Асосӣ:
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз380
mod_vvisit_counterДирӯз1434
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3300
mod_vvisit_counterДар ин моҳ19279
mod_vvisit_counterҲамагӣ1311945
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Сентябри
18
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Мулоқот бо ноиби президенти Бонки давлатии рушди Чин Сиаою Жао 18.05.2015 13:07, шаҳри Душанбе

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки давлатии рушди Чин Сиаою Жаоро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот роҳҳои густариши минбаъдаи ҳамкории судбахши Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи молиявии Чин баррасӣ шуд.

Тавре зикр гардид, ҳамкории Тоҷикистон бо ин бонк, асосан аз соли 2009 дар чаҳорчӯби муносиботи дуҷониба ва ҳам дар доираи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай оғоз ёфтааст. Тайи ин солҳо санадҳои зиёд барои ҷудо намудани қариб 100 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, асосан барои дастгирии бахши хусусӣ ва соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикситон ба имзо расидааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Чин барои дастгириҳои пайваста аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос карда, изҳори бовар намуд, ки минбаъд ҳамкории дуҷониба боз ҳам густариш хоҳад ёфт.

Муфассал...
 
Иштирок дар Паради ҳарбии 70 солагии ғалаба бар фашизм 09.05.2015 14:40, Россия

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Сурхи шаҳри Маскав шоҳиди Паради ҳарбии бахшида ба солгарди 70-ум аз ғалабаи бузург бар фашизми гитлерӣ гардид.

Ба ин муносибат ба шаҳри Маскав сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои беш аз 30 кишвари ҷаҳон ташриф оварданд.

Меҳмонони олимақомро Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин истиқбол гирифт.

Сарони давлатҳою ҳукуматҳо ва роҳбарони ҳайатҳои воломақом ба болои минбари тамошогоҳ гузашта, нахуст собиқадорони ҷангро, ки зиёда аз 2 ҳазор нафар аз кишварҳои гуногуни дар он пирӯзии бузург саҳмгузошта ҷамъ омада буданд, табрику таҳният гуфтанд.

Дар Паради ҳарбии бошукӯҳи бахшида ба ин санаи пурифтихор беш аз 16 ҳазор афсарону сарбозон аз Федератсияи Русия ва кишварҳои зиёди дигар иштирок намуданд. Дар миёни онҳо як воҳиди низомии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳам ширкат варзид.

Муфассал...
 
МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «МАСОИЛИ РУШДИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ДАР РАВАНДИ ПЕШГИРИИ ТУНДГАРОИИ ИСЛОМӢ ВА ЭКСТРЕМИЗМ»

Дар таърихи 5-уми майи соли 2015 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзӯи «Масоили рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди пешгирии тундгароии исломӣ ва экстремизм» баргузор гардид. Ҳадафи баргузории ин ҳамоиш дарёфти чораҳои пешгирӣ аз ҳар гуна тамоюли тундгароии динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон тақвияти фаъолияти ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти боло бурдани мафкураи динию дунявии аҳолии кишвар ба шумор рафта, дар он кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, муассисаҳои илмию таҳлилӣ, коршиносон ва мутахассисони соҳа, инчунин, намояндагони васоити ахбори омма фаъолона ширкат ва суханронӣ намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки экстримизми динӣ ва ифротгароӣ ба масъалаи доғи ҷаҳонӣ ва мавзӯи баҳсбарангези муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфта, дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон ба зинаи баланди шиддатёбӣ омада расидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин таҳдиди глобалӣ дар канор намондааст. Бо дарназардошти хусусияти мазкурро гирифтани раванду муносибатҳо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон,

Муфассал...
 
ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМОИ МУБОРИЗА БО ОНҲО

  1. Камолова М.Р.,
  2. номзади илмҳои
  3. сиёсӣ, муовини сардори Раёсати
  4. омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии
  5. Маркази тадқиқоти стратегии назди
  6. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Дар Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин таҳдиду чолишҳо омадааст: «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад.

Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст». [1]

Муфассал...
 
БОЗИИ АБАРҚУДРАТҲО ДАР МИНТАҚА: ТАҲДИДҲО ВА ПОСУХҲО

Вазъи кунунии кишварҳои арабӣ на танҳо кишварҳои ҳамсоя, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Воқеаҳои охири Ховари Миёна ва дар арсаи сиёсӣ пайдо шудани ҳаракатҳои ифротгарои динӣ, ба монанди «Давлати исломии Ироқу Шом», ки ба қатлу куштори мардуми бегуноҳ ва харобу вайрон кардани шаҳру деҳот даст зада истодаанд, як вазъи номуайяни сиёсиро ба вуҷуд овардааст. Албатта, идеяи бунёди як давлати дорои низоми динӣ бе назардошти вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварҳои мустақили арабӣ, ки дорои фарҳангу анъанаҳои хоси қавмию миллии худанд, ғайриимкон аст. Вале саркардагони ин ҳаракатҳо ҳамаи масъалаҳои меҳвариро нодида гирифта, кӯшиши бо зӯр ва истибдод бунёд кардани чунин як давлатеро доранд.

Мутаассифона, имрӯз дар ҷаҳони ислом идеяи бунёди давлати исломӣ ҳам дар масоили сиёсӣ - мафкуравӣ ва ҳам иқтисодӣ - иҷтимоӣ ҳарҷумарҷи зиёдро ба бор овардааст. Дар айни замон ягон муҳаққиқ ояндаи минтақаро пешгӯӣ карда наметавонад. Вале аксарият бар ин ақидаанд, ки ин мушкилот танҳо дар сурати мувофиқаи абарқудратҳои минтақа ва ҷаҳонӣ ҳаллу фасл мешавад. Ҳоло унсури асоси саҳнаи сиёсии минтақа низои мазҳабии мусулмонон мебошад.

Муфассал...
 
Мулоқот бо котиби Кумитаи ҳизбӣ-роҳбари Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Чунсян 20.04.2015 13:10,

шаҳри Душанбе Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон котиби Кумитаи ҳизбӣ-роҳбари Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Чунсянро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин минтақаи фарохи Чин, ки дар ҳамсоягии кишвари мо қарор дорад, баррасӣ шуд.

Чжан Чунсян аз боздиди худ аз корхонаю муассисаҳои муштараки ду кишвар дар ҷануб ва шимоли Тоҷикистон гузориш дода, аз суръат ва сифати кори пурсамари онҳо изҳори хушҳолӣ кард.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва муҳтавои муносиботи кунунии Тоҷикистону Чин изҳори қаноат карда, ҳамзамон изҳор дошт:”Мо азм дорем, ки ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши худ бо Чин суръати бештар бахшида, онро ба сатҳи сифатан боло барорем”.

Барои ин бо сифати баланд таҳия намудани Барномаи нави

Муфассал...
 
<< Якум < Пешина 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 54 аз 69