Асосӣ:
+++ Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун +++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++ Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2017 01:56, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико +++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1221
mod_vvisit_counterДирӯз1376
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта9308
mod_vvisit_counterДар ин моҳ24712
mod_vvisit_counterҲамагӣ1013294
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Январи
21
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ИНТИХОБИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи интихоботии 6 ноябри соли 2013 ғолиб дониста шуда, барои 7 соли оянда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Дар ин бора раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён зимни нишасти матбуотӣ 7 ноябр ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Муфассал
 
Дар маъракаи интихоботӣ «Рӯзи хомӯшӣ» фаро мерасад

Мутобиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, 5-уми ноябр, як рӯз пеш аз интихоботи президентии ба рӯзи 6-уми ноябр таъиншуда дар саросари ҷумҳурӣ «Рӯзи хомӯшӣ» фаро мерасад. Бино ба иттилои роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев, тибқи қонун, расо як шабонарӯз қабл аз оғози овоздиҳӣ баргузор намудани чорабиниҳои таблиғотӣ ба ҷонибдории номзадҳо ва вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон манъ мешавад. «Васоити ахбори умум низ ба паҳн кардани маводи таблиғотӣ ба ҷонибдории номзадҳо ҳуқуқ надоранд», - гуфт ӯ.

Муфассал
 
МАҶЛИСИ НАВБАТИИ ҲУКУМАТИ КИШВАР БАРГУЗОР ШУД

31 октябр таҳти раёсати Президенти кишвар, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2014, Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчондани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2014-2016 тасдиқ карда шуд.

Вобаста ба корҳои оморӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки “ҳисоботҳо, хусусан доир ба ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, новобаста ба шакли моликияти истеҳсолкунундагон, бояд дақиқ бошанд, то ки нақшаю барномаҳои давлатӣ низ дар асоси онҳо дақиқу самарабахш таҳия, қабул ва амалаӣ карда шаванд”.

Зарегистрируйтесь, чтобы прочесть подробности
 
Суханрони Эмомали Рахмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини арҷманд!

Сараввал ба ҳамаи сокинони бонангу номус ва ғаюру далери шаҳри бостонии Кӯлоб ва кулли мардуми бонангу номуси вилояти Хатлон барои пазироии гарму самимӣ изҳори сипос карда, ба ҳар яки шумо хонаи обод, иқболи нек ва дар ҷодаи заҳмати созанда ба хотири пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол барори кор орзу менамоям.

Рӯзи сеюм аст, ки мо дар яке аз вилоятҳои калонтарини кишварамон - вилояти Хатлон қарор дорем ва бо вазъи зиндагии сокинони шаҳру ноҳияҳои он, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб ва ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, яъне натиҷаҳои заҳмати содиқонаи мардуми вилоят шинос шуда, тасмим гирифтем, ки имрӯз бо шумо, роҳбарону масъулон ва намояндагони аҳли ҷомеаи вилоят мулоқот доир намоем. Таърихи начандон тӯлонии даврони соҳибистиқлолии Ватанамон возеҳан собит намуд, ки мо - тоҷикон мардуми табиатан ва воқеан офарандаву созанда, фарҳангдӯсту сулҳпарвар ва солору таҳаммулгаро ҳастем ва маҳз ба шарофати ҳамин хислатҳои нек мо аз гирдоби ҳалокатбор ва пурихтилофу пуртазоди солҳои 90-уми асри гузашта раҳоӣ ёфтем.

Муфассал
 
ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Субҳи 28 октябр сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар ноҳияи Восеъ идома ёфт. Дар ноҳияи Восеъ нахуст бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи хусусии коркарди намак бо номи Хоҷа Муъмин ифтитоҳ ёфт.

Чунонки иттилоъ доданд, ин корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маҳмуд Ҳусейнов бунёд ёфтааст. Дар ин корхона, ки дар як шабонарӯз метавонад то 120 тонна намакро коркард намояд, 50 кас бо кори доимӣ ва то 30 нафари дигар бо корҳои мавсимӣ таъмин гардидаанд.

Муфассал
 
Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Тоҷикистон ва мулоқот бо тоҷикону ҳамватанони муқими Белорус

Дар шаҳри Минск Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус иштирок карда, дар ҳудуди он бо тоҷикон ва ҳамватанони муқими Беларус мулоқот намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Беларусро, ки дар мавзеи хушбоду ҳавои як гӯшаи шаҳри Минск қарор дорад, расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Ҳамчунин садо додани Суруди миллӣ ва бардошта шудани Парчами Тоҷикистон аз ифтитоҳи бинои нави Сафорат дар Ҷумҳурии Белорус башорат дод.

Тавре аён гардид, бинои нави Сафорат сеошёна буда, дар он тамоми шароити корию маишӣ барои кормандон ва қабули меҳмонон муҳайё гардидааст. Бинои Сафорат дорои толори барҳавои маҷлисӣ, утоқҳои муҷаҳҳази корӣ, ошхона, ҳавлии зебо ва боғи дарахтони мевадиҳанда ва ороишию сояафкан мебошад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ роҳбарият ва кормандони Сафоратро бо ифтитоҳи бинои нав табрику таҳният гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд самараи кори онҳо дар роҳи рушди муносиботи ҳасанаи Тоҷикистону Беларус бештару беҳтар мегардад.

муфассал
 
<< Якум < Пешина 51 52 53 54 55 56 57 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 52 аз 57