Асосӣ:
+++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++ Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз87
mod_vvisit_counterДирӯз1636
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1723
mod_vvisit_counterДар ин моҳ27185
mod_vvisit_counterҲамагӣ1153622
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Mайи
21
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Таъиноти кадрӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ 07.04.2015 12:04, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият дар мақомоти корҳои дохилӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан ва поквиҷдонию поктинатӣ ҳидоят намуда, дар наздашон доир ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, пешгирӣ аз амалҳои террористию ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои коррупсионӣ, вазифаҳои мушаххас гузошт. Ҳамзамон таъкид гардид, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои дастёбии васеъ ба ёрии аҳолӣ дар ифшо намудани ҷинояткорон бояд бо мардум муомилаю муносибати хуб ва ҳамкории наздик дошта бошанд.

Муфассал...
 
Мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат, аз ҷумла изҳор дошт: “Рушди шарикии стратегӣ бо Русия барои Тоҷикистон аз самтҳои афзали сиёсати хориҷӣ барои дарозмуддат аст”.

Доир ба ҳамгироии сиёсӣ, амниятӣ, ҳарбию техникӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, сармоягузорӣ ва илмию фарҳангӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Мавзӯъҳои ҳамгироӣ дар соҳаи амнияти минтақавӣ, вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва ҷалби сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт. Ҷониби Тоҷикистон аз вазъи ҳуқуқии натанҳо муҳоҷирони корӣ, балки донишҷӯёни тоҷик, ки дар Русия таҳсил мекунанд ва ё аз тариқи он ба кишварҳои дигар мераванд, изҳори нигаронӣ намуд.

Муфассал...
 
ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ

Аз шукӯҳи як баҳор, аз аҳди пешин ёдгор,

Ёдгори беназире аз ниёгон мондааст.

Ёдгори беназире з-оташи Зардушти ман,

Ёдгори наслҳо аз аҳди Сосон мондааст.

Боиси ифтихор аст, ки иқдоми Сарвари Давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат соли 2010 яке аз идҳои миллии халқи тоҷик «Наврӯз» бо Қарори ЮНЕСКО мақоми чаҳонӣ гирифт.

Иди Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии аҳли меҳнат мебошад, ки таъсир ва инъикоси он дар байни идҳои таърихӣ, миллӣ ва анъанавии мардуми Шарқ аз рӯйи шуҳрат ва шукӯҳи худ мавқеи аввалиндараҷаро ишғол менамояд. Наврӯз мутобиқ ба солшумории шамсӣ 21–22-уми март, дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи нахустини аввали сол, рӯзе, ки соли нав аз он оғоз мегардад, шарҳ дода шудааст.

Муфассал...
 
ЗУҲУРОТИ ИФРОТГАРОӢ ВА ПАЙОМАДИ МАНФИИ ОН

Ноамнӣ ва бесуботии Ховари Миёна боиси ташвиш ва нигарониҳои зиёди кишварҳои минтақа аз ҷумла Осиёи Миёна гардидааст. Cолҳои охир тибқи маълумоти мақомоти қудратии кишвар ҳолатҳои рӯ овардани ҷавонони тоҷик ба ҳаракатҳои ифротгаро зиёд шуда истодаанд, ки ширкати онҳо дар муҳорибаҳои Сурия ва Ироқ ин ақидаро собит месозад. Шомилшавии ҷавонони тоҷик дар ҳизбу ҳаракатҳои тамоюли ифротгароӣ дошта, ба монанди «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ансоруллоҳ», «Байъат», «Ҳаракати Толибон», «Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон», «Салафия» мисоли равшани ин қазия аст. Нафарони мазкур мутаасссифона, намедонанд, ки қурбонии бозингарони бузург ва душманони Тоҷикистон гардидаанд.

Омилҳои гуногунеро метавон зикр намуд, ки ҷавонон таҳти таъсири чунин ҳизбу ҳарактҳо қарор мегиранд. Сатҳи пасти таълиму тарбия дар оила ва надоштани маърифати кофии динӣ ва инчунин, мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, сатҳи бекорӣ сабабгори асосии ҷалб шудани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро гардидааст. Яке аз роҳҳои асосии ҷалб намудани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ асосан, муҳоҷирати меҳнатӣ ва инчунин ташвиқот аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд. Чунин раванд омили ба вуҷуд оварандаи нооромӣ ва бесуботии ҷомеа хоҳад шуд, зеро баҳсҳо ва муборизаҳои идеологӣ ва ғоявӣ дар майдони шабакаҳои иттилоотӣ бо тамоми шиддат

Муфассал...
 
Суханронӣ ба муносибати Рӯзи модар

Модарони меҳрубон, бонувони муҳтарам ва хоҳарони азиз! Ҳозирини гиромӣ!

Дар оғози фасли баҳор фаро расидани Рӯзи модар – ин ҷашни барои ҳамаи мо бисёр азизро ба кулли сокинони диёрамон, бахусус модарону бонувон ва духтарони Ватани маҳбубамон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву сарбаландӣ орзу менамоям.

Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад ва тавре ки бузургон гуфтаанд, бо як дасти худ гаҳвора ва бо дасти дигараш сайёраро меҷунбонад.

Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳимму арзишманд мебошад.

Имрӯзҳо бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд.

Муфассал...
 
ЭЪЛОНИ НАТИҶАИ ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНӢ АЗ ТАРАФИ КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар санаи 1 марти соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор гардид.

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён рӯзи 2 март зимни эълони натиҷаҳои пешакии интихоботи парлумонӣ иттилоъ дод, ки аз рӯйи маълумоти пешакӣ дар ҷараёни интихобот аз шумораи умумии интихобкунандагон, ки 4 миллиону 319 ҳазору 395 нафаранд, 3 миллиону 791 ҳазору 727 нафар (87,7%) интихобкунандагон иштирок намуда, ба тарафдории Ҳизби Аграрии Тоҷикистон 450 ҳазору 275 нафар (11,8%), ба тарафдории Ҳизби Демократии Тоҷикистон 64 ҳазору 547 нафар (1,7%), ба тарафдории Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон 288 ҳазору 308 нафар нафар (7,6%), ба тарафдории Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон 87 ҳазору 112 нафар (2,3%), ба ҷонибдории Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон 58 ҳазору 28 нафар (1,5%), ба тарафдории Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон 210 ҳазору 3128 нафар (5,5%), ба тарафдории Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон 18 ҳазору 875 нафар (0,5%) ва ба тарафдории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 2 миллиону 472 ҳазору 267 (65,2%) овоз доданд.

Муфассал...
 
<< Якум < Пешина 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 51 аз 64