Асосӣ:
+++ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 9 феврали соли 2019, №АП-1165 +++ Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир +++ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин Муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» иштирок намуд +++ ЧАНД ДАСТОВАРДИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2018 +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2018 12:21, шаҳри Душанбе +++ Дар Душанбе масъалаи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россияро баррасӣ намуданд +++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1140
mod_vvisit_counterДирӯз1683
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта12318
mod_vvisit_counterДар ин моҳ25544
mod_vvisit_counterҲамагӣ1517926
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Феврали
17
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 12.04.2015 13:41, Корея

Дар ҳошияи форуми ҷаҳонии об дар шаҳри Дэгуи Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ доираи васеи масоили вобаста ба ҳамкории судбахши ду кишвар баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба зарурати густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва фарҳангӣ зоҳир гардид.

Муфассал...
 
Мулоқот бо Президенти Корея ва роҳбари Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ 12.04.2015 13:44, Корея

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея бо Президенти ин кишвар хонум Пак Хин Хе мулоқоти расмӣ анҷом дод.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста рушди муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Корея баррасӣ шуд.

Аз рушди муносибот ва густариши ҳамкории ду кишвар, ба хусус дар солҳои охир изҳори қаноат карда шуд. Аз ҷумла змкр гардид, ки давоми 10 сол ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Корея 7 баробар афзудааст. Ҳоло 16 корхонаи муштарак бо сармояи кореягӣ дар Тоҷикистон фаъолияти самарабахш доранд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашуда дар муносиботи ду кишвар ҳанӯз хеле зиёданд. Соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, кӯҳкорӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, телерадиокоммуникатсия ва электроника, маориф, тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист, обрасонӣ, илму фарҳанг ва муҳоҷирати корӣ дорои дурнамои умедбахш барои рушди муносиботи ҳамаҷонибаи ду кишвар номида шуд.

Муфассал...
 
Сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея 10.04.2015 08:44

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар Форуми 7-уми Ҷаҳонии об ба Ҷумҳурии Корея сафар кард.

Дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Муфассал...
 
Таъиноти кадрӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ 07.04.2015 12:04, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият дар мақомоти корҳои дохилӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан ва поквиҷдонию поктинатӣ ҳидоят намуда, дар наздашон доир ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, пешгирӣ аз амалҳои террористию ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои коррупсионӣ, вазифаҳои мушаххас гузошт. Ҳамзамон таъкид гардид, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои дастёбии васеъ ба ёрии аҳолӣ дар ифшо намудани ҷинояткорон бояд бо мардум муомилаю муносибати хуб ва ҳамкории наздик дошта бошанд.

Муфассал...
 
Мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат, аз ҷумла изҳор дошт: “Рушди шарикии стратегӣ бо Русия барои Тоҷикистон аз самтҳои афзали сиёсати хориҷӣ барои дарозмуддат аст”.

Доир ба ҳамгироии сиёсӣ, амниятӣ, ҳарбию техникӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, сармоягузорӣ ва илмию фарҳангӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Мавзӯъҳои ҳамгироӣ дар соҳаи амнияти минтақавӣ, вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва ҷалби сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт. Ҷониби Тоҷикистон аз вазъи ҳуқуқии натанҳо муҳоҷирони корӣ, балки донишҷӯёни тоҷик, ки дар Русия таҳсил мекунанд ва ё аз тариқи он ба кишварҳои дигар мераванд, изҳори нигаронӣ намуд.

Муфассал...
 
ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ

Аз шукӯҳи як баҳор, аз аҳди пешин ёдгор,

Ёдгори беназире аз ниёгон мондааст.

Ёдгори беназире з-оташи Зардушти ман,

Ёдгори наслҳо аз аҳди Сосон мондааст.

Боиси ифтихор аст, ки иқдоми Сарвари Давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат соли 2010 яке аз идҳои миллии халқи тоҷик «Наврӯз» бо Қарори ЮНЕСКО мақоми чаҳонӣ гирифт.

Иди Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии аҳли меҳнат мебошад, ки таъсир ва инъикоси он дар байни идҳои таърихӣ, миллӣ ва анъанавии мардуми Шарқ аз рӯйи шуҳрат ва шукӯҳи худ мавқеи аввалиндараҷаро ишғол менамояд. Наврӯз мутобиқ ба солшумории шамсӣ 21–22-уми март, дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи нахустини аввали сол, рӯзе, ки соли нав аз он оғоз мегардад, шарҳ дода шудааст.

Муфассал...
 
<< Якум < Пешина 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 64 аз 77