зоҳир гардид.

Муфассал...
 
<< Якум < Пешина 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 88 аз 102