Асосӣ:
+++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз370
mod_vvisit_counterДирӯз1586
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта370
mod_vvisit_counterДар ин моҳ27616
mod_vvisit_counterҲамагӣ1277972
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
20
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АУДИТИ КАДРӢ – ВОСИТАИ МУҲИМТАРИНИ КОҲИШИ ХАТАР ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТИ КОРМАНДОНИ ШИРКАТ

А.И. Одинаев, муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АУДИТИ КАДРӢ – ВОСИТАИ МУҲИМТАРИНИ КОҲИШИ ХАТАР ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТИ КОРМАНДОНИ ШИРКАТ

Шакли асосии активҳои ғайримоддӣ, ки қобилият ба рушдро такмил медиҳад, сармояи инсонӣ мебошад. Ҳамзамон бояд таъкид намуд, ки рушди ҳар як ташкилот на танҳо аз истифодаи самараноки захираҳои берунӣ (сармоягузорӣ, қарз, лоиҳаҳои муштарак), балки аз захираҳои дохилӣ низ иборат мебошад. Тавре ки маълум аст, яке аз захираҳои асосии дохилии ширкат кормандони он мебошад. Аз ин рӯ, арзёбии самаранокии идоракунии кормандон ва равандҳои алоҳида дар доираи ин низом байни назариётгарон ва амалиягарон хеле муҳим аст.

Муфассал...
 
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ИЛМИЮ МЕТОДИИ МТС-И НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ

Тибқи нақша рӯзҳои 28, 31 октябр ва 3 ноябри  соли 2014 ҷалаcаи навбатии Шӯрои илмию методии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ баргузор гардид.

Ҷаласаи рӯзи аввалро бо сухани муқаддимавӣ мувони директори МТС-и назди Президенти ҶТ, раиси Шӯрои илмию методии марказ Фарида Муминова ифтитоҳ намуда, зимнан қайд кард, ки Маркази тадқиқоти стратегӣ яке аз ниҳодҳои муҳимми назди Сарвари давлатамон ба шумор меравад ва тайи 20 сол мешавад, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиву маънавӣ, муносибатҳои байналмилалӣ дар минтақа ва ҷаҳон корҳои зиёди илмию тадқиқотӣ ва пажӯҳиширо анҷом додаанд. Дар охири соли ҷорӣ ин санаи муҳим ботантана қайд карда мешавад. Бинобар ин, кормандони МТС-и назди Президенти ҶТ бояд сол то сол сатҳи илмии корҳои тадқиқотӣ ва пажӯҳишии худро баланд бардоранд. Ҷаласаи навбатии Шӯрои илмию методии Марказ ба ҳамин мавзӯъ бахшида шуд.

Муфассал...
 
САРҚОНУН – САНАДИ ТАҚДИРСОЗИ МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН

Имсол ба қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-сол пур мешавад. Конститутсия омили муҳимми муттаҳидкунанда, ҳифзи сулҳу субот, оромӣ ва ризояти шаҳрвандӣ дар ҷомеа мебошад. Ин санади тақдирсоз ҳамаи паҳлуҳои ҳаёт ва фаъолияти инсон, сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро дар бар мегирад ва санади тақдирсозест, ки роҳи рушду пешрафти давлати точиконро дар садсолаҳо равшан месозад. Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талошҳои пайгиронаи Президенти давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, аз 10 боб ва 100 модда иборат аст.

Ҳамчуноне ки дар Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карда шудааст: мардуми Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор медонад ва зимни таъмини соҳибихтиёрии давлат ва рушду камоли он, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас мешуморад, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор додааст.

 

Мавриди тазаккур аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста дар ҳолати тағйиру таҳаввул қарор дорад ва хоcса, Тоҷикистон, ки рӯ ба тараққӣ аст, бинобар дигаргуниҳои дохилӣ ва хориҷӣ, қонунгузории хеш¬ро низ бояд мутобиқ бо ниёзҳои рўз такмилу тагйир бидиҳад. Ин буд, ки дар давоми 23 соли Истиклолияти давлатӣ ду маротиба

Муфассал...
 
САРҚОНУН – ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Конститутсия ин ҳуҷҷати олие мебошад, ки идоракунии давлатиро дар ҷаҳорчӯбаи муайян тарҳрезӣ намудааст. Конститутсия ҳуҷҷати тақдирсоз аст, ки манфиати ҳамаи рукнҳои ҷомеаро дар бар гирифта, стратегияи рушди ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистонро муайян менамояд.

Бо ҳамин мазмун 2 октябри соли 2014 дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 20-умин солгарди Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзӯи «Сарқонун–ҳуҷҷати стратегии Тоҷикистони соҳибистиқлол» доир гардид. Дар кори он кормандони Марказ, намояндагони вазорату идораҳо, донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмию таҳқиқотии кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муфассал...
 
ХАТ ҒАЛАТ, МАЪНӢ ҒАЛАТ, ИМЛО ҒАЛАТ, ИНШО ҒАЛАТ…

5 –УМИ ОКТЯБР – РЎЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

ҚИЁМИДДИН САТТОРӢ,

муовини сардори Раёсати таъмини иттилоотии МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ХАТ ҒАЛАТ, МАЪНӢ ҒАЛАТ, ИМЛО ҒАЛАТ, ИНШО ҒАЛАТ…

(АНДЕШАЕ ЧАНД ПИРОМУНИ «ФАРҲАНГИ ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»,

ДУШАНБЕ: «ШАРҚИ ОЗОД», 2013, 320 саҳ.)

«Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ», ки беш аз 65 ҳазор калима ва истилоҳотро фаро гирифтааст, тибқи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, №458 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст. Фарҳанги имло тағйироти ба Қоидаҳои имлои соли 2011 воридгардидаро дар бар мегирад. Фарҳанги мазкур, чи тавре дар пешгуфтори он ишора ёфтааст, асосан тибқи меъёрҳои таърихӣ таҳия ва тартиб дода шуда, иқдоми наҷибу шоиста мебошад. Китоби «Фарҳанги забони тоҷикӣ» аз фонди захиравии Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаҷми 20 ҷузъи чопӣ нашр гардидааст.

Муфассал...
 
ИСТИҚЛОЛИЯТ КАФИЛИ РУШДИ СУБОТИ КИШВАР МЕБОШАД

Яке аз хусусиятҳои асосии миллати тоҷик доштани ҳисси мустақилӣ буда, дар тамоми давраи мавҷудияти худ онро талаб намуда ва барои ҳифзи он ҷоннисориҳои зиёд намудааст. Бинобар ҳамин, миллати тоҷик барои доштани ҳисси озодихоҳӣ ва бузургманишӣ дар тӯли таърихи гузштаи худ ба ҳуҷумҳои бераҳмонаи душманони худ дучор шудааст. Гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик намегузорад, ки миллати мо тобеъ ва дастнигари миллатҳои дигар бошад. Гузаштагони миллати тоҷик ҳамеша дар бораи бузургӣ ва озодихоҳии миллати мо асарҳо офаридаанд. Онҳо озодӣ ва истиқлолиятро ганҷи беҳамто дониста, ҳамеша таъкид намудаанд, ки ояндагон бояд қадри онро бидонанд ва ҳаматарфа барои ҳифзи он талош намоянд. Дар вазъияти мавҷудаи муосир доштани истиқлолияти сиёсӣ яке аз рукнҳои асосӣ дониста мешавад. Чун ки бе доштани истиқлолияти сиёсӣ хеҷ миллате бақои худро хифз намуда наметавонад. Барои ҳифзи бақои миллат ва таъмини зиндагии шосита ба ҳар як фард фаҳмиши доштани истиқлолияти сиёсӣ амри ногузир мебошад. Ин нукта аз ҷониби Президенти кишвар борҳо зикр шуда, аз хар як сокини кишвар ҳоҳиш шудааст, ки ба қадри истиқлолият бирасанд ва онро чун

Муфассал...
 
<< Якум < Пешина 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 59 аз 68