Асосӣ:
+++ Ҷавонон бояд осебпазир набошанд! +++ Аҳамияти гулугоҳи Ҳурмуз чун шоҳраги ҳаётӣ барои интиқоли нафт дар ҷаҳон (дар пасманзари афзудани танишҳо миёни ИМА ва Эрон) +++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1776
mod_vvisit_counterДирӯз2420
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта17708
mod_vvisit_counterДар ин моҳ56860
mod_vvisit_counterҲамагӣ1830253
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
25
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МУЛОҚОТ БО ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ИРЛАНДИЯИ ШИМОЛӢ

01.07.2019

Рӯзи 28 июни соли 2019 бо хоҳиши Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ҷаноби Лучиано Калестини мулоқоти роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тадқиқотчиёни байналмилалии Донишгоҳи Куинси шаҳри Белфасти Ирландияи Шимолӣ дар ҳайати директори Маркази тадқиқот ва инноватсияҳои иҷтимоӣ, профессор Пол Конноли, омӯзгори калон, доктори илм Сара Миллер, омӯзгори калон, доктори илм Лаура Данни, омӯзгор доктор Никол Крейг, мудири иҷроияи Раёсати рушди Ирландияи Шимолӣ, доктори илм Сиобхан Фитспатрик, муовини мудири иҷроияи Раёсати рушди Ирландияи Шимолӣ Паулин Волмсли баргузор гардид.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Диловар Қодирзода дар аввал меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфт ва дар бораи фаъолият ва ҳамкориҳои байналмилалии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтасаран маълумот дод.

Муфассал...
 
КОНФРОНСИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "БОЗОРИ МОЛИЯВӢ ВА ҶАРАЁНҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ"

28.06.2019

Рӯзи 28 июни соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи "Бозори молиявӣ ва ҷараёнҳои сармоягузорӣ" баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдор, донишмандони соҳаи иқтисодиёт, коршиносон ва рӯзноманигорони расонаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки бозори молиявӣ ва ҷараёнҳои сармоягузорӣ яке аз масъалаҳои ҳаётан муҳим ва мубрами иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир таваҷҷуҳи худро ба таъмини молиявии рушду пешрафти иқтисодиёт тавассути бозори молиявӣ ва сармоягузорӣ беш аз пеш равона кардааст.

Муфассал...
 
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт

28.06.2019

26.06.2019, ноҳияи Рашт

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини арҷманд!

Ин лаҳзаҳо, ки ҳамаи мо дар остонаи ҷашни мубораки миллиамон — Рӯзи ваҳдати миллӣ қарор дорем, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, хурду бузурги сокинони ноҳияи Рашт ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромиро ба ифтихори ин санаи таърихӣ самимона табрик мегӯям.

Ба кулли шаҳрвандони кишвар хонаи обод, саодати рӯзгор ва дар роҳи таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ки асоси хушбахтии сокинони мамлакат ва ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон ба ҳисоб меравад, барору комёбӣ орзу менамоям.

Муфассал...
 
Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ

26.06.2019

Тоҷикон дар масири таърихи худ ба арзишҳои бузурге чун созандагиву бунёдкорӣ, офарандагӣ, инсонгароӣ ва садоқату иродат эътимоди комил дошта, миёни ин арзишҳо мафҳуми «ваҳдат» ҷойгоҳи махсус дорад. Таҳаммул дар сарнавишти таърихии тоҷикон ин амрро ҳам собит месозад, ки парешониҳои таърихӣ ва талошҳои пайваста баҳри таҳкими ягонагии миллӣ дар ҷараёни гирудорҳои сиёсиву иҷтимоии гардишгоҳи таърихӣ, тоҷиконро бештар ба ин арзиши умумиинсонӣ садоқатманд гардонид. Натиҷаи ин ибтикороти таърихии тоҷикон ба он анҷомид, ки дар зеҳну тафаккур ва андешаи онҳо ваҳдат ҳамчун тамоюли ягонагӣ мардумро ба ҳам овард.

Ваҳдатгароӣ хусусияти хоси ҳар халқ буда, он дар марҳилаҳои муайяни сарнавишт гоҳе ошкор ва гоҳе хира ба назар мерасад. Тоҷикон доиман ваҳдатшиор ва ваҳдатгустар буданд. Ҳатто солҳое, ки пас аз давлати Сомониён ваҳдати сиёсӣ надоштанд, ваҳдати комили маънавию забонӣ, тафаккур ва андешаро аз даст надоданд. Дар ибтидои соҳибистиқлолӣ мутаассифона ваҳдати сиёсие, ки хоси ҷомеаи воҳид ва василаи мумтози ҳамбастагии он маҳсуб мешавад, заиф шуд. Барои аз нав эҷод кардани ваҳдати сиёсиву давлатдории замони нав диду истеъдоди тоза, эҳсоси амиқи самтҳои рушди ҷомеаи башарӣ,

Муфассал...
 
КОНФРОНСИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "ЗАХИРАҲОИ ОБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: НЕРУ ВА ИДОРАИ СТРАТЕГӢ"

26.06.2019

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи низоми доимоамалкунандаи муҳокимаю машваратҳои васеи самаранок доир ба масъалаҳои стратегии рушди кишвар 25 июни соли 2019 конфронси илмию амалиро дар мавзӯи "Захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон: неру ва ва идораи стратегӣ" баргузор намуд. Дар ҳамоиш мутахассисони вазорату сохторҳои идоракунии давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ, марказ ва пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, коршиносон ва намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаҳонафрӯз Даринг кушода, зикр кард, ки ҷомеаи ҷаҳониро дар асри мусоир ғайр аз дигар таҳдиду хатарҳо хатари норасоии об ё дастрасӣ надоштан ба он ба ташвиш овардааст. Олимон ва мутахассисони соҳа пайваста дар пайдо намудани роҳҳои ҳалли камбуди обро мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор додаанд.

Муфассал...
 
ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ ВА ТАЪСИРИ ОН БА РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР

26.06.2019

Ёдовар мешавем, ки 15 июни соли 2019 дар шаҳри Ҳамоиши панҷуми Созмони «Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё» таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои иштирокчӣ ширкат ва суханрони намуда, дар охир аз ҷониби иштирокчиёни он Эъломияи Душанбе бо фарогирии 49 банд қабул карда шуд.

Дар доираи бандҳои Эъломияи мазкур аслан ба масъалаҳои амният ва ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё ва саҳмгузорӣ дар ҷараёни ҷаҳонии мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ бештар тавваҷуҳ зоҳир карда шудааст. Аммо, ин маънои онро надорад, ки дар Эъломияи қабулгардида масъалаҳои иқтисодӣ дарҷ нагардидаанд. Чунки, баъзе аз бандҳои ин Эъломия, аз ҷумла бандҳои 24,29,33 бевосита ба масолили рушди иқтисодиёти кишварҳои аъзо бо дарназардошти тақвияти соҳаҳои гуногун бахшида шудааст,

Муфассал...
 
Иловаи мақолаҳо...
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 6 аз 102