Асосӣ:
+++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++ Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз88
mod_vvisit_counterДирӯз1636
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1724
mod_vvisit_counterДар ин моҳ27186
mod_vvisit_counterҲамагӣ1153623
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Mайи
21
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

А.НАУМОВИЧ:«ТАЙЁРӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР АСОСИ ҚОНУН СУРАТ МЕГИРАД»

16.02.2015. (АМИТ «Ховар»,).- Дар шаҳри Душанбе мулоқоти ҳайати нозирони байналмилалӣ аз Маҷмаи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён баргузор гардид.

Ҳамоҳангсози гурӯҳи нозирони ИДМ Андрей Наумович баъди мулоқот дар нишасти матбуотии Журналистон зикр намуд, ки алҳол ҳайати мазкур иборат аз 34 вакил, аз ҷумла, намояндагони Беларус, Арманистон, Русия, Молдова, Қирғизистон буда, дар оянда бояд нозирони кишварҳои дигари ИДМ ба он пайванданд.

Муфассал...
 
Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!

Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ бо дарназардошти муайян кардани самтҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба таъмини нишондиҳандаҳои дурнамои соли 2015 ва таъкиди афзалиятҳо барои давраи миёнамуҳлат дар оғози сол пешниҳод мегардад.

Тавре ки борҳо таъкид карда будам, мо азму талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд.

Зеро мардуми шарифи Тоҷикистон масъулияти имрӯзу фардои кишвар, аз ҷумла ҳифзи истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвари азизамонро ба зиммаи мову шумо вогузор намудаанд.

Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки тамоми азму ирода ва нерӯву имкониятҳои худро барои хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон ва минбаъд низ сазовор будан ба эътимоди мардуми кишвар сафарбар намоем.

Муфассал...
 
Этот материал был опубликован в апреле 2013 года. Тогда Сухробу Иброновичу исполнилось 50 лет. Его поздравляли друзья, коллеги и близкие соратники.

СУХРОБ Шарипов считается одним из видных политических деятелей страны. В 1988 году окончил МГУ им. М.В. Ломоносова, философский факультет. Трудовую деятельность начинал в качестве преподавателя философии Таджикского госуниверситета (1998–1990 гг.) С 1990 по 1993 г. - аспирант философского факультета МГУ им. М.В. Ломоносова. Затем был научным сотрудником философского факультета МГУ. С 1998 по 2001 г. – завотделом Центра стратегических исследований при президенте РТ. С 2001 по 2003 г. - заместитель заведующего информационно-аналитическим отделом аппарата президента.

Затем до 2005 года работал помощником президента. И снова вернулся в ЦСИ, но теперь уже в качестве директора. Здесь он проработал до декабря 2011 года, а затем ушел с госслужбы, так как был избран депутатом Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли.

Муфассал...
 
Оиди фаъолияти МТС дар соли 2014.

Рӯзи 5 январи соли 2015 дар Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхати пешниҳодкардаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ  оид ба «Натиҷаҳои фаъолияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014» баргузор гардид.Нишасти матбуотиро бо суханони муқаддимавӣ муовини аввали директори Марказ Сайфулло Сафар кушода, суханро ба директори МТС назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар дод. Ӯ ҳангоми суҳбат иброз дошт, ки «Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати яке аз марказҳои таҳлилӣ ва машваратии кишвар бо мақсади амалишавии стратегияҳои давлатӣ ва такмили механизми сиёсати дохилию хориҷӣ ва сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат фаъолият менамояд. Марказ дар соли 2014 дар самтҳои зерин фаъолият намудааст.

1.Дар самти корҳои илмию тадқиқотӣ:

Муфассал...
 
НАҚШИ ҲХДТ ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МУОСИРИ ТОҶИКОН

 

Пас аз пош хӯрдани Шӯравӣ иттиҳоди солҳои 90-уми асри гузашта ихтилофи қувваҳои сиёсӣ дар дохили кишвар дар натиҷа даргириҳои мусаллаҳона, хисороти зиёди ҷониву молӣ ба бор овард. Дар чунин вазъият ташкил намудани як неруи бузурги сиёсӣ ва гирдиҳам овардани шаҳрвандони баору номус ва ватандӯст тақозои замон буд. Дар ин давраи такдирсоз неруе лозим буд, ки захираҳои зеҳнӣ, қувваҳои мухолифро муттаҳид созад,истиқлолияти миллӣ ва давлатиро дифоъ карда, сулҳу салоҳ, якпорчагии кишвар ва субботу амниятро таъмин ва мардумро ба ваҳдату созандагӣ даъват намояд. Дар муҳити хеле вазнини он рӯзҳо ҳалли ин масъаларо ягон ҳизбу ҷунбиш ё неруи дигар бар дӯш нагирифт ва фазои сиёсӣ куллан бенизом шуда буд. Бинобар ин барои танзими фазои сиёсӣ ва ҳифзи давлату миллат бо тавсияи Роҳбари кишвар ва кӯшиши зиёиён моҳи сентябри соли 1993 Кумитаи тадорукотии ҳизби нав ташкил карда шуд.Моҳияти аслии он роҳнамоии сиёсии мардум ва таъмини Вахдати миллӣ маҳсуб дониста шуданд. Яъне мақсади ҳизб дар амал татбиқ намудани марому орзуҳои мардуми тоҷик, таҳкими давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буд. Бо кӯшишҳои Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон олитарин ҳадафи ҳизб – дарёфти сулҳу субот ва оромию осоиштагии ҷомеа ба ваҳдати миллӣ табдил ёфт, татбиқу амалӣ гаштани дигар ғояҳои ҳизб, яъне рушди иқтисодиёт, расидан ба ваҳдати умумиллӣ ва қадамҳои устувор гузоштан дар самти бунёдкориву созандагӣ дар асри навин эътимоди халқро ба ояндаи ҲХДТ қавитар гардонид.

Муфассал...
 
САМТҲОИ СТРАТЕГИИ РУШДИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Рӯзи 30 декбри соли 2014 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Самтҳои стратегии рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» бахшида ба 20 солагии Марказ доир гардид. Нишастро бо суханони ифтитоҳӣ Муовини аввали директори Марказ Сайфулло Сафаров кушода, суханро ба директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Худобердӣ Холиқназар дод. Ӯ дар мавзӯи «Ҷойгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол» сухан ронда, иброз дошт, ки «МТС яке аз калонтарин марказҳои таҳлилию пажӯҳишии минтақа буда, тайи ин муддат дар он коршиносони шинохтаи сатҳи миллӣ ва минтақавӣ кор кардаанд. Марказ робитаҳои васеи байналмилалӣ дорад. Дар доираи он имрӯз бо беш аз бист Маркази илмию тадқиқотии кишварҳои гуногуни ҷаҳон робитаи илмӣ барқарор карда, ба онҳо созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расида, корҳо ва барномаҳои илмии муштарак амалӣ мешаванд. Марказ тайи бист соли фаъолияти худ корҳои васеи тадқиқотию таҳлилиро доир ба муҳимтарин масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ анҷом дода, дар рушду шукуфоии Ватани азизамон саҳми назаррас гузоштааст».

Муфассал...
 
<< Якум < Пешина 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 53 аз 64