Асосӣ:
+++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз787
mod_vvisit_counterДирӯз1205
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта7142
mod_vvisit_counterДар ин моҳ27491
mod_vvisit_counterҲамагӣ1236255
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июли
21
Шанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «МАСОИЛИ МУҲИМИ МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ»

28.04.2018

Имрӯз, 27 апрели соли 2018, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи гирди корӣ дар мавзӯи «Масоили муҳими мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм» баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш намояндагони Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату муассисаҳои дахлдори давлатӣ, олимону коршиносони варзидаи масоили амниятӣ ширкат варзиданд.

Мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, иштирокчиёни нишастро хайрамақдам гуфт ва зимни суханронӣ мавзӯи масоили муҳими мубориза бо ифротгароиву терроризм ва омилҳои минтақавии зуҳури ин падидаи номатлуб, таҳдидҳои нави ифротгароӣ ва терроризмро ба амнияти миллии Тоҷикистон ва умуман, кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле мубраму муҳим арзёбӣ намуд. Сипас мушовири Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Кенҷазода Хуршед Солеҳ сухани ифтитоҳӣ ироа намуд ва таъкид кард, ки баргузории чунин

Муфассал...
 
МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ "ДУРНАМОИ РАВАНДҲОИ ҲАМГИРОИИ МИНТАҚАВӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ"

25.04.2018

Имрӯз, 25 апрели соли 2018 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи гирд дар мавзӯи "Дурнамои равандҳои ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ" баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони сафоратҳои давлатҳои Осиёи Марказиву Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатии кишварамон, олимону коршиносони масоили байналмилалӣ ва васоити ахбори ватанӣ ширкат варзиданд.

Мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров кушода, баргузории чунин ҳамоишро барои мустаҳкам гардидани ҳамгироии минтақавӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва шарикони стратегии онҳо муҳим арзёбӣ кард ва ба иштирокчиёни он барори кор орзу намуд.

Сипас дар назди ҳозирин директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар дар мавзӯи "Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкориҳои минтақавӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ" суханронӣ кард.

Муфассал...
 
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИВУ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "МАСОИЛИ ВОҚЕӢ ВА ДУРНАМОИ ҲАМКОРИҲО ДОИР БА ҲИМОЯИ ҲУҚУҚҲОИ САЛОМАТИИ ОИЛА ВА БЕМОРОН"

25.04.2018

Рӯзи 24 марти соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи Корхонаи воҳиди давлатии "Душанбе-Плаза" Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи "Масоили воқеӣ ва дурнамои ҳамкориҳо доир ба ба ҳимояи ҳуқуқҳои саломатии оила ва беморон" бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмони ҷамъиятии "Лигаи занонони ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дастгирии молиявии Институти "Ҷамъияти кушода"-и Бунёди Мадад дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ раиси Кумитаи кор бо бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода кушода, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва баргузории чунин чорабинии сатҳи байналмилалиро дар ҳаёти иҷтимоии кишварамон падидаи муҳиму мубрам арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ҳамоиши имрӯза барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар соҳаи хизматрасонии тиббӣ, риояи ҳуқуқи инсон дар соҳаи тандурустӣ ва бартараф намудани мушкилоти

Муфассал...
 
Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф 16.04.2018 17:38, шаҳри Душанбе

18.04.2018

Дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ҳамчунин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф мулоқот доир карданд.

Ҷонибҳо оид ба паҳлуҳои гуногуни ҳамкориҳои дуҷониба суҳбати судманд анҷом доданд.

Зимни суҳбат ба татбиқи тавофуқоти қаблан бадастомада, тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла тиҷорат, энергетика, нақлиёт, саноат, кишоварзӣ ва бахшҳои мухталифи робитаҳои фарҳангиву башарӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятӣ ҳамаҷониба баррасӣ гардиданд.

Дар ин робита Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид карданд, ки сиёсати байналмилалии Тоҷикистон дар ин ҷода орӣ аз “меъёрҳои духӯра” буда, дар ҳамаи сатҳҳо ба таври

Муфассал...
 
ХОТИРАЕ АЗ ОЛИМИ ЗИНДАЁД

17.04.2018

Имрӯз, 18 апрел дӯстону наздикон ва пайвандони олими зиндаёд профессор Суҳроб Шарифов 55-солагии ӯро қайд мекунанд. Марги нобаҳангом ин олими забардаст ва инсони комилро 19 январи соли 2015 дар айни авҷи камолоти илмиву эҷодӣ аз байни мо рабуд, вале номи профессор Суҳроб Ибронович дар ёдҳои мо солҳои сол боқӣ мемонад.

Суҳроб Шарифовро чӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ҳамчун роҳбари асил, сиёсатшиносӣ маъруф - Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон хуб мешинохтанд ва ҳурмату эҳтиром менамуданд.

Он дар умри кӯтоҳи хеш Суҳроб Шарифов роҳи тӯлониеро касб намуда, касбияти баланди худро нишон дод. Солҳои 2003 - 2005 ёрдамчи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда ва яке аз сарварони масъули Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва аз соли 2005 то соли 2011 директори Маркази

Муфассал...
 
ШЕВАҲОИ НАВИ ТЕРРОРИЗМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

17.04.2018

«Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид карда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад».

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22.12.2017

Терроризм ва ифротгаройӣ бо ҷамъияти инсонӣ таърихи баробар дорад, яъне инсон ҳеҷ гоҳ аз ин амалҳои зишт дар канор набудааст. Террору одамкушӣ дар тӯли таърих бо шеваҳои гуногун аз худ дарак додаанд. Роҳбарони пасипардагии террористон ҷавононро мағзшӯйӣ карда, онҳоро ба сӯйи марг мефиристанд ва номи худро ҳамчун тимсоли бадӣ, вайронкорӣ дар саҳифаҳои таърих сабт менамоянд. Мақсади террористон эҷоди бесуботӣ, барангехтани низоъҳои миллию мазҳабӣ ва нажодӣ мебошад. Онҳо мехоҳанд бар издиҳом ва гурӯҳи одамон нуфуз пайдо кунанд, мувофиқ ба хост ба мағзи онҳо шакл бахшанд. Чун террористон рӯҳу мағзи одамонро ба ихтиёр медароранд, қудрати зиёдеро соҳиб мегарданд. Онҳо мехоҳанд дар давлатҳои алоҳида ҳукмрон шуда, ба кору амале даст зананд, ки танҳо хости худашон аст. Ба он ки ҷаҳониён дар бораашон чӣ назаре хоҳанд дошт, аҳамият намедиҳанд.

Муфассал...
 
Иловаи мақолаҳо...
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 5 аз 67