Асосӣ:
+++ Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия +++ Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия +++ Таъиноти кадрӣ +++ ТАНОСУБИ ҚУВВАҲО ДАР АФҒОНИСТОН: СУЛҲХОҲОН ВА ҶАНГҶӮЁН +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанги деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи маҷмааи варзиши Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими «Корвони наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили ҷашни Наврӯз +++ Манфиати абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ: «ҳамкорӣ ё рақобат» +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз355
mod_vvisit_counterДирӯз378
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта355
mod_vvisit_counterДар ин моҳ14728
mod_vvisit_counterҲамагӣ1597429
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Апрели
22
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МАҲФИЛИ НАВБАТИИ ЖУРНАЛИСТИКАИ ИҚТИСОДИИ "ТАВОЗУН"

22.04.2019

Рӯзи 22 апрели соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти навбатии маҳфили журналистикаи иқтисодии "Тавозун" дар мавзӯи "Дастрасии аҳолӣ ба иттилоот оид ба буҷети давлатӣ" баргузор гардид. Дар ҳамоиш натиҷаҳои тадқиқоти номзади илми фалсафа Татяна Бозрикова оид ба масъалаҳо ва монеаҳо дар дастрасии аҳолӣ ба маълумот доир ба буҷети давлатӣ муаррифӣ гардид.

Муаллиф қайд кард, ки буҷети давлатӣ ҳамчун нақшаи асосии молиявии мамлакат усули азнавтақсимкунии даромадҳои пулии аҳолӣ, корхонаҳо ва дигар шахсони ҳуқуқӣ ба манфиати маблағгузории хароҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ мебошад. Аз ин рӯ, мардум ҳамеша ба маълумоти боэътимоду шаффоф доир ба буҷет таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад. Бинобар ин, сарчашмаҳои асосии маълумотро вобаста ба масоили буҷавӣ аниқ намуда, омилҳои калидӣ ва мушкилиҳое, ки ба баланд шудани иттилооткунонии аҳолӣ ва фаъолона ҷалб шуданаш ба ҷараёнҳои буҷетӣ монеа мешаванд, муайян карда шуданд.

Муфассал...
 
БАЪЗЕ ОМИЛҲОИ ТАЪСИРРАСОНАНДА БА РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ДАР БАХШИ АГРАРӢ (НАТИҶАИ КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТӢ)

22.04.2019

Ҳадафи стратегии дигар, ки ба таъсиси ҷойҳои корӣ

ва афзун гардонидани иқтидори содиротии кишвар

таъсири бевосита мерасонад, ҳифзи амнияти озуқаворӣ

тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад.

(Аз Паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олӣ. 26.12.2018)

Дар доираи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ҳамчун афзалият муайян гардидааст. Ноил гаштан ба ин ҳадафи олӣ, аз бисёр ҷиҳат ба рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дар кулли соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ низ вобастагии зиёд дорад. Зеро айни замон, саҳми бахши хусусӣ дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ, тақрибан 95 дарсадро ташкил медиҳад.

Муфассал...
 
КОНФРОНСИ ИЛМИВУ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "ИЛМУ МАОРИФ–БУНЁДИ МАЪРИФАТИ ЗЕҲНӢ"

18.04.2019

Рӯзи 18 апрели соли 2018  дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмиву амалӣ дар мавзӯи "Илму маориф–бунёди маърифати зеҳнӣ" баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар, вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи  ватанӣ  ширкат варзиданд.

Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Диловар Қодирзода кушода, иштирокчиёни  нишасти илмию амалиро  хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки  имрӯз суҳбати мо сари масъалаи хеле муҳим ва барои  ҷомеа зарурӣ, яъне  муҳокима ва таҳлили масъалаи илм ва маориф чун пояи асосии маърифати зеҳнии ҷомеа   сурат мегирад.

Муфассал...
 
Мулоқот бо Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия Жан-Батист Лемуан

19.04.2019

18.04.2019 18:15 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия Жан-Батист Лемуанро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Франсия ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи шарикӣ бо Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо аз имкони навбатии дидору мулоқот изҳори хушнудӣ карда, доир ба нақшаву ниятҳои тақвиятбахши муносибатҳои шарикии дуҷонибаву бисёрҷониба табодули афкор намуданд.

Таҳкими муколамаи доимии сиёсии байниидоравӣ, равобити пайваста дар масъалаи таъмини амнияту суботи минтақавӣ, ҳифзи сарҳад, ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илму маориф ва фарҳангӣ аз мавзуҳои асосии мулоқот буд.

Муфассал...
 
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия

17.04.2019

17.04.2019 18:07, Россия

Баъди анҷоми мулоқоту гуфтушунидҳо маросими имзои санадҳо баргузор шуд.

Зери Изҳоротии муштараки Сарони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин имзо гузоштанд.

Дар ҳузури сарони давлатҳо 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, аз ҷумла:

- Созишномаи ҳамкории КВД “Ширкати Аллюминии тоҷик” ва Бонки ВТБ;

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Россия;

Муфассал...
 
Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия

16.04.2019

16.04.2019 23:00, Россия

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Мо тасмим гирифтем, ки қабл аз оғози барномаи сафари расмии худ ба Федератсияи Россия бо шумо - роҳбарону намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон, соҳибкорон ва зиёиёну донишҷӯёне, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ ва таҳсил мекунед, мулоқот доир намоем.

Аввалан, мехостам ба шумо, ки интизори иттилооти дақиқ аз Ватан мебошед, оид ба рӯйдодҳои муҳимми солҳои охир, хусусан, дастовардҳои тақдирсози як соли гузашта дар Тоҷикистони азизамон маълумот диҳам.

Соли 2018 барои мардуми Тоҷикистон, дар ҳақиқат, соли пешрафтҳои ниҳоят хотирмони таърихӣ буд.

Муфассал...
 
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 1 аз 84