Асосӣ:
+++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм +++ ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон +++ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» иштирок намуданд +++ Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия +++ Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия +++ Таъиноти кадрӣ +++ ТАНОСУБИ ҚУВВАҲО ДАР АФҒОНИСТОН: СУЛҲХОҲОН ВА ҶАНГҶӮЁН +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз259
mod_vvisit_counterДирӯз903
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2026
mod_vvisit_counterДар ин моҳ23390
mod_vvisit_counterҲамагӣ1626004
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Mайи
22
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Иштирок дар Ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ 21.12.2015 18:18, Россия

Имрӯз дар шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аввал дар Ҷаласаи хоса ва сипас дар Ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ кард.

Дар ин ҳамоиш сарони давлатҳои аъзои СААД Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Арманистон Серж Саргсян, Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев иштирок карданд.

Ба рӯзномаи маҷлис барои баррасӣ масъалаҳои доир ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва таҳкими амният ва суботи минтақавӣ, муборизаи дастаҷамъона бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ворид карда шуд.

Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муфассал...
 
КОНФРОНСИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ «СОҲАИ КИШОВАРЗӢ: РУШДИ БОСУБОТ, ИСЛОҲОТ ВА ДУРНАМО»

Рӯзи 15 декабри соли 2015 бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронс дар мавзӯи «Соҳаи кишоварзӣ: рушди босубот, ислоҳот ва дурнамо» баргузор гардид. Нишасти илмию амалиро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, қайд кард, ки яке аз донишмандони варзида ва сермаҳсули илми кишоварзӣ, собиқ корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Соҳибназарова ба синни мубораки 75 солагӣ қадам гузоштааст. ӯ соли 1974 дар Академияи кишоварзии шаҳри Москва ба номи Тимирязев рисолаи илмиашро дар мавзӯи «Ҳавасмандкунии моддии колхозчиён дар рустанипарварӣ» ҳимоя карда, сазовори унвони номзади илмҳои иқтисод гардид.Дар робита ба пешрафту пешбурди бонизому самараноки риштаи кишоварзӣ чандин тавсияю пешниҳодҳо ба миён гузошта, таҷрибаҳои амалӣ гузаронидааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таҷрибаи олимро баррасӣ намуда, ба онҳо баҳои баланд дод ва барои ҷорӣ кардан дар тамоми хоҷагиҳои ҷумҳурӣ тавсия намуд. Натиҷаи таҷрибаҳояш матбуот, аз ҷумла дар телевизиони марказии собиқ

Муфассал...
 
МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ»

Рӯзи 11 ноябри соли 2015 бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзӯи «Баррасии масъалаҳои рушди соҳаи кишоварзӣ » баргузор гардид. Мизди гирдро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муминова бо сухани ифтитоҳӣ кушода, баргузории чунин ҳамоиш дар мавзӯи рушди соҳаи кишоварзӣ муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуд.

Сипас дар назди ҳозирин Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, об ва замин Р.Б.Латифзода дар мавзӯи «Самтҳои баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон», мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодиёт, профессор

Муфассал...
 
Иштирок ва суханронӣ дар Конфронси байналмилалии “Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ баҳри сулҳ, амният ва рушд” 12.12.2015 21:13, Туркманистон

Рӯзи 12 декабр дар шаҳри Ашқободи Туркманистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии “Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ баҳри сулҳ, амният ва рушд” иштирок ва суханронӣ кард.

Қабл аз оғози кори конфронс Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳо дар маросими гулчанбаргузорӣ дар пояи муҷассамаи Бетарафии Туркманистон иштирок намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нишони гиромидошти анъанаҳои неки равобити байни мардумони Тоҷикистону Туркманистон дар назди муҷассама гулчанбар гузошта, ба таъриху фарҳанги кишвари дӯст эҳтиром ба ҷо овард.

Ҷаласаи умумии Конфронси байналмилалии “Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ баҳри сулҳ, амният ва рушд” дар бинои Палатаи савдо ва саноати Туркманистон баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳову ҳайатҳоро Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов истиқбол гирифт.

Муфассал...
 
Маҷлиси Ҳукумат доир ба бартарафсозии оқибатҳои заминларза дар Бадахшон 09.12.2015 11:02, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба роҳҳои бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи шадид дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон доир гардид.

Дар оғози машварат доир ба талафоту хисороти аз заминларза воридшуда ва чораҳои фаврии то ин дам андешидашуда Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода гузориш дод.

Тавре зикр гардид, дар қаламрави вилояти Бадахшон 237 хона пурра ва 588 хона қисман вайрон шудаанд. 214 хонаи пурра ва 205 хонаи қисман зарардида ба ноҳияи Рӯшон рост меояд. Ҳамчунин иншооти зиёди иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу китобхона ва дигар муассисаҳо қисман зарар дидаанд.

Чунонки иттилоъ доданд, бошандагони ҳамаи 237 хонаи пурра харобшуда дар ҷойҳои зисти муваққатӣ ҷойгир ва бо маводи ғизоӣ, сарулибос ва дигар ашёи зарурӣ таъмин карда шудаанд.

Муфассал...
 
Мулоқот бо Директори идоракунандаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Туркия ва Осиёи Марказӣ хонум Наталя Ханженкова 08.12.2015 11:49, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори идоракунандаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Туркия ва Осиёи Марказӣ хонум Наталя Ханженковаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин бонки аврупоӣ баррасӣ гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин мулоқотро омили муҳим дар таҳкими ҳамкорӣ арзёбӣ намуда, аз дастгирии доимии Тоҷикистон дар самтҳои мухталифи рушд, пеш аз ҳама дар бахши хусусӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди соҳаҳои энергетика, инфрасохтор ва бонкҳои тиҷоратӣ изҳори қаноат кард.

Ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориро дар бахшҳои инфрасохтор, обтаъминкунӣ, низоми бонкдорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ ва проблемаҳои дорои хислати минтақавӣ баррасӣ карданд.

Муфассал...
 
Иловаи мақолаҳо...
<< Якум < Пешина 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 66 аз 89