Асосӣ:
+++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм +++ ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон +++ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз408
mod_vvisit_counterДирӯз2491
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4893
mod_vvisit_counterДар ин моҳ37481
mod_vvisit_counterҲамагӣ1680804
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июни
19
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ифтитоҳи Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Ҳисор 22-09-2015 09:12

Худи ҳамин рӯз дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳисор Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро расман ифтитоҳ намуд.

Дар саҳни ҳавлӣ Сарвари давлатро хонандагони хуштолеъ бо суруду шеърҳо дар васфи Ватан ва пешвои халқ истиқбол гирифтанд.

Фармоишгар - Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмонӣ дар ин бинои боҳашамат моҳи майи соли 2014 оғоз гардид.

Барои бунёди мактаби президентӣ бо 640 ҷой беш аз 60 миллион сомонӣ маблағ сарф шуд.

Дар назди мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Ҳисор 2 хобгоҳ барои 400 хонанда, 1 бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ бо 36 хона барои омӯзгорон, толору майдонҳои варзишӣ ва ҳамаи шароити дигари мувофиқ ба талаби замон бунёд шудааст.

Муфассал...
 
ПИВТ ПОТЕРПЕЛ ФИАСКО

Этот год для Партии исламского возрождения Таджикистана, однозначно, стал не самым лучшим. Оптимистические прогнозы лидеров ПИВТ на выборах в Парламент в марте 2015-го потерпели фиаско. Далее эта партия всячески старалась противоборствовать результатам, начав информационную войну. Сразу после выборов лидер партии Мухиддин Кабири осудил убийство оппозиционера и лидера «Группы 24» У. Кувватова. Кто-то рассудит данное заявление как лояльность с поговоркой «Враг моего врага – мой друг», другие скажут, что это страх. Но, есть другой момент. Лидер ПИВТ комментируя данную ситуацию, сказал, что эти события «создают атмосферу страха и недоверия в обществе», тем самым, привлекая внимание общества к данной ситуации.

После несостоявшихся для ПИВТ выборов в Парламент и обсуждений существования или не существования партии, Политсовет ПИВТ заявил, что «привлечение к данному вопросу сыграет против государства и таджикской нации», а их лидер выехал за рубеж и в течение нескольких месяцев смог посетить разные страны.

Между тем руководители партии, находящиеся в стране обращались в различные государственные структуры принять меры в отношении лиц, которые преследовали членов ПИВТ и их родственников, что ни дало никакого результата. На какой вопрос в это время искал ответ лидер ПИВТ в Европе нам остается только догадываться. Участие в многочисленных конференциях в сложнейший период партии не стоило его отсутствия в стране. Не исключено, что Кабири надеялся на поддержку политиков Евросюза, которые якобы, по его словам, имеют полную и достоверную информацию о существующих проблемах в Таджикистане.

Муфассал...
 
КОНФРОНСИ ИЛМИЮ АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «ХУСУСИЯТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ»

Имрӯз, 11 сентябри соли 2015 дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисто бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Ҷашни 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Хусусиятҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият» баргузор гардид. Дар конфронси мазкур Раиси Марказ Х.Холиқназар бо муовинон ва кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон Смагулов А.Д, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҳасанов А.К., мушовири калони Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игнатов А.В., Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Белорус., Гаврук О., мушовири сафири Ҷумҳурии мардумии Чин, мушовири сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, мушовири сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон намояндаи САҲА ва коршиносону мутахассисони соҳа, шахсиятҳои маъруфи кишвар, собиқадорони соҳаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ширкат доштанд.

Муфассал...
 
МАФҲУМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА МОҲИЯТИ ОН, ДАР ШАРОИТИ НАВИ ТАЪРИХӢ

Истиқлолият дар ҳар як давраи муайяни таърихӣ мазмуни навро эҳё мекунад. Агар дар шароити таърихии давраи капиталистӣ он маънои аз зери асорати мустамликадорӣ озодшуданро ифода мекард, пас дар аввали асри ХХI ин мафҳум пеш аз ҳама ба истиқлолияти иқтисодӣ, ки ифодакунандаи асосии истиқлолияти сиёсӣ ва манфиатҳои миллӣ мебошад, тааллуқ дорад. Аз ин рӯ асоси истиқлолиятро дар ҷомеа бе рушди иқтисоди миллӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Илова ба ин, рушд ва устувории истиқлолият ба масъалаи ҷобаҷогузории кадрҳои болаёқату кордон, қобилияти идоракунии босамари ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро дорад.

Муборизаи дастаҷаъмона бо экстремизм, ифротгароӣ терроризм, муқобили коррупсия, рушди илм бо мақсади истифодаи дурбинонаи он дар бахшҳои иқтисодӣ ва таълиму тарбияи босифат дар низоми маориф равона карда шудааст.

Солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри болобурди тафаккури динии мардум ва фароҳам овардани муҳити муносиб аз тарафи давлату ҳукумат чораҳои зарурӣ пешбинӣ карда шуда истодааст, вале ба ин нигоҳ накарда, гурӯҳҳои ифротӣ бо ва шеваҳои гуногун мехоҳанд муҳити ороми Истиқлолияти кишварро ба як бӯҳрони ҷиддии ноамнӣ гирифтор созанд.

Муфассал...
 
Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин 02.09.2015 15:33, Чин

Нимаи дуюми рӯзи 2 сентябр дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот кард.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои рушди муносиботи ҳамкорӣ ва мавзӯъҳои муҳиму мубрами барои ҳарду ҷониб судманд баррасӣ шуданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои даъват ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои идона ба муносибати 70-солагии анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ изҳори сипос карда, аз имкони мусоиди имрӯза барои мулоқоту музокирот ба хотири таҳкиму тавсеаи муносибатҳои неки дӯстию ҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун ибрози қаноатмандӣ намуд.

“Барои Тоҷикистон Чин иттифоқчии боэътимод ва шарики иқтисодӣ, дӯст ва ҳамсояи нек боқӣ мемонад”, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд: “Мо барои таъмиқу тавсеаи ҳамкорӣ бо Чин дар ҳама ҷанбаҳо, ҳам дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчуби дигар ташкилоту созмонҳои бонуфуз дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи ҳамсон дорем”.

Муфассал...
 
МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАЪРИХИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН»

Имрӯз, 21 августи соли 2015 дар толори Маркази тадқиқоти стратегии Ҷумҳурии Тоҷикисто бо ибтикори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни 24-умин солгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзӯи «Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ин нишаст коршиносону мутахассисони соҳа, шахсиятҳои маъруфи кишвар, собиқадорони соҳаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон, намояндагони корпусҳои дипломатии давлатҳои хориҷии муқими Тоҷикистон, рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ ва дигарон ширкат доштанд.

Мизи гирдро бо суханони ифтитоҳӣ муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода ва муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров кушода, иштирокчиёни маҳфилро хайру мақдам гуфта, нуктаҳои муҳими мавзӯи ин чорабиниро таъкид намуданд, ки бояд аз ҷониби ҳозирин ба онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шавад.

Муфассал...
 
Иловаи мақолаҳо...
<< Якум < Пешина 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 75 аз 93