Асосӣ:
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз360
mod_vvisit_counterДирӯз1026
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта360
mod_vvisit_counterДар ин моҳ25323
mod_vvisit_counterҲамагӣ1317990
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Сентябри
24
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

15.09.2018, шаҳри Хоруғ

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Чанд рӯз пеш мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни муқаддаси бисту ҳафтумин солгарди истиқлолияти давлатии Ватани маҳбубамонро бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил намуданд.

Ба ин муносибат бори дигар ҳамаи шумо, роҳбарону фаъолон ва намояндагони мардуми сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар як сокини вилоят сулҳу субот ва иқболи нек орзу менамоям.

Маҳз истиқлолияти давлатӣ ба мо имкон дод, ки дар як давраи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ ва хусусан, дар зарфи солҳои охир дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту ободии мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил гардем.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки имрӯзҳо симои идона дорад, корҳои

Муфассал...
 
Табрикот аз номи кормандон

14.09.2019

Рӯзи 14 сентябри соли 2018 ҳамкори ҷавони мо, сармутахассиси Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматулло Хоҷаев дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи номзадии худро дар мавзӯи "Фарҳанги сиёсии ҷавонон чун омили боздорандаи тундгароии динӣ" зери роҳбарии доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдаров дифоъ кард. Аз номи тамоми ҳайати кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро ба ин комёбии шоён аз таҳти дил табрику муборакбод менамоем.

Муфассал...
 
КОНФРОНСИ ИЛМИЮ АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «ДАСТОВАРДҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ТАҲДИДУ ХАТАРҲО БА ОН»

07.09.2018

Рӯзи 6 сентябри соли 2018 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президента Ҳумҳурии Тоҳикистон Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва таҳдиду хатарҳо ба он» баргузор гардид. Ҳамоиш бо мақсади баррасии васеи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ доир шуда, дар он бо ширкати мутахассисони варзида ва коршиносони соҳа таҳдиду хатарҳое, ки ба рушди давлатдории миллӣ монеа эҷод мекунанд, таҷлил ва натиҷагирӣ карда шуд. Дар кори Конфронс намояндагони масъули вазорату идораҳои давлатӣ, олимону коршиносон, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Дар Конфронси илмиву амалӣ масъалаҳои муҳиму актуалӣ, ба монанди татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар; пешрафти илм, натиҷа ва татбиқи он дар истеҳсолот; пешгирии ифротгароӣ ва терроризм; риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд; рушди тафаккури давлатдорӣ миёни ҷавонон; вазъияти динию мазҳабӣ дар кишвар; дастовардҳои пешрафти иқтисодӣ; рушди бозори меҳнат, мусоидат ба шуғли аҳолӣ; нақши занон дар рушди сиёсати давлатӣ, хатару таҳдидҳо ба Истиқлолият, мушкилоти

Муфассал...
 
МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК!

05.09.2018

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкори мо, муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидхоҷа Акбаровро ба муносибати ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо "Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз гардониданд. Ифтихорнома рӯзи 4 сентябри соли 2018 аз ҷониби мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода ба таври тантанавӣ дар ҷамъомади ба ин муносибат баргузоргардида ба ӯ супорида шуд.

Аз номи аҳли кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидхоҷа Акбаровро ба ин ҷоизаи давлатӣ табрику муборакбод гуфта, барояш сарсабзиву пирӯзӣ ва дар ҷодаи фаъолияти илмию эҷодӣ барори кор ва комёбиҳо орзумандем.

Муфассал...
 
Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

31.08.2018

30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 27 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла кормандони соҳаи илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва коргарону бинокорон, соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ ва сарбозону афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низомӣ, барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, таҳкими сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни халқҳо, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои давлатӣ, ҷоизаҳо ва рутбаҳо самимона табрик гуфтанд.

Муфассал...
 
МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ НИЗОМИ ОБЁРИИ ЗАМИНҲО ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН»

31.08.2018

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи низоми доимоамалкунандаи муҳокимаю машваратҳои васеъи самаранок доир ба масъалаҳои стратегии рушди кишвар 30 августи соли 2018 мизи гирдро дар мавзӯи «Масъалаҳои рушди низоми обёрии заминҳо дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистон» баргузор намуд. Дар ҳамоиш мутахассисони вазорату сохторҳои идоракунии давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ, марказ ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, коршиносон ва намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров кушода, зикр кард, ки рушди низоми обёрии заминҳо яке аз масъалаҳои муҳим ва мубрами кишварамон ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Албатта, дар самти рушди низоми обёрӣ мушкилоту монеаҳо зиёданд. Бинобар ин, баргузории чунин

Муфассал...
 
Иловаи мақолаҳо...
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 1 аз 69