Асосӣ:
+++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз372
mod_vvisit_counterДирӯз1586
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта372
mod_vvisit_counterДар ин моҳ27618
mod_vvisit_counterҲамагӣ1277974
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
20
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Шиносоии нозирони ИДМ бо фаъолияти як қатор комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ

Нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон бо фаъолияти комиссияҳои интихоботии ҳавзавии шаҳраки Рӯдакӣ ва шаҳрҳои Ваҳдату Қурғонтеппа шинос шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, зимни шиносоӣ «ба масоили ташкили ҳайати ин комиссияҳо ва ҷараёни чанде қабл анҷомёфтаи ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзадҳо ба мансаби президенти Тоҷикистон таваҷчуҳи хосса зоҳир шудааст».

Муфассал
 
ПАЁМИ ТАБРИКИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА МУНОСИБАТИ ИДИ ҚУРБОН

Ҳамватанони азиз! Пагоҳ

иди саиди Қурбон, ки яке аз рӯзҳои муҳим ва муқаддаси дини мубини ислом мебошад, фаро мерасад. Мардуми шарифи Тоҷикистон мисли тамоми мусулмонони ҷаҳон ин идро, ки аз беҳтарин арзишҳои инсонпарварию мардумнавозӣ саршор аст, дар фазои суботи сиёсӣ, пойдорӣ ва устувории ваҳдати миллӣ, ҷаҳду талошҳои созанда ва бунёдкорона барои расидан ба зиндагии шоиста ва эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ истиқбол мегиранд.

Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии ин рӯзи муборак самимона табрик гуфта, ба шумо имону эътиқоди комил, иҷобати дуоҳо ва саодати рӯзгорро орзу менамоям.

Муфассал
 
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН -АВВАЛИН НОМЗАД БА МАҚОМИ ПРЕЗИДЕНТӢ

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон номзади ҲХДТ ба мақоми президентӣ – Эмомалӣ Раҳмонро сабти ном кард.

9-уми октябр Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИР шаҳодатномаи номзад ва шахсони бовариноки ўро ба Сафар Сафаров, муовини аввали раиси ҲХДТ супурд. Бино ба гуфтаи Шермуҳаммади Шоҳиён ба ҷонибдории номзади Иттифоқи ҷавонон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва ҲХДТ 222 906 имзо ба КМИР ворид гардидааст, ки дар натиҷаи санҷиш аз ин шумора танҳо 9 имзо лаѓв гардидааст. КМИР инчунин шахсони боэътимоди номзади ҲХДТ-ро ба қайд гирифт, ки аз 15 нафар иборат мебошанд.

1.Гулназар Келдӣ 2.

Аъзамов Хурсанд Саидович

3.Офаридаев Назрӣ

4.Аҳмадҷони Раҳматзод

5.Шамолов Абдулвоҳид

Муфассал
 
Шиносоӣ бо бозмондаҳои шаҳраки бостонии Карон дар ноҳияи Дарвоз

Нимаи дуюми рӯзи 8-уми октябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Дарвоз ташриф оварда, нахуст бо бозмондаҳои шаҳри бостонии Карон бевосита шинос шуд.

Тавре зикр гардид, ин шаҳр тақрибан 4 ҳазор сол пеш бунёд ёфта, ба даврони тамаддуни ориёиёни бостонӣ рост меояд. Маъбадҳое, ки дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносон пайдо шудаанд, аз пайравони оини зардуштӣ будани сокинони ин шаҳр гувоҳӣ медиҳад. Дар он бозмондаҳои маъбади панҷманори оташ, маъбади об, ду маъбади бод, осиёби бодӣ, лавҳи китоби Авасто, майдони калони чавгонбозӣ, маҷлисгоҳҳо ва биноҳои маъмурию истиқоматӣ ба назар мерасанд.

Муфассал
 
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ноҳияи Ванҷ

Дар боғи марказии фарҳангию фароғатии ноҳияи Ванҷ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори аҳолии ин ноҳия мулоқот намуд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои ноҳияро дар солҳои гузашта, хусусан дар 9 моҳи соли равон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои рушди ояндаи он дар назди роҳбарияти ноҳия ва масъулини вилоятию ҷумҳуриявӣ вазифаҳои мушаххас гузошт. Аз ҷумла таъкид гардид, ки барои истихроҷу коркарди маъданҳои кӯҳӣ, пеш аз ҳама санги мармар ва ҳам коркарди саноатии меваҷоти шаҳдбори Ванҷи ганҷрез тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шаванд.

Муфассал
 
ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум ва такон бахшидан ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ин минтақаи дурдасти кӯҳсор 8-уми октябр ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кард.

Боздиди корӣ аз ноҳияи Ванҷ оғоз ёфт. Дар ин ҷо нахуст як нерӯгоҳи хурди обии дорои иқтидори 800 киловатт/соат, ки бо харҷи беш аз 7 миллион 126 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд ёфтааст, ба кор дароварда шуд.

Муфассал
 
<< Якум < Пешина 61 62 63 64 65 66 67 68 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 65 аз 68